Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи тозатарин гузоришҳо, даргириҳо дар наздикиҳои бинои парлумони Афғонистон идома дорад. То кунун аз талафоти ин ҳодиса гузорише ба даст нарасидааст.

Бино ба гузоришҳо, дар наздикии дарвозаи вурудии парлумони Афғонистон тирандозӣ ҷараён дорад. Аксҳои нашршуда аз ҷаласаи умумии парлумони Афғонистон нишон медиҳад, ки эҳтимолан таркиш дар наздикии ин бино рух додааст.

То ба ҳол дар мавриди талафоти ин ҳодиса гузориш нашудааст. Бархе аз хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, ки дар дохили парлумон хоку гарди зиёд дида мешавад ва вакилон бинои парлумонро тарк кардаанд. Қарор буд имрӯз муовини раиси ҷумҳур Маъсум Станакзай, номзади вазорати дифоъро ба парлумон муаррифӣ кунад. Мақомоти вазорати умури дохилии Афғонистон ба хабаргузориҳо гуфтаанд, ки пулис ба маҳали ҳодиса расидааст.

Ҳамла ба парлумони Афғонистон дар ҳоле сурат мегирад, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури он кишвар, бо судури як қарор фаъолияти порлумон ва ё Вулуси ҷиргаро то замони баргузории интихоботи нав тамдид кард. Қарори мазкур рӯзи 19-уми июн содир шуд ва дар он омадааст, ки Вулуси Ҷирга ба ҳайси ниҳоди қонунгузор, то замони эълони натиҷаҳои интихобот ба кораш идома медиҳад.

Мушкилоти фаннӣ, амниятӣ, молӣ ва ниёз ба ислоҳоти низоми интихоботии Афғонистон сабаби таъхир дар интихоботи порлумон номида шудаанд. Даври панҷсолаи фаъолияти порлумони Афғонистон рӯзи 22-уми июн ба поён мерасад ва интихоботи оянда бояд то 30 рӯзи дигар эълон шавад. Дар интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар соли гузашта, ки сурат гирифт, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва рақиби ӯ Абдулло Абдулло худро пирӯз эълон карданд, ҳарчанд ҳарду тараф мегуфтанд, ки дар интихобот тақаллуби зиёд сурат гирифтааст.

Баъди ин бо миёнҷигарии Амрико ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ташкил шуд ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро раиси ҷумҳур ва доктор Абдуллоро раиси иҷроияи ҳукумат эълон карданд. Бар асоси ин созиши ду тараф, ислоҳоти низоми интихоботи як шарти асосӣ буд, вале бинобар ихтилофот дар дохили ҳукумат, ислоҳот дар Кумиссиёни интихоботӣ пешрафти зиёде накардааст.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

XS
SM
MD
LG