Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Музокироти сулҳи Сурия паси дарҳои баста мегузарад". ВИДЕО


Оғози музокироти сулҳи Сурия дар Остона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Дар музокироти ҳалли муноқишаи Сурия, ки рӯзи 23 январ дар Остона оғоз шуд, мухолифини Сурия гуфтанд, омода ҳастанд танҳо риояи оташбасро баҳс кунад. Дар ин бора намояндаи расмии ҳайати мухолифин Яҳё ал-Аридӣ ба хабаргузории Reuters иттилоъ дод. Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, дар музокирот намояндагони ҳукумати Сурия, мухолифин, Русия, Туркия ва Эрон ширкат хоҳанд дошт. Сафири Амрико дар Қазоқистон ва фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид Стеффан де Мистура дар ин нишаст ба сифати нозир иштирок мекунанд.

Нишасти ибтидоӣ бинобар печидагии ин мавзӯъ, ки оё ҳайатҳои Сурия омодаанд бо ҳам бинишинанд, дер шурӯъ шуд. Як манбаи беном ба хабаргузории Interfax гуфт, ки ҳайати ҳукумати Сутрия дар паҳлӯи намояндагони Эрон ва ҳайати мухолифин бо намояндагонии Туркия нишастанд. ​

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, музокироти сулҳи Сурия баъд аз нисфирӯзи 24 январ хотима ёфта, баъдан нишасти матбуотӣ баргузор хоҳад шуд.

Мухолифони Сурия барои иштирок дар ин музокирот 50 намояндаи худро фиристодаанд. Як манбаи онҳо дар сӯҳбат бо хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, ҳайати мухолифон аз он норизост, ки ҳукумати Сурия ба ин гуфтугӯ на низомиҳо, балки асосан сиёсатмадоронро фиристодааст. Вай гуфтааст, қаблан барномарезӣ шуда буд, ки дар як тарафи мизи музокирот низомиҳои давлати Сурия ҳузур пайдо мекунанд. Вале ба таври расмӣ ҷонибҳо дар ин бора гап назадаанд.

Стеффан де Мистура
Стеффан де Мистура

Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта ба ин музокирот ягон ҳайат намефиристад, вале сафираш дар Қазоқистон Ҷорҷ Крол ҷониби Иёлоти Муттаҳидаро намояндагӣ мекунад. Сиёсатшиноси қазоқ Расул Ҷумалӣ музокироти сулҳи Сурияро дар Остона барои кишварҳои аврупоӣ, Амрико, Ховари Миёна ва Қазоқистону Русия муҳим донист. Ӯ гуфт, "ҷанги Сурия хунрезӣ ва мушкили бузург аст." Вале афзуд, "баъид аст, намояндагони "мухолифони динӣ", ки нирӯҳои ҳалкунанда ҳастанд, ба ин музокирот биёянд. Асосан намояндагони Башор Асад аз Димишқ ва намояндагони "мухолифони дунявӣ" иштирок хоҳанд кард", - афзуд ӯ.

Моҳи декабри соли гузашта Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, эълон кард, ки кишвараш пешниҳоди Русияро барои мизбонии гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумат ва мухолифони Башор Асад пазируфтаст. Назарбоев баъди мулоқот бо Владимир Путин дар шаҳри Санкт-Петербруг гуфт, «кишвараш омодаи истиқбол аз тамоми тарафҳо барои анҷоми музокирот дар шаҳри Остона аст.»

Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин
Нурсултон Назарбоев ва Владимир Путин

Аз он пештар Путин гуфта буд, Русия, Эрон ва Туркия ҳамроҳи Башор Асад, президенти Сурия мувофиқат кардаанд, ки «Қазоқистони бетараф» метавонад ҷои муносибе барои баргузории музокироти сулҳ бошад, то дар ҷараёни он роҳи ҳалле барои поёни ҷанги дохилии Сурия пайдо шавад. Дар ҷанги шашсолаи Сурия, Теҳрону Маскав аз ҳукумати Башор Асад ҳимоят кардаанд.

Аз ҷумла, дар як соли гузашта, Русия бо ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи мухолифони ҳукумати Сурия, роҳро барои амалиёти заминии артиши Сурия, ба вижа дар Ҳалаб ҳамвор кардааст. Эрон ҳам аз ҷумлаи пуштибонҳои ҳукумати Башор Асад ба шумор меравад ва дар як соли ахир аз кушта шудани чандин нерӯи худ дар Сурия хабар дод.

Аммо Туркия аз мухолифони Башор Асад пуштибонӣ мекунад ва дар гузашта барканории ӯро яке аз роҳҳои ҳалли бӯҳрон дар ин кишвари Ховари Миёна медонист. Муовини нахуствазири Туркия Маҳмед Шимшек охири ҳафтаи гузашта дар нишасти иқтисодии Даввос гуфт, Анкара дигар барои истеъфои Башор Асад пофишорӣ нахоҳад кард. Вале Шимшек гуфт, Туркия дар ҳамон мавқеи худ содиқ аст, ки бовар дорад, фоҷиаи Сурия бо айби Асад рух додааст.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, музокироти сулҳи Сурия баъд аз нисфирӯзи 24 январ хотима ёфта, баъдан нишасти матбуотӣ баргузор хоҳад шуд. Онҳо умед доранд, дар ин нишаст ҳадди ақалл даричаи ҳалли бӯҳрони Сурия боз хоҳад шуд, ки шаш сол ба ин тараф саҳнаи даргириҳост. Дар ин муддат, ба тахмини Созмони Милали Муттаҳид, дар Сурия 300 ҳазор нафар кушта шуда ва 11 миллион нафар хонаву дари худро тарк кардаанд.

XS
SM
MD
LG