Пайвандҳои дастрасӣ

Танҳо дар як соли охир дар Тоҷикистон дастикам 614 нафар бедарак гардида, дар маҷмӯъ беш аз 1400 нафар дар ин кишвар то ҳол наздикони гумшудаи худро меҷӯянд.

Дар маҷмӯъ дар солҳои охир зиёда аз 1400 шаҳрванди Тоҷикистон аз мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмиаллӣ дар ҷустуҷӯи наздикони гумшудаашон кӯмак хостаанд. Бархе аз хонаводаҳо то ҳоло он наздикони худро меҷӯянд, ки дар солҳои ҷанги дохилии солҳои 1992-97-и Тоҷикистон бенишон шудаанд, аммо гумшудаҳои бархе аз хонаводаҳои дигар ба солҳои осоишта рост омада, бештар бо муҳоҷират рабт мегирад.

Зулфия Нуралиева, танзимгари барномаи хадамоти ҷустуҷӯи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд, наздикони афроди гумгашта бояд ноумед набошанд, зеро ҳар сол то 16 нафар аз чунин афрод зиндаву саломат ёфт мешаванд. Ба қавли ӯ, кормандон ва ихтиёриёни 168 созмону ҷамъият бо ҷустуҷӯи нафарони гумшуда машғуланд ва аксаран муваффақ ҳам мешаванд.

Людмила Гришаева

Людмила Гришаева

Людмила Гришаеваи 66-сола ба мадади чунин созмонҳо чашми умед бастааст. Вай 7 сол инҷониб писари 40 солааш, Сергей Гришаевро меҷӯяд, ки ба Маскав кӯчида, дар он ҷо бенишон гаштааст: «Охирин боре, ки бо ҳам сӯҳбат кардем, Сергей гуфт, занаш, ки ҳомила буд, тифли батнашро афтонда, худаш низ мурдааст. Азбаски писарам шаҳрванди Тоҷикистон буд, гумон мекунам, пас аз марги занаш, азбаски манзил надошт, якбора ғайб зад. Хешу таборам низ ӯро дар Росия зиёд кофтанд, аммо пайдо карда натавонистанд. Онҳое, ки дар бораи писарам маълумоте доранд, хоҳиш мекунам, ба ман кӯмак намоянд. Худам ҳам борҳо ба мақомот муроҷиат кардам, аммо бенатиҷа монд. Ҳамеша мегӯянд, ки ҷустуҷӯи писарам вақти тӯлонӣ мехоҳад.»

Ҳамчунин ба қавли хонум Людмила, аз сабаби камбизоат буданаш вай натавонистааст ба барномаи «Жди меня»-и шабакаи аввали телевизиони Русия, ки ба ҷустуҷӯи афроди гумшуда дар саросари олам машғул аст, муроҷиат кунад.

Аммо иддаи дигаре танҳо ба созмонҳо ва ё мақомот иктифо накарда, худ мустақилона ба ҷустуҷӯи наздиконашон мебароянд. Раҳимҷон Ҷумъаеви 38-сола, сокини ноҳияи Ҳамадониро падараш пас аз 8 соли кофтуков пайдо кардааст. Раҳимҷон соли 1996 пас аз хизмати аскарӣ барои кор ба Русия рафт ва бо ҳамин 8 сол бедарак шуд.

Шарофат Ҷумъаева, хоҳари Раҳимҷон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ҷиҳати пайдо кардани бародарашон ба чандин ташкилот ва мақомот муроҷиат карданд, аммо натиҷае надод. Ин аст ки Холмат, падари Раҳимҷон, худ ба Русия рафта писарашро пайдо кардааст: «Падарам аз касе суроғаи кори акаамро гирифта рафт. Аз он ҷо пайдо накард. Боз пурсуков карда, ҷой кори дуюмашро пайдо кард. Ҳамин тавр бо азобҳои зиёд ӯро пайдо кард. Ба мо гуфта буданд, ки акаам дар зери дасти тоҷирони арманӣ кор мекардааст.»

Ба нақли Шарофат, бародарашро 4 сол дар Русия тоҷирони арманӣ кор фармуда, пулашро надодаанд. Бо роҳҳое Раҳимҷону ду ҳамроҳи узбакаш аз дасти арманҳо гурехта, ба дигар шаҳри Русия рафтаанд. Ҳоло бошад, Раҳимҷон боз ҳам дар Русия буда, ҳамасола ба Тоҷикистон омаду рафт дорад.

Чунин мавридҳои баъди солиён пайдо кардани афроде, ки ба муҳоҷират ба Русия рафта, бедарак шудаанд, хеле зиёд аст. Вале намунаҳои дигаре ҳам ҳаст, ки нафари гумшударо меёбанд, аммо ӯ дигар муҳаббаташ ба наздикони худро комилан аз даст дода, хоҳиши баргаштан надорад.



Зулфия Нуралиева аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд, ҳайратовар аст, ки баъзе аз афроди ёфтшуда, намехоҳанд, суроғаашон ба пайвандонашон гуфта шавад. Зеро онҳо дар хориҷа кору зиндагии хуб доранд ва ба Тоҷикистон баргаштанӣ нестанд: «Вақте волонтёрҳои мо нафарони гумшударо пайдо мекунанд, ба онҳо мегӯянд, аз Тоҷикистон шуморо фалон нафар ҷустуҷӯ дорад, мешиносед? Агар нафари гумшуда тасдиқ кунад ва бигӯяд, ки суроғаамро надиҳед, мо ба пайвандонаш мефаҳмонем, ки писар, духтар ё бародаратонро ёфтем, аммо ӯ намехоҳад ба назди шумо баргардад. Мо ба иҷозати ҳар нафар суроғаашро ба пайвандонаш медиҳем.»

Баҳриниссо Абдураҳмонова

Баҳриниссо Абдураҳмонова

Баҳриниссо Абдураҳмонова, раҳбари созмони «Диёр», ки чанд сол ба ин сӯ бо барномаи «Жди меня»-и шабакаи аввали Русия ва мақомоти вилояти Суғд ҷиҳати пайдо кардани нафарони гумшуда кор мебаранд, мегӯяд, замони ҷанги дохилӣ дар шимоли Тоҷикистон 78 нафар гум шуда ва танҳо як нафари он зиндаву саломат пайдо шудааст. Ба қавли хонум Абдураҳмонова, бештари нафарони гумшуда дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ сарбозон буданд. Аммо дар солҳои охир бештари гумшудаҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд: «Бештари падару модарон ҳоло барои он муроҷиат мекунанд, ки тариқи суд мехоҳанд пайвандонашон ҳукми мурдаро гиранд. Зеро вақте суд нафари гумшударо мурда ҳукм мекунад, ба пайвандони онҳо ҷубронпулӣ дода мешавад.»

Хонум Абдураҳмонова ҳамчунин мегӯяд, бештари шарҳрвандоне, ки пайвандонашонро дар солҳои чанги дохилӣ гум кардаанд, мегӯянд онҳо дар водии Рашт ва ё ноҳияи Панҷ беному нишон шудаанд. Ин аст, ки падару модарон гумон мекунанд, фарзандонашон ба Афғонистон ё Покистон рафтаанд ё маҷбуран ба ин кишварҳо бурда шудаанд. Шахси гумшуда, агар наздиконаш ба додгоҳ муроҷиат кунанд, пас аз 3 соли ҷустуҷӯ мурда шумурда мешавад.

Насрулло Маҳмудов, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд: «Барои мурда эътироф кардани нафари гумшуда пас аз се сол ба додгоҳ бояд муроҷиат кунанд. То ба додгоҳ муроҷиат накунанд аз гумшудани онҳо чанд соле гузашта бошад ӯ наметавонад мурда эътироф шавад.»

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли охир дар қаламрави ин кишвар 614 нафар бедарак шуда ва мақомот дар талоши пайдо кардани онҳоянд. Ин ҳам дар ҳоле ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, тайи 20 соли ахир 560 сокини вилояти Суғд дар Русия беному нишон шуда ва то ҳол аз онҳо хабаре нест. Ин рақам дар натиҷаи як пурсиши хонабахонаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ошкор шудааст. Аммо айни чунин арқом дар сатҳи ҷумҳурӣ то ҳанӯз гирдоварӣ ва нашр нашудааст.

https://www.youtube.com/watch?v=p7q2kB2tXv8&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A&feature=c4-overview

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG