Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи сагони девона ба сокинон дар Панҷакент


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сокинони ноҳияи Панҷакент аз ҳамлаи сагони ҳорӣ шикоят мекунанд, ки ахиран 17 нафарро газидаанд. Дар ҳоле ки мақомоти беҳдошт мегӯяд, ваксинаи зидди сагони ҳорӣ на дар ҳамаи беморхонаҳо таъминанд.

Ҳамлаи сагони ҳорӣ ё девона ба сокинони деҳаи Ғусари ҷамоати Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент аз газидани сагони ҳорӣ, ё худ девона 17 нафар бистарӣ шудаанд. Воқеа воҳимаеро ба миён овард ва аксари сокинони ин минтақа ду рӯз дар хонаҳои худ монда, аз тарси сагоне, ки дар кӯчаҳо мегаштанд, берун набаромаданд.

Маҳмадмурод Сафаров, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Панҷакент дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ҳамлаи сагони ҳорӣ баъд аз зуҳри 22-уми май рух додааст, ки дар натиҷа 17 сокини деҳаи Ғусар дар ин бемористон бистарӣ карда шуданд. Ба гуфтаи вай, ҳоли 3 нафари саггазидаҳо вазнин, 7 нафар миёна ва 6 каси дигар сабук аст:

“Чӣ доруву дармоне, ки зарур буд, бо маблағгузорӣ аз тарафи ҳукумати шаҳри Панҷакет дастирас карда шуд ва ба беморон ваксин ва дигар доруву дармонҳо расонида шуд, то ки бемор нашаванд. То ҳозир 12 нафар табобат ёфта, аз бемористон мураххас шуданд ва 5 каси дигар таҳти табобат қарор доранд.”

Ба гуфтаи Маҳмадмурод Сафаров, байни нафароне, ки сагони ҳорӣ ҳамлакардаанд 8 нафар кӯдак низ мебошанд.

Як сокини деҳаи Ғусар бидуни ошкор кардани номаш ба Озодӣ гуфт, сагони ҳорӣ ба касони дар сари роҳ ҳозирбуда ва ба касоне, ки сагони ҳориро ба қасди дошта нобуд кардан пеш мекарданд, ҳамла кардаанд:

“Мо ҳайронем, ки ин хел сагҳо аз куҷо пайдо шуда ба одамони аз пеши роҳаш баромадаро газидан гирифт. Ҳозир як гурӯҳ ташкил карда, ҳама сагҳои дайдую бесоҳибро парронида истодаанд.”

Ба гуфтаи ин сокини Панҷакент, чун дар шифохонаи ҷамоат воксин ва сӯзандоруи зидди бемории ҳорӣ надошт, пизитшкон ва фаъолони деҳа маҷбур шуданд, одамонеро, ки сагҳо газида буданд ба таври таъҷилӣ ба бемористони шаҳри Панҷакент, ки дар масофаи 26 километр аз Ғусар воқеъ аст, фиристанд.

Таҳмина Усмонова, муовини сардори Маркази беҳдоштиву вогиршиносии Суғд ба Озодӣ гуфт, бахши маркази мазкур дар Панҷакент ба осебдидагон аз саги ҳорӣ дар ин маҳал ба таври ройгон 25 ампули ваксин додааст: “Имрӯз ҳар беморхона ваксинҳои кофии зидди бемории ҳорӣ ва маблағ барои харидани онро надорад. Дар ҳолати ваксин надоштан осебдидаҳо онро ба пули худашон мехаранд.”, гуфт Усмонова.

Ба гуфтаи хонум Усмонова, дар пайи ҳодиса як гурӯҳи вижа иборат аз мутахассисони беҳдоштӣ, табибон, намоянагони ҳукумати маҳаллӣ ва кормандони интизомӣ ба хотири таҳқиқи ҳодиса, расонидани ёрии тиббӣ ба афроди саггазида ва муайян кардани сагони бемору нобуд кардани онҳо таъсис шудааст. Вай афзуд, дар маҳали ҳодиса даҳҳо сагро, ки гумони бемор будани онҳо буд, ҳадафи тир қарор додаанд.

Масъулони маркази беҳдоштиву вогиршиносии Суғд мегӯяд, дар 3 моҳи аввали соли равон 2 ҳазору 255 сокини минтақа аз ҳамлаи сагон осеб дидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 23 маврид зиёд аст. Вай афзуд, бо вуҷуди он ки беш аз якуним ҳазори ин афродро сагҳои маълуму соҳибдор ҳамла карда, бемор будани сагҳо муайян карда нашудааст, вале ба хотири ҳифзи сиҳати ҳамаи афроди саггазидаву осебдида ба ҳамаи онҳо ваксини зидди бемории ҳорӣ зада шудааст.
XS
SM
MD
LG