Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алорағми ваъдаи боздиди расмии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз Тоҷикистон дар таърихи 12 май, ин сафар баргузор нахоҳад шуд.

Алорағми ваъдаи боздиди расмии президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз Тоҷикистон дар таърихи 12 май, ин сафар баргузор нахоҳад шуд. Мақомоти баландпояи Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи апрел гуфтанд, ки интизор меравад дар баробари ширкати президент дар маросими ифтитоҳи тарҳи CASA-1000, Отамбоев аз ин кишвар дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ боздид хоҳад кард ва дар ҷараёни он чанд созишномаи муҳими ҳамкорӣ имзо мешавад. Худи Отамбоев дар як суханронии худ моҳи март гуфта буд, ки барои имзои созишномаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон моҳи май ба Душанбе меравад.

Матбуоти тоҷик ҳам бо такя ба манобеи ҳукуматӣ моҳи апрел аз сафари расмии Отамбоев ба Тоҷикистон дар таърихи 12 апрел хабар дода буданд. Дар як изҳороташ рӯз 22 апрел Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек ҳам изҳори умедворӣ карда буд, ки созишномаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷараёни сафари Алмосбек Отамбоев ба Душанбе имзо хоҳад шуд. Вай зимни суханронӣ дар маросими 20-солагии имзои созишномаи таҳкими эътимод дар манотиқи марзии кишварҳои “Панҷгонаи Шонгҳой”, ки дар сафорати Чин дар Бишкек баргузор шуд, гуфт, умедвор аст, ки созишномаи марзӣ масъалаи аломатгузории бахшҳои баҳсии марзро таъмин хоҳад кард.

“Дар ҳоли ҳозир мо дар амри тасвиби созишномаи миёни Тоҷикистону Қирғизистон фаъолона кор мекунем. Бахши аъзами марз аллакай мувофиқа шудааст. Моҳи май қарор аст раҳбари Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба Тоҷикистон равад ва умедворем, ки созишномаи марзи давлатӣ имзо хоҳад шуд”, гуфт ӯ. Рӯзи 10 май як масъули сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ба радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст рӯзи 11 май ба Душанбе нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков сафар карда, дар маросими ифтитоҳи тарҳи CASA-1000 иштирок кунад.

харитаи тарҳи CASA-1000

харитаи тарҳи CASA-1000

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки ин маросим рӯзи чоршанбе дар шаҳри Турсунзода бо иштироки раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ин тарҳ – Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон баргузор мешавад.

Дар ҳукумати Қирғизистон ҳам ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари расмии Отамбоев ба Душанбе дар таърихи 12 май барпо нахоҳад шуд. Сабабҳои ин тасмимро ин ҷо низ шарҳ надоданд. Рӯзи 10 май Тулғуной Стамалиева, сухангӯи ҳукумати Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст рӯзҳои 11 ва 12 май дар Душанбе ҳайате ба раҳбарии нахуствазири ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков баргузор шавад. Қирғизистон, ба унвони кишвари узви пружаи CASA-1000, дар қатори раҳбарони ҳукуматҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Покистон дар маросими ифтитоҳи сохтмони ин тарҳ иштирок хоҳад кард.

Худдорӣ кардани Отамбоев аз сафар ба Душанбе, ки дар ҷараёни он қарор буд дар баробари чанд созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла қарордоди марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон имзо шавад, ба андешаи таҳлилгарон, ба хотири ҳанӯз номаълум будани мавқеи Душанбе дар ин замина гуфта мешавад. Мақомоти тоҷик бо зикри ин ки музокироти байни ду кишвар дар амри аломатгузории марз идома дорад, аз шарҳи ҷараёни музокирот, вуҷуди гузаштҳои эҳтимолии баъзе қаламравҳо дар марзи ду кишвар ва муомилоти дигар худдорӣ мекунанд.

Дар ҳоле, ки мақомоти қирғиз ҳанӯз ним соли пеш мегуфтанд, ки музокирот бар сари таъин ва аломатгузорӣ шудани як бахши марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳоли анҷомёбист, мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ ин сӯҳбатҳоро таъид ё рад накардаанд. Мавзӯи имзои созишномаи аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба як баҳси тӯлонӣ табдил шудааст, ки маълум нест, охираш чӣ мешавад. Аз ҳудуди 972 км марзи муштараки байни ду кишвар танҳо 567 км он аломатгузорӣ шуда, боқӣ қаламравҳо ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Ҳамин омил сабаб мешавад, ки пайваста дар хати марз миёни сокинони рустоҳои наздимарзӣ баҳсҳо бар сари дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо сар мезананд. Яке аз доғтарин солҳо аз ин назар соли 2014 буд, вақте дар давоми сол 30 муноқиша сар зад ва ин ин задухӯрдҳо се шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули як афсари марзбон кушта шуда ва аз ҳар ду тараф ҳудуди 30 нафар захмӣ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG