Пайвандҳои дастрасӣ

Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) дар Маскав байни раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва ҳамтои қирғизи ӯ Алмосбек Отамбоев баҳсе ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба иттилои хабаргузориҳо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар мулоқоти ғайрирасмии президентҳои ИДМ дар Маскав бо раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар масъалаи саҳми кишварҳои пасошӯравӣ дар пирӯзӣ бар фашизми Олмон вориди баҳс шудааст.

Ин баҳс дар ҳоле иттифоқ афтод, ки рӯзи 8 май бархе аз сарони кишварҳо, аз ҷумла раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба муносибати 70-солагии ғалаба бар фашизм нақши ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин дар ин ҷанг зикр карданд.

Раҳбари Узбакистон Ислом Каримов дар ин робита гуфт: “Чӣ хеле ки бисёриҳо дар ин ҷо мегӯянд, ин пирӯзии умумист. Ин дарвоқеъ пирӯзии ҳамаи халқҳост, ин ғалабаест, ки аз вабои фашизм, аз ғуломии фашистон наҷот дод,” – гуфт И.Каримов.

Вай сипас гуфт: “Вобаста ба эроди Алмосбек Отамбоев, ки кадом кишвар чӣ қадар дар ин ғалабаи бузург саҳм гузошт, ман бар инам, ки чунин эродҳо беназокатист... Ва он ки ӯ касонеро сарзаниш мекунад, ки гӯё талош доранд, фаромӯш кунанд, ин ҳам як эроди ба сари худ бемаврид аст, ки ба хубие намебарад...”

Бо ин суханон раисиҷумҳури Узбакистон шумораи онҳоеро зикр намуд, ки он вақт аз Узбакистон ба ҷанг рафтанд ва зиёда аз ним миллион нафари онҳо аз майдони набард барнагаштаанд: “Бисёриҳо маъюб баргаштанд. Намешавад он нархеро ба ёд наовард, ки халқи узбак маҷбур шуд, пардозад, дар омади гап, халқи сермиллат, намешавад аз худфидоӣ ва олиҳимматии халқҳои Узбакистон ёд накард,” гуфт Каримов.

Алмосбек Отамбоев дар посух ба ин суханони раисиҷумҳури Узбакистон гуфт, ки фақат назари худро баён доштааст. Вале Каримов дафъатан ба ӯ ҷавоб гардондааст, "назари шуморо мо кайҳо медонем." Ва афзудааст, "сарзаниш кардан барои кадом корҳое ё мавъиза кардан, ба фикри ман нодуруст аст..."

Ба иттилои хабаргузориҳо, Отамбоев дар паёми худ дар ин мулоқот аз он ки бархе аз сарони кишварҳо нахостанд, дар ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат кунанд, таассуф хӯрда, гуфтааст: “Афсӯс, на ҳама имконият ёфтанд, ки биёянд. Ин як гиромидошти падарон, бобоён, модарон, бибиҳо буд, ки дар ҷабҳаи ҳарбу заҳмат кор мекарданд. 9 май ин идест, ки абадан дар таърихи ИДМ мемонад. Касе гузаштаро фаромӯш мекунад, ояндаро аз даст медиҳад. Аз Қирғизистон ҳар нафари чаҳорум ба ҷабҳа рафт, қариб аз чаҳор се ҳиссаи онҳо барнагашт, дар ҷабҳаҳо кушта шуд, он вақт касе ғалабаро тақсим намекард, ҳама худро фидо мекарданд.”

Ин изҳороти Отамбоев дар ҳоле садо дод, ки дар арафаи ид бархе аз сарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Ислом Каримов ва Аляксандр Лукашенка хостори сафари Маскав набуданд ва танҳо дертар онҳо даъвати Кремлро пазируфтанд.

Аз сӯе ҳам ахиран дар бораи шева, лаҳн ва маъниҳои сухани раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ишораҳое садо медиҳанд, ки нишонаҳои солмандии ӯ намудор гаштаанд. Аз ҷумла дар расми савганди президентӣ Каримов ба вакилони порлумони Узбакистон берун аз нутқи расмӣ чизҳое гуфт, ки саволбарангез буданд. Ҳамчунин дар охирин нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе Каримов ба Владимир Путин дар мавриди нақши Русия дар Украина паёмҳои баҳсбарангез дода буд.

Дар дидори ғайрирасмии сарони ИДМ президентҳои Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳузур доштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG