Пайвандҳои дастрасӣ

Пайомади озмунҳои осоиштаи ҳастаӣ пас аз солҳо


Кӯли ҳастаӣ дар Қазоқистон, Семипалатиннск, августи соли 2009.

Кӯли ҳастаӣ дар Қазоқистон, Семипалатиннск, августи соли 2009.

Дар даврони ҷанги сард Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ имкониятҳои бо аҳдофи сулҳомез истифода бурдани таркишҳои ҳастаиро ҷустуҷӯ мекарданд. Натиҷа?



Ин барномаҳои онҳо маҳсули чандоне ба бор наовард. Аммо чанд даҳсола баъд аз он даврони сабқатҳои ҳастаӣ, сокинони як маҳалли наздик ба озмоишгоҳи ҳастаии Шӯравии вақт дар Қазоқистони кунунӣ мегӯянд, мақомот шикоёти онҳо дар мавриди осеби ҷиддии расида ба сиҳҳатии ин мардумро ношунида мегиранд.


Куммиссиюни нирӯи ҳастаии Амрико барномаи инфиҷорҳои сулҳомези ҳастаияшро ҳанӯз соли 1958 ва таҳти номи The Plowshare Program, ё худ “Барномаи юғу испор” ба роҳ андохта буд. Исми ин барнома аз як фармудаи китоби “Инҷил” бармеояд, ки шамшерҳо(манзур силоҳҳо)-ро об карда ва аз онҳо юғу испор рехтанро савоб медонад.
Ин барнома бо истифода аз инфиҷорҳои ҳастаӣ кандани каналҳову лангаргоҳҳо ва сарбандҳо ва ҳамин тавр, истифодаи чунин таркишҳо дар амри истихроҷи маъодин ва ҳатто дар амри кандани чоҳҳои газу нафтро дар назар дошт.
Донишмандон мехостанд имкони ба буғ табдил додани нирӯи гармии чунин инфиҷорҳоро мехостанд биомӯзанд, то баъдан аз он ба манзури тавлиди нирӯи барқ истифода шавад.
Аммо инфиҷор ғайринтизор мунҷар ба дуду буғ ва чангу ғубори радиоактивие мешуд, ки ҳама ба ҳаво мерафт.
Амрико тайи 12 соли баъд тибқи “Барномаи юғу испор”-аш дастикам 26 озмоиши ҳастаӣ анҷом дод. Таркишҳои мусолиматомези ҳастаӣ дар амри истихроҷи гази табиӣ пурсамартар ба назар мерасид. Вале нигарониҳои иқтисодиву зистмуҳитӣ боис шуд, ки ин барнома соли 1975 қатъ шавад.
Аммо барномае, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ андохта буд, ҳам аз лиҳози миқёс бузургтар буд ва ҳам умри зиёдтар дид.
Аз ҷумла ба далели мӯҳри сиррие, ки дар Шӯравӣ болои чунин барномаҳо мегузоштанд ва ҳам ба далели таваҷҷӯҳи камтари Маскав ба масоили ҳифзи сиҳҳат ва муҳити зист.
Барномаи истифодаи инфиҷорҳои ҳастаӣ дар иқтисодӣ миллӣ, ё худ Барномаи ҳафтуми Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1965 шурӯъ шуда, то соли 1988 идома кард. Маскав дар чаҳорчӯби ин барномааш тавонист 122 озмоиши ҳастаӣ анҷом диҳад.
Донишмандони шӯравӣ барои иҷрои нахустин озмоиши ҳастаӣ дар чаҳорчӯби Барномаи ҳафтум озмоишгоҳи Семипалатинск дар шимоли Қазоқистонро интихоб карданд.
Рӯзи 15 январи соли 1965 дар маҷрои хушкидаи рӯдхонаҳои Чағон ва Ашӣ-Сӯ таркиши ҳастаие ба вуқӯъ пайваст, ки иқтидораш 140 килотонна, яъне 9 маротиба бузургтар аз таркиши бомби ҳастаӣ дар Ҳиросима баровард мешавад.


“5 сония мондааст, 4, 3, 2, 1, сифр! (садои таркиш) Инфиҷор аз қаъри замин беш аз 10 миллион метри мукааб хокро ба берун афканд. Ин жарфнои бузург ҳамин тавр ба вуҷуд омад.”
Ин таҷруба ба хотири сохтани як обанбор иҷро шуд ва дар натиҷа дар маҳалли инфиҷор як кӯли бузурги тӯлаш 430 метр ба вуҷуд омад. Акнун, 44 сол баъд аз он таҷруба, сокинони рустои Саржол мегӯянд, ки ин минтақа ҳамоно саршор аз маводи радиоактивӣ боқӣ мемонад. Онҳо мегӯянд, обе, ки аз ин кӯли, ба гуфтаи ин мардум, “атомӣ” меояд, муҳити атроф ва оби ошомидании онҳоро заҳролуд мекунад.
Кайраш Маденов, як сокини Саржол мегӯяд, ки мақомот аммо ин нигарониҳои мардуми маҳаллиро ношунида мегиранд:

“Касе дар фикри мо нест. Ба назари ман, рустое бо номи Саржол ҳатто дар харитаҳо ҳам нест. Мо бахше аз қаламрави озмоишгоҳи мурдаем. Мақомот шояд фикр кунанд, ки дар ин ҷо ягон аломати ҳаёт нест.”
Сокинони Саржол мӯътақиданд, ки заҳри радиоактивии оби ин “кӯли атомӣ” боиси бурузи маризиҳое, чун амрози қалб, фишори хун ва ба дунё омадани атфоли бемор мешавад.
Ва ин танҳо як намуна аз дастикам 122 озмоиши ҳастаиии анҷомшуда дар Шӯравии собиқ аст. Аз ин шумор 13 озмоиш дар қаламрави Қазоқистони кунунӣ, аз ҷумла 5 инфиҷораш дар Семипалатинск сурат гирифтааст.
Барномаи рақами ҳафти Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1989 бо эълони мораторийи якҷониба рӯи озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ қатъ шуд. То он замон дар Шӯравӣ дар маҷмӯъ беш аз 400 инфиҷори зеризаминӣ ва фазоии ҳастаӣ анҷом шуд, ки бахши аъзамаш озмоиши силоҳҳои ҳастаӣ буд. Ин тақрибан чаҳоряки куллия озмоишҳои ҳастаии анҷомшударо ташкил медиҳад. Вале асароти он таркишҳо, тавре дар намунаи “кӯли атомӣ”-и Саржол мебинем, акнун баъди чандин даҳсола рӯ мезананд.
XS
SM
MD
LG