Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикасти мунтахаби Тоҷикистон аз Австралия


саҳнае аз бозии шоми 8 сентябр дар Душанбе

саҳнае аз бозии шоми 8 сентябр дар Душанбе

Бозии имрӯзаро 19 ҳазор тамошобин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тамошо карданд.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз тими миллии Австралия бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” аз тими миллии Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби сешанбеи 8 сентябр бо ҳузури 19 ҳазор тамошобин дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд.

Нимаи аввали дидор бидуни гол хотима ёфт. Дар қисми дувуми бозӣ, дар дақиқаи 57-ум, Марк Миллиган ҳисобро боз кард. Ду голи дигари меҳмононро капитани австралиягиҳо Тим Кахил дар дақиқаҳои 74-ум ва 90+1 ба ҳадаф расонд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили мунтахаби Австралия чунин буд: Алишер Додов, Фарҳод Восиев, Эраҷ Раҷабов, Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (капитан, Парвизҷон Умарбоев, 63), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров (Аҳтам Ҳамроқулов, 75), Манучеҳр Ҷалилов.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Доварони ин бозӣ бо роҳбарии сардовар Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейн аз Баҳрайн, нозири доварон Масъуд Муродӣ аз Эрон ва комиссари бозӣ Ту Силианг из Чин буданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” 8 сентябр мунтахаби Бангладеш дар майдони худ аз тими Урдун бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд.

Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқот мунтахаби Австралия бо 9 имтиёз пешсаф аст. Дастаи Урдун бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум ва мунтахаби Қирғизистон бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки якимтиёзӣ гирифтаанд, мутаносибан дар зинаҳои чоруму панҷум ҷойгир шудаанд.

Ҷоми ҷаҳон-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи 2-юм

Гурӯҳи «B». Даври 4-ум

Бангладеш - Урдун – 0:4

Тоҷикистон - Австралия – 0:3

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И

1 Австралия 3 3 0 0 10-1 9

2 Урдун 3 2 1 0 7-1 7

3 Қирғизистон 3 1 1 1 4-3 4

4 Тоҷикистон 3 0 1 2 2-7 1

5 Бангладеш 4 0 1 3 2-13 1

Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи "В”:

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Австралия

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Бангладеш

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG