Пайвандҳои дастрасӣ

Тундбоди шадид дар пойтахти Эрон мунҷар ба ҳалокати дастикам 4 нафар гардида, ҳамчунин боиси қатъи интиқолди барқ ва парвози ҳавопаймоҳо шудааст.

Тундбоди шадиди рӯзи 2 июн дар Теҳрон, пойтахти Эрон, дастикам 4 кушта ва беш аз 30 захмӣ ба ҷо гузоштааст. Телевизиони Эрон суръати боду тӯфонро 120 километр дар соат баршумурдааст.

Тундбод ба шаҳрҳои дигар дар Эрони марказӣ низ асобат кардааст, вале аз ин манотиқ дар бораи кадом хисороти ҷоние гузориш нашудааст.

Бино ба хабарҳо, офати табиӣ дарахтони зиёдеро решакан карда, боиси қатъи муваққати интиқоли барқ ба шаҳру ноҳияҳо шудааст.

Телевизиони давлатии Эрон ҳамчунин хабар дод, ки дар натиҷаи ин офат парвозҳои байналмилалӣ аз фурудгоҳи "Меҳробод"-и Теҳрон ва фурудгоҳҳои дигари атрофи пойтахт қатъ шуда, дар яке аз шоҳроҳҳҳо дар ҷануби Теҳрон якбора 20 мошин тасодум кардаанд.

Мақомоти Эрон аз кӯдакон ва кӯҳансолоне, ки қалбашон мушкил дорад, хостаанд, ки то анҷоми тӯфону бод дар хона бимонанд.

Видео аз CCTV ва Reuters:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG