Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кристиан Диор" дар бозори Қурғонтеппа. Занҳо пардоз кунанд ё не?


Мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон аз бонувони маҳаллӣ хостааст, ки дар истифодаи маводи ороишӣ, яъне косметикӣ ва атру упо аз эҳтиёт кор бигиранд.

Хадамоти назорати фарматсевтии вилояти Хатлон зимни як амалиёт аз бозору дӯконҳои фурӯши маводи косметикӣ ва парфюмерӣ 23 номгӯи маҳсулоти пардозгарии занонаро, ки бесифат буданд ва бидуни тасдиқи безарарӣ дар ташхисгоҳҳо, ба фурӯш гузошта шудаанд, аз муомилот берун кашидааст.

Саидраҳмон Назриев, сухангӯи Раёсати хадамоти назорати фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Хатлон, зимни тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, зимни санҷишҳои нақшавӣ 4 нафар соҳибкор барои фурӯши маводҳои косметикӣ, ороишии дур аз стандарт ба ҷавобгарӣ кашида шуда, қариб 1300 сомонӣ ҷарима шудаанд. Ӯ гуфт, мақомот аз бонувони тоҷик, ки аз маводҳои
Саидраҳмон Назриев
Саидраҳмон Назриев
роишии бозорҳо истифода мекунанд, эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми харидорӣ ба сифат ва муҳлати истифодаи ин маҳсулот аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.

Аммо Маҳмуд, як тоҷири ҷавони дӯкони маҳсулоти ороишӣ аз Қӯрғонтеппа, гуфт, азбаски худи бонувон бештар талабгори маводи арзон ҳастанд, дӯкондорон ҳам мутаваҷҷеҳи сифати моли худ набуда, маводи бозоргирро манзури харидор кунанд.

Аммо кометолог Шаҳноза Сафоева мегӯяд, истифода аз маводи косметикии пастсифат боиси пайдоиши бемориҳои пӯст, резиши мӯйи сар ва иллатҳои дигар мегардад: «Бояд бонувон хеле боэҳтиёт буда, аз истифодаи косметикаи арзон худдорӣ кунанд. Ӯ гуфт, дар натиҷаи истифодаи пудраю рангҳои бесифату ноозмуда хатари хушку дағал шудан ва ҳатто кафидани рӯй, ё аллергия бештар аст.

Ба гуфтаи Шаҳноза Сафоева, беҳтар аст агар бонувон аз мушкоб ё шири косметикӣ ва малҳамҳои ғизодиҳандаи босифат истифода кунанд ва ҳамчунин собунҳои малҳамдошта ё собунҳои кӯдаконаро ба кор бибаранд: "Агар бонувон барои харидории косметика маблағи кофӣ надошта бошанд? беҳтар аст ба ҷойи скраб ҷурғоти одӣ, маскаи тозаи хонагӣ, ӯсма, сурма, бодиринг ва дигар сабзавоти безарарро барои поксозию таровати рӯяшон истифода кунанд.»

"Бе косметика ҳам мешавад зебо буд."
"Бе косметика ҳам мешавад зебо буд."
Бонувоне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд, рӯзгори худро бидуни истифодаи маводи пардозгарӣ тасаввур намекунанд, аммо азбаски маошу даромадашон зиёд нест, гоҳе ночор косметикаи арзону дастрасро харид мекунанд. Аксари ин мавод аз Чин, кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Афғонистону Покистон ба бозорҳои Тоҷикистон мерезанд.

Аз рӯи тартиби ҷорӣ? дар Тоҷикистон маводи косметики, мисли маҳсулоти дигар қабл аз ворид шудан ба бозор бояд мавриди санҷиш қарор бигиранд. Ширкатҳои бузурги воридоти мол санади сифатро аз мақомот дастрас мекунанд, аммо бозаргонҳои хурд бо додани пул ба мақомоти бозорҳо аз доштани санад раҳо мешаванд.

Бонувони хонаводаҳои камбизоат чандон нигарони сифати маводи косметикӣ нестанд, онҳо бовар доранд, ки маводи харидаи онҳо моли асили "Кристиан Диор" ва "Келвин Клеин" аст.

Ситора Ватанова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Хеле вақт шуд, ки ман аз ҳар намуди косметика истифода мебарам, аз дӯконҳои бозор мехарам, чунки арзон аст. Аммо шукр, ки то ҳоло ягон зарарашро ба рӯям ҳис накардаам. Рӯям тоза аст…»

Маводи пастсифати ороишӣ дар коми оташ.
Маводи пастсифати ороишӣ дар коми оташ.
Шоҳсанам Рафиқова: «Ҳоло баҳор аст, ман аз пудраҳои ҳимояткунанда аз офтоб истифода мекунам, зеро офтоби баҳорӣ пӯсти рӯйро сиёҳ карданаш мумкин. Дар бозор ҳамагӣ 5 сомонӣ арзиш дорад. Ҳама зан метавонад аз он истифода кунад, қимат нест.»

Мавлуда Ҳафизова: «Ман аз аввал пудра косметика намекардам. Аллергия дорам аз ҳамин чизҳо. Бо ҳусни додаи Худо қаноат мекунам. Танҳо пеши шавҳарам зару зеварамро мебандам ва аз усулҳои момоии тароват бахшидани рӯю дастон истифода мекунам/»

Бо ин вуҷуд, мақомоти беҳдоштии Хатлон мегӯянд, беҳтар аст, ки маводи косметикӣ ё атру упоро аз фурӯшгоҳҳои махсусу санҷида харидорӣ кунанд ва қурбони фиреби тоҷирони ба қавле арзонфурӯш нашаванд.

Танҳо дар пайи амалиёти санҷишии хадамоти фаълияти фарматсевтии Хатлон, дар кору фурӯши 41 нафар тоҷири маводи косметикию парфюмерӣ нуқс ошкор шуда, барои ислоҳи зудҳангоми он огоҳиномаҳо дода шудааст. Дар поёни соли соли гузашта хадамоти назорати фаъолияти фарматсевии Хатлон ҳудуди 1,5 тонна маводи ороишию косметики бесифату куҳнашударо ба коми оташ зада буд.
XS
SM
MD
LG