Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш тан дар таркишҳои пойтахти Индонезия кушта шуданд


Рӯзи панҷшанбе бар асари бомбгузорӣ ва табодули оташ дар пойтахти Индонезия камаш шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Нерӯҳои амниятӣ маркази Ҷакартаро иҳота намуда, дар пайи ҷустуҷӯи масъулони ҳамла ҳастанд.

Субҳи рӯзи панҷшанбе дар Ҷакарта -- пойтахти Индонезия чандин ҳамла ва таркиш рух дод. Мустақиман дар пайи ҳамла ягон гурӯҳе масъулияти онро бар дӯш нагирифт, вале дар арафаи Иди милоди Масеҳ ва Соли нав силоҳбалдастони гурӯҳи “Давлати исломӣ” таҳдид карда буданд, ки Индонезияро дар “маркази таваҷҷӯҳ” қарор медиҳанд.

Субҳи панҷшанбе расонаҳои маҳаллӣ ва хабаргузории "Рейтерз" дар бораи шаш инфиҷор ва тирпарронӣ дар маркази Ҷакарта маълумот доданд. Баъди чанд соат ба қавли шоҳидон боз садои як таркиш ба гӯш расид. Яке аз инфиҷорҳо дар даромадгоҳи қаҳвахонаи “Старбакс” ба вуқӯъ пайвастааст.

Телевизиони маҳаллии "Метро" таъкид кардааст, ки дар ҳамла камаш 14 силоҳбалдаст иштирок доштанд. Ба қавли пулис, ҳадди ақалл 4 нафар аз масъулони ҳамла бар иловаи бомбгузори маргталаб ба ҳалокат расидаанд.

Президенти Индонезия Ҷоко Видодо сафари кориашро канор гузошта, ба Ҷакарта баргашт. Ӯ аз ҳамватананонаш тақозо кард, ба ҳар гуна овозаҳо гӯш надиҳанд: “Мо ин ҳамлаҳоро, ки назму суботи мардумро халалдор кардаанд, маҳкум мекунем. Ман фармон додам, ки масъулони ҳамлаҳо ва ҳамдастонашон дастгир шаванд. Мо ҳамчун кишвар набояд ба тарсу ваҳм дода шавем. Мо бояд ором бошем, то назорати умур ҳифз гардад.“

Ба ақидаи шореҳон, ин ҳамла мақомоти Индонезияро ғофилгир накард. Як моҳ пеш ҳукумати Индонезия ҳушдор дода буд, ки кишвар бо хатари воқеӣ рӯбарӯ мебошад. Мақомоти индонезӣ наздик ба 150 ҳазор афсари амниятиро дар атрофи калисоҳо, фурудгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии ин кишвар, мустақар карда буданд. Ҳамчунон мақомот иттилоъ дода буданд, ки чандин нақшаи куштори мансабдорони давлатӣ ва фармондеҳони ниҳодҳои қудратиро хунсо кардаанд.

Мақомоти Индонезия аз соли 2002-ум, аз замони ҳамла дар ҷазираи Балӣ, ки ҳаёти камаш 200 нафарро аз байн бурд, дар бораи хавфи ҳамлаҳои даҳташафканон гузориш медиҳад. Соли 2009-ум бар асари ҳамла болои ду меҳмонсарои зери назорати амрикоиҳо дар Ҷакарта, камаш 8 кас ба ҳалокат расида буд. Дар ҳамлаҳо қаблӣ мақомот гурӯҳи Ҷамоати исломии ҳампаймони Ал-Қоидаро муттаҳам карда буданд.

Моҳҳои ахир бо афзоиши нуфузи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва шомилшавии шаҳрвандони Индонезия ба ин гурӯҳи ҷангҷӯй дар қаламрави Сурия, нигарониҳои амниятиро бештар кард.

Тибқи омори мақомоти индонезӣ, камаш 800 шаҳрванди ин кишвар ба ҷангҳои Сурия рафта буданд ва ҳоло то 240 нафари онҳо ба Индонезия баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG