Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

158 парванда алайҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар 6 моҳ


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон.

Додситонии кулли Тоҷикистон аз даст доштани кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷиноят ва мамониати волидайн ба таҳсили фарзандон изҳори ташвиш кард.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар нишасти хабариаш гуфт, дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ алайҳи худи кормандони ҳифзи ҳуқуқ 158 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Вай гуфт, ки ин парвандаҳо нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои роҳ додан ба ҷиноятҳои мухталиф боз шуда ва муҷозот шудаанд. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Салимзода, нисбати 7 тан аз кормандони додситонӣ парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Додситони кулли Тоҷикистон аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба монеъ шудани фарзандон ба таҳсил тавассути шаҳрвандон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, дар нимсолаи аввал 75 парвандаи ҷиноӣ алайҳи волидайн бо гумони мамониат ба таҳсили фарзандон боз шудааст. Ба таъкиди ӯ, бештари ин парвандаҳо ба монеъ шудани таҳсили духтарон рабт дошта, падару модарон дидаву дониста ба таҳсили фарзандонашон монеъ шудаву мавриди муҷозот қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи додситони кулл, дар чорчӯби қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон низ 78 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар маҷмӯъ, дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 10 361 ҷинояти мухталиф содир шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 957 ҷиноят бештар аст.

Ҳодисаҳои Хоруғ

Бо зикри рӯйдодҳои хунини як сол пеши Бадахшон, додситони Шерхон Салимзода аз он изҳори таассуф кард, ки дар ин ҳаводис "чанд нафар ҳалок шуданд ва ҷони онҳоро баргардонида" намешавад. Вай афзуд, бояд ҳамагон ва ба вижа ҷомеаи шаҳрвандии кишвар тамоми ҳамкорӣ ва талошро кунанд, ки ин гуна ҳодисаҳо дигарбора рӯй надиҳанд.

Ҷаноби Салимзода дар бораи сабабҳои воқеаи Бадахшон гуфт, ки "пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 гурӯҳе аз фармондеҳони мухолиф ба давлат пайвастанд ва гурӯҳе ба соҳибкорӣ даст зад, аммо чаҳор тан аз онҳо ба ваъдаашон вафо накарданд ва силоҳи ғайриқонунӣ ба даст оварда, ҷавононро ба гурӯҳи худ шомил карданд." Ба таъкиди додситони кулл, "ин гурӯҳҳо алайҳи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла додситонӣ, амалҳои ғайриқонуниро раво диданд."

Додситони кул гуфт, дар пайи амалиёти неруҳои давлатӣ дар моҳи августи соли гузашта аз ин гурӯҳҳо 325 адад силоҳу муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.

Шаш мавриди муроҷиат дар бораи шиканҷа

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 6 мавриди муроҷиат дар бораи вуҷуди шиканҷа ба мақомоти додситонӣ сурат гирифтааст.

Шерхон Салимзода гуфт, аз ин 6 маврид 3 мавридаш тасдиқ ва нисбати 3 муроҷиат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дуи он ба шиканҷа ва яке ба берун шудан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ дахл дорад. Феълан, ба гуфтаи ӯ, ду парванда нисбат ба маъмурони пулис дар додгоҳ баррасӣ мешавад.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG