Пайвандҳои дастрасӣ

Садҳо тифли шунавоиаш заъиф ба маркази махсус ниёз дорад


Мутахассисони соҳаи шунавоишиносии Суғд мегӯянд, кӯдакони шунавоиашон суст ба як маркази хоси ташхису табобат ва танзими нутқ ниёз доранд.

Абдуназир Очилзода, табиби бахши сурдологӣ (шунавоишиносӣ)-и дармонгоҳи вилоятии атфол ба Озодӣ гуфт, чунин дармонгоҳ ба хотири танзими нутқи чунин атфол ва ироаи ёриҳои равонӣ ба онҳо зарур аст. “Ин марказ бояд бо ҳуҷраҳои бо дастгоҳу асбобобҳои аёнӣ муҷаҳҳази танзими нутқ, табибони шунавоишинос ва равоншинос мусаллаҳ бошад”, – афзуд вай.


Ба гуфтаи А. Очилзода, дар ихтиёри ӯ феҳрасти беш аз 500 кӯдаки имконияташ маҳдуд аст, ки аз заъфи шунавоӣ азият мешаванд. Аммо бархе табибони шунавоишинос бо ишора ба он ки бар пояи маълумоти расмӣ, дар вилояти Суғд беш аз 50 ҳазор нафар афроди имконияташон маҳдуд зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, теъдоди нафарони заъфи шунавоӣ дошта аз омори расмӣ ба маротиб зиёд аст.


Назира Мӯъминова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Волидони атфоли имконияташон маҳдуд” дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, падару модарони чунин атфол маҷбуранд барои ташхиси дақиқи дараҷаи шунавоӣ, интихоби асбоби муфовиқ ва хариди он ба Ӯзбакистону Қазоқистон ва Русия сафар кунанд.

Вай афзуд: “Онҳо маҷбуранд, ки барои танзими асбоби шунавоӣ ҳам ҳар 6 моҳ бо сарфи маблағҳову ташвишҳои зиёд ба кишвари хориҷӣ раванд. Чунки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон як дармонгоҳ ё марказе, ки асбобҳои шунавоии ҳозирзамони рақамиро тавассути барномаҳои махсуси комтпутерӣ танзим кунанд, нест”. Айни замон, фарзандони хонаводаҳои маҳрум аз имкониятҳои молӣ ночор аз таваҷҷӯҳу ғамхорӣ дар канор мемонанд.
XS
SM
MD
LG