Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

95 сомонӣ -- барои ҳар бех дарахти зардолу


Кишоварзони шаҳри Конибдом аз он ки масъулони хоҷагии ба номи Онаҷон Бойматова ҳар бех дарахти зардолуро ба қимати 95 сомонӣ ба онҳо фурӯхтаниянд, эътироз доранд.

Кишоварзони хоҷагии ба номи Онаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом аз талаби 95 сомонии мақомот дар ивази ҳар бех дарахти зардолу шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, чанд сол пеш ба сари ҳар дарахат даҳ сомонӣ дода буданд ва аз он дар тааҷҷубанд, ки чаро якбора нархи он имсол ба 95 сомонӣ дакка хӯрдааст?

Сулаймон, як сокини Конибодом, дар ин бора ба Радиои Озодӣ нома фиристода, гуфтааст, пардохти ин миқдор пул барои кишоварзон, ки имсол бар асари сармо ҳатто ҳосилашонро аз даст додаанд, гарон меуфтад.

Абдуҳамид, сокини дигари Конибодом, 10 сол боз аз саҳмдорони хоҷагии ба номи Онаҷон Бойматова аст. Ӯ 22 июн дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, панҷ сол пеш бо хоҷагӣ барои баҳрабардорӣ аз ним гектар боғи зардолу шартномаи 10-сола баста буд. “Хоҷагӣ ҳар бехи зардолуро ҳудуди 10 сомонӣ нарх гузошта, барои 10 сол аз ман беш аз 5 ҳазор сомонӣ гирифта буд. Акнун хоҷагӣ мехоҳад, он заминро барои истифодаи якумрӣ ба ман бидиҳад ва нархи ҳар бех зардолуро 95 сомонӣ муқаррар кардаааст,” -- шарҳ дод мусоҳиби мо.

Ин хоҷагии тухмипарвари замоне овозадор ба номи раҳбари собиқаш Онаҷон Бойматова, пахтакори машҳур ва дорандаи унвони “Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ” дар ҳоли ҳозир беш аз 2 ҳазор гектар замин барои пахтакорӣ, боғдорӣ ва тухмипарварӣ дар ихтиёр дорад. Теъдоди деҳқонони саҳмдори он 1 ҳазору 300 нафар будаанд. Ҳоло зимни таҷдид хоҷагӣ танҳо ҳудуди 400 гектар заминро барои тухмипарварӣ ва кишт нигоҳ дошта, боқимондаашро ба деҳқонон хоҳад дод.

Аз Ҳусейнбой Латифов, раиси ин хоҷагӣ пурсидем, чаро заминро барои истифодаи якумрии деҳқонон ройгон намедиҳанд, балки мефурӯшанд? Ӯ гуфт, ба ин кор аз ночорӣ даст задаанд. “Мувофиқи тартиби таҷдид, қарзи хоҷагиро ба ҳар сари гектар тақсим кардем. Яъне, ин пулҳое, ки ба буҷаи давлат меравад, пули об, барқ, андоз аст. Мо дар заминҳои зардолу ин маблағро ба ҳар бехи дарахт тақсим карем. Барои дарахти калони ҳосилдеҳи зардолу - 95 сомонӣ, барои дархтони хурдтари ҳосилдиҳанда - 60 сомонӣ. Аммо албатта, мо маблағи боқимондаи иҷораи 10-солаи онҳо, саҳмия ва агар моҳонаашонро нагирифта бошанд, онро ҳам аз маблағи замини зардолу мебарорем,” -- гуфт ӯ.

Мусоҳиби мо афзуд, ҳоло ҳоҷагияш нав аз зери бори гарони қарзҳои бонкӣ халос шуда, вале аз идораҳои обу барқ ва худи саҳмдорон қарздор аст. Пардохти онҳо акнун бар дӯши худи деҳқонони соҳиби нави замин гузошта мешавад. Он қарз дар ҳамон 95 сомонӣ нархи як бех дарахти зардолу дохил карда шудааст.

Чунин шеваи тақсими замин байни деҳқонони хоҷагии ба номи Онаҷон Бойматова дар Конибодом байни деҳқонону мутахассисони огоҳ баҳсҳоеро ба миён овардааст. Агар кишоварзон аз чунин ранг гирифтани кор норозиянд, аммо баъзе аз мутахассисон ба дӯши деҳқонони саҳмдор гузоштани қарзҳои хоҷагиро як амри табиӣ медонанд. Шамсидин Муслиҳидинов, сармуҳосиби раёсати кишоварзии вилояти Суғд, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ин кори хоҷагии мазкурро мухолиф ба қонуни таҷдиди сохторҳои кишоварзӣ намедонад: “Вақти тақсими замин байни хоҷагиву саҳмдор ҳисоббаробаркунӣ мешавад. Агар саҳми амвол надошта бошад, маблағи заминро пардохт мекунад.”

Бобоҷон Домуллоев, муовини раиси идораи кишоварзии Суғд ҳам гуфт, вақти додани замин ба деҳқонон тибқи муқаррарот, пардохти пули қарзҳои андоз, об ва барқи замин бар дӯши соҳиби нави якумрии замин вогузор мегардад. Вале Дилбархон Бойматова, раҳбари собиқи хоҷагии мазкур мегӯяд, беҳтар мебуд ин хоҷагии тумхипарварӣ нигаҳ дошта мешуд, чун хоҷагиҳои тухмипарварӣ ангуштшуморанд ва дар оянда аз нав сохтани онҳо гарон меуфтад. Ӯ афзуд, давлат метавонист бо таъини имтиёзоте ба ин хоҷагӣ ин корро анҷом диҳад.

Таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тақсими замини хоҷагиҳои калон байни деҳқонон дар вилояти Суғд бо амри раиси вилоят - Абдураҳмон Қодирӣ аз соли 2014 ҷараён дорад. Ин кор ба хотири дилгарм намудани деҳқонон ба замин ва фароҳам кардани ҷои кори фарохтару имкони ба даст овардани рӯзӣ ба кишоварзу аҳли оилааш рӯи даст гирифта шудааст. Дар чорчӯби он 22 ҳазор хоҷагӣ ба ҳудуди 55 ҳазор хоҷагиҳои нави фардиву оилавӣ ҷудо шуданд.

XS
SM
MD
LG