Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

89 хонавода дар моҳи Рамазон мотамдор шуд (ВИДЕО)


Ҳалокати даҳҳо нафар дар таркиши зоҳиран маргталабонае дар вилояти Пактико наздикони дастикам 89 қурбонии ин ҳамларо дар моҳи мубораки Рамазон ғарқи мотам кард.

Бино ба хабарҳо, рӯзи 15 июл бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар дохили бозор дар вилояти Пактико дар шарқи Афғонистон дастикам 89 нафар кушта шудаанд.

Генерал Муҳаммадзоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, дар ин ҳамлаи маргталабона, ки ҳудуди 20 дӯконро ҳам тахриб кардааст, 42 нафар захмӣ шуданд. Азимӣ гуфт, инфиҷор дар бозори шаҳри Ургун рух додааст ва низомиҳо ба хотири ба бемористони Шарана, маркази вилояти Пактико расондани захмиён чархболҳоро ба маҳалли таркиш фиристодаанд. Ба гуфтаи ӯ, “шуҳадо ҳама мардуми мулкӣ, бо шумули пирамардону атфол ва ҷавононанд.”

Асароти таркиш дар Пактикои Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

Ҳанӯз касе масъулияти ҳамла дар Пактикоро бар ӯҳда нагирифтааст. Таркиш дар Пактико дар рӯзе сурат гирифт, ки дар як таркиши бомби канори роҳ дар шарқи Кобул, пойтахти Афғонистон ду коргари Арки раёсати ин ҷумҳурӣ кушта шуданд. Инфиҷор ба мошине ҳам, ки 7 корманди дафтари матбуоти Арки раёсатҷумҳуриро мекашонд, асобат кардааст. Ду нафар аз онҳо кушта ва 5 тани дигар захмӣ шудаанд. Масъулияти ҳамла дар канори Кобулро гурӯҳи Толибон, ки алайҳи ҳукумати кунунии Афғонистон меҷангад, бар ӯҳда гирифт.

Ин ду ҳамлаҳои хунини рӯзи 15 июл дар Афғонистон дар ҳолест ки ин кишвар бар иловаи набардҳои мусаллаҳонаи нирӯҳои эътилофу нирӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои ҷангие, чун Толибон ва шабакаи Ҳоқонӣ, бар сари натиҷаҳои эълоншудаи интихоботи президентиаш гирифтори як бӯҳрони амиқи сиёсӣ шудааст. Кумиссиюни мустақили интихобот дар ҳафтаи гузашта эълон кард, ки дар даври дуюми интихобот вазири собиқи молия Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо касби 56 дарсади оро баранда шуда, ғолиби даври аввал вазири собиқи хориҷа Абдуллоҳи Абдуллоҳ ҳамагӣ 43 дарсад раъй ба даст овардааст.

Доктор Абдуллоҳ инро “эълони натиҷаҳои тақаллуб” номид ва гуфт, пирӯзии Аҳмадзайро “ҳеҷ гоҳ” эътироф нахоҳад кард. Танҳо рӯзи 12 июл бо миёнаравии вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ, ки ба ин манзур ба Кобул омад, тавофуқ шуд, ки тамоми овозҳои даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон аз нав шумурда шуда, нафари пирӯз президент ва номзади шикастхӯрда дар давлати ояндаи Афғонистон раҳбари шӯрои иҷроия, яъне амалан сарвазир, мақоме ки дар Қонуни асосии ин кишвар дар ҳоли ҳозир вуҷуд надорад, хоҳанд шуд. Ин тавофуқ нигарониҳоеро, ки ихтилофи байни ду номзад шояд дар ҷабҳаҳои бе он ҳам фаровони ҷанги Афғонистон боз як ҷабҳаи нави “сиёсӣ”-ро ба вуҷуд оварда, ҳатто метавонад ба низои мусаллаҳона бикашад, то ҳадде фурӯ нишонд. Ҳадди ақал то поёни бозшумории овозҳо, ки оё ин навбат чӣ натиҷае хоҳад овард ва кадом номзадро розиву кадомеро норозӣ хоҳад кард.

Баъди таркиши Ургун
Баъди таркиши Ургун

Ҳамагӣ ҳафтае пеш СММ гузориши наваш дар бораи шумори қурбониёни мулкии ҷанги Афғонистон ба нашр расонд. Бино бар ин гузориш, дар нимаи аввали соли 2014 дар ин кишвари ҷангзада қариб 5 000 нафари мулкӣ, бо шумули заноун кӯдакон, кушта шудаанд, ки ин нисбат ба айни давраи соли гузашта наздики 1000 нафар ё 25 дарсад бештар аст. СММ, ки аз соли 2009 омори мардуми мулкии кушташуда дар Афғонистонро нашр мекунад, мегӯяд, соли 2014 дар ин муддат хунинтарин сол барои мардуми мулкии Афғонистон буд ва ҷангҳо дар ин кишвар барои мардуми осоишта ва бесилоҳ торафт муҳликтар мешавад. Ва он ҳам дар ҳоле ки интизор меравад, то поёни соли 2014 Амрикову НАТО ва муттаҳидонашон тамоми нирӯҳои ҷангии худро аз Афғонистон берун бикашанд.

Бино ба бароварди СММ, мардуми мулкӣ дар Афғонистон аксаран дар натиҷаи ҳамлаҳои ҷангиёни Толибону ёронаш кушта мешаванд. Аммо мавридҳое низ зиёд аст, ки мардуми бегуноҳ сари тири нирӯҳои НАТО ва урдуи давлатии Афғонистон шудаанд.

Таркишҳо дар Ургуну Кобул дар рӯзҳои моҳи барои мусалмонон муқаддаси Рамазон рух дод ва наздикони ин дастикам 89 қурбонӣ дар Ургуну дуи дигар дар канори пойтахти Афғонистонро дар ин моҳи муборак ғарқи мотам кард.

XS
SM
MD
LG