Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро "Тулӯъ" ҳадафи Толибон қарор гирифт?


Ҳамла ба кормандони телевизиони "Тулӯъ".

Ҳамла ба кормандони телевизиони "Тулӯъ".

Телевизиони хусусии "Тулӯъ" дар Афғонистон марги 7 корманди ҷавонашро дар ҳамлаи маргталабонаи шоми 20-уми январ дар Кобул таъйид кард.

Ба гуфтаи масъулони вазорати корҳои дохили Афғонистон, дар ҳамла ба автобуси ҳомили кормандони телевизиони хусусии "Тулӯъ" дар рӯзи чаҳоршанбе, 7 корманди ин бунгоҳи хабарӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин ҳамла 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд, ки 20 нафари онҳо низ кормандони телевизиони Тулӯъ мебошанд. Ин ҳодиса дар рӯ ба рӯи бинои сафоратхонаи Русия дар Кобул рух дод ва Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтаанд.

Телевизиони “Тулӯъ” на танҳо дар Афғонистон, балки дар миёни мардуми Тоҷикистон низ бо барномаҳои фарҳангиву саргармкунандаи худ бинандагони зиёд дорад ва ба вижа баъд аз комёбии Довуди Пағмон -- овозхон аз Бадахшони Афғонистон дар як озмуни телевизионӣ бо таронаи “Бӯи ҷӯи мӯлиён ояд ҳаме”, шӯҳрати бештар пайдо кард.

Дар мусоҳибае Қодир Ҳабиб, сардабири барномаҳои Радиои Афғонистони Озод/ Радиои Озодӣ ибтидо ба ин пурсиш, ки ҷомеаи Афғонистон ба ин ҳодиса чӣ вокуниш нишон додааст, гуфт:

Қодир Ҳабиб

Қодир Ҳабиб

Қодир Ҳабиб: Вокунишҳо ҳамеша ба чунин аъмол манфӣ аст. Аммо ин бор кормандони яке аз маҳбубтарин ва маъруфтарин телевизионҳои маҳаллӣ ҳадаф қарор гирифтанд. Ба ҳамин далел, вокунишҳо хеле шадидтар буд. На танҳо мардуми оддӣ, балки расонаҳо, ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорону озодии баён, ҳукумати Афғонистон, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон ва ниҳодҳои байналмиллалӣ дар ин маврид аксуламал нишон доданд. Ҳамаи онҳо ин ҳамларо ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ хонданд.

Озодӣ: Оё дар расидагиҳои муқаддамотӣ гуфта мешавад, ки чаро ин дафъа Толибон рӯзноманигоронро ҳадафи ҳамлаи худ қарор додаанд?

Қодир Ҳабиб: Расидагиҳои вазорати умури дохилии Афғонистон идома дорад. Имрӯз субҳ ҳам ин вазорат дар як конфронси хабарӣ гуфт, ки аз дишаб ба ин сӯ онҳо як таҳқиқоти ҷиддиро оғоз кардаанд, то дақиқ шавад, ки ин ҳамлакунандаи маргталаб чӣ гуна ва аз куҷо омада, ин ҳамларо анҷом додааст. Бо вуҷуди ин, худи Толибон бо пахши эъломияе иддаои масъулияти ин ҳамларо кардаанд ва гуфтаанд, ки телевизиони “Тулӯъ” гузоришҳои ғайри воқеъбинонаро нашр мекунад. Онҳо дар ин эъломия аз пӯшиши ҳодисаҳои Қундуз тавассути ин телевизион ёдовар шудаанд ва гуфтаанд, ки гузоришҳои “Тулӯъ” дар бораи ин, ки гӯё Толибон баъд аз гирифтани Қундуз ба занон таҷовуз кардаанд, воқеият надорад. Онҳо гуфтаанд, ки телевизион бо чанд нафар аз афроде, ки дар маҳал ҳузур надоштанд, мусоҳиба анҷом додааст ва гузоришҳои нодурустро нашр кардааст.

Озодӣ: Оё дар гузаштаҳо ҳам ҳамин гуна ҳамлаҳо аз ҷониби нерӯҳои тундрав сурат гирифта буд?

Қодир Ҳабиб: Дар гузашта хабарнигорон дар ҳаводиси мухталиф ва албатта инфиродӣ аз тарафи гурӯҳҳои шӯришӣ ва аз тарафи гурӯҳҳои ғайримасъул мавриди ҳамла қарор гирифтаанд ва хабарнигорон кушта шудаанд. Дар баъзе мавридҳо аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ ҳам онҳо мавриди озору азият қарор гирифтаанд. Аммо дар як ҳодисаи воҳид, ба ин теъдод аз хабарнигор куштаву захмӣ нашуда буданд ва ин ҳодиса дар таърихи Афғонистон собиқа надорад.

Озодӣ: То ҳамин лаҳзае, ки мову шумо сӯҳбат мекунем, созмонҳои байналмиллалии дифоъ аз ҳуқуқи башар низ дар ин бора изҳори ақида кардаанд?

Қодир Ҳабиб: Бале, Созмони Афви Байналмиллал, Дидбони Ҳуқуқи Башар, намояндагии СММ дар Кобул эъломияҳое нашр карданд ва ин ҳамларо шадидан тақбеҳ карданд. Онҳо ҳама гуфтаанд, ки ин ҳамла мухолиф бо арзишҳои инсонист ва аслан қобили тавҷеҳ намебошад.

Озодӣ: Худи телевизиони "Тулӯъ" чӣ гузаштае дорад?

Қодир Ҳабиб: Соҳиби ин телевизион дар оғоз дар Кобул як радиои FM дошт. Бо рӯи кор омадани низоми нав дар Афғонистон ин радиоро ба роҳ андохт ва ба дунболи ин радиои тафреҳӣ, ки дорои барномаҳои саргармкунанда аст, телевизион ташкил кард ва он ҳам рӯи барномаҳои саргармкунанда мечархид ва ба тозагӣ аз як шабака ба ду шабака ва аз ду шабака ба се шабака гуфтариш ёфт, ки нишондиҳандаи комёбии ин телевизион дар саҳнаи фаъолияташ дониста мешавад. Аз шабакаи тафреҳӣ ба шабакаи хабарӣ ва аз шабакаи дарӣ ба шабакаи пашту ва сипас ба як гурӯҳ бо номи “Мубӣ Групп” мубаддал шуд. Раҳбарии онро аз оғоз то ҳол, яъне аз соли 2002 Саъд Мӯҳсинӣ бар ӯҳда дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG