Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҳамлаи Мюнхен 10 нафар кушта шуданд (АКС ва ВИДЕО)


Пулиси Олмон мегӯяд, ки дар тирандозии бегоҳи ҷумъа дар назди маркази савдои Olympia Einkaufszentrum дар шаҳри Мюнхен ҳадди ақал 10 нафар кушта шудаанд.

Раиси пулиси шаҳри Мюнхен рӯзи шанбеи 23-юми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ба назар мерасад, ки фарди ҳамлакунанда ба танҳоӣ даст ба ин амал задааст. Ҳанӯз ангеза ва сабабҳои ин ҳодиса маълум нест.

Раиси пулиси Мюнхен ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин тирандозӣ 16 нафар захмӣ шудаанд ва вазъи се нафари онҳо вазнин аст. Ин мақоми олмонӣ гуфтааст, ки эҳтимолан ин шахс ба танҳоӣ ин ҳамларо анҷом додааст ва пас аз тирандозӣ ба сар худ тир холӣ намуда ва худашро куштааст.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, мақомҳои пулис мегӯянд, ҷасаде, ки дар як километрии ҷои ҳодиса пайдо шуд, эҳтимолан ҷасади шахси ҳамлакунанда мебошад. Вазири умури дохилии Олмон дар баёнияе гуфтааст, ки "ҳанӯз ангезаи ин ҳамлаи даҳшатбор ба таври комил рӯшан нашудааст ва мо фарзияҳои мухталифро дар даст дорем."

Қаблан гуфта мешуд, ки шоҳидони айнӣ се марди мусаллаҳро дар наздикии ин фурӯшгоҳ дидаанд. Ба ҳамин сабаб пулис ҷустуҷӯи густурдаеро барои ёфтани ҳамлаварони эҳтимолӣ оғоз кардааст.

Тирандозӣ дар маркази тиҷоратии Olympia Einkaufszentrum-и шарҳи Мюнҳен дар соатҳое рух дод, ки баъди ҳафтаи корӣ мардум барои истироҳат, ғизохӯрӣ ва ҳам тафреҳ ба маркази тиҷоратӣ рафта буданд. Телевизиони "Евронюс" ду ҷасади дар замин хобидаро намоиш дод.

Дар пайи ин ҳодиса, пулис аз мардуми маҳаллӣ хост, ки дар хонаҳо бимонанд, ва агар дар берун буданд, дар маҳалли амне паноҳ баранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомҳои шаҳрӣ мегӯянд, ки васоили нақлиёти шаҳри субҳи рӯзи шанбе кори худро оғоз карданд. Пас аз ҳамлаи шоми ҷумъа, кори васоили нақлиёти умумӣ қатъ шуда буд.

Пештар бархе расонаҳо хабар дода буданд, ки шахси ҳамлакунанда бо "лаҳҷаи ҷануб"-и Олмон сӯҳбат мекардааст. Ин дар ҳоле аст, ки як сухангӯи пулис низ гуфтааст, ки ҳанӯз нишонаҳое, дар мавриди ҳамлаи террористӣ аз сӯи гурӯҳҳои исломгаро дар даст нест.

Ҳамла ӣ дар маҳаллаи Моозахи Мюнҳен дар наздикии варзишгоҳе сурат гирифт, ки соли 1972 дар ҷараёни бозиҳои варзиши Олимпиадаи соли 1972 ҷангиёни фаластинӣ аввал 11 варзишгари исроилиро ба гарав гирифта баъдан онҳоро куштанд.

XS
SM
MD
LG