Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия рӯзи якшанбе дар нахустин суханронии худ тайи чанд моҳи гузашта гуфт, бо мухолифон, ки аз хориҷ дастур мегиранд, вориди музокира нахоҳад шуд.

Башор Асад, ки дар толори Операи Димишқ суханронӣ мекард, гуфт, "мо ҳеҷ роҳи ҳалли дипломатиро рад накардем. Мо бо музокира мувофиқ будем ва аз роҳи ҳалли дипломатӣ истиқбол кардем. Аммо бо чӣ касоне мехоҳем вориди музокира шавем? Бо ифротгароёне, ки ба ҷуз терроризм ва хунрезӣ чизи дигаре намефаҳманд?”

Раисиҷумҳури Сурия пешниҳод кард, ки конфаронс оид ба мусолиҳаи миллӣ даъват шавад ва тарҳи нави Қонуни асосӣ таҳия гардад. Ва аммо ӯ ҳама гуна гуфтушунид бо мухолифини мусаллаҳ ё ба гуфтаи ӯ “дастнишондаҳои Ғарб”-ро рад кард ва гуфт, тарҳи мусолиҳаи ӯ дар ҳоле метавонад амалӣ шавад, ки кишварҳои ғарбӣ ва минтақа сармоягузории ин "гурӯҳҳои ҷинояткор"-ро қатъ кунанд.

Башор Асад мардумро “барои дифоъ аз душманон” даъват кард, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳифзи кишвар вазифаи ҳама шаҳрвандон аст.

Раисиҷумҳур бори дигар мухолифини мусаллаҳро дар терроризм ва ҳамлаҳо ба шаҳрҳои Сурия айбдор намуд. Ӯ гуфт, ин душманон изҳор мекунанд, ки барои инқилоб меҷанганд, вале амали онҳо умумияте бо инқилоб надорад ва кӣ ба ин инқилоб сарварӣ мекунад, маълум нест.

Башор Асад аз машаққату азияти мардум дар ҷанги шаҳрвандӣ изҳори тассуф кард ва гуфт, ки “абри сиёҳ”-и дард ҳама кишварро фаро гирифтааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, “имрӯз ман ба чеҳраҳои шумо, ба чеҳраҳои фарзандони кишварам менигарам. Ман ба чашми кӯдакони Сурия мениграм ва табассуми масъуми онҳоро намебинам ва хандаи беғаши онҳоро намешунавам. Ман бозиҳоеро ҳам намебинам, ки чеҳраҳои онҳоро моийл ба табассум кунад. Ман намебинам, ки онҳо бо бозичаҳояшон машғули бозиянд. Ман дасти мӯйсафедонро мегирам ва ҳис мекунам, ки афроди солхӯрда барои писарон ё духтарон ё набераҳояшон дуо мекунанд".

Башор Асад ҳамчунин расонаҳои хабарии хориҷӣ дар он айбдор кард, ки “изҳороти дурӯғини душманон”-ро тарғиб мекунанд.

Нерӯҳои мухолифи ҳукумати Сурия пешниҳоди нави Асадро рад карданд ва гуфтанд, ки ин тарҳ охирин умед барои аз бӯҳрони шадид берун шудани кишварро аз байн мебарад.

Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг пешниҳоди Башор Асадро дурӯягӣ номид ва гуфт, ки бо ваъдаҳои холӣ касеро наметавон фиреб дод”.

Коршиносон низ мегӯянд, мавқеи феълии Башор Асад ба хатми қариби низоъ дар кишвар мусоидат назоҳад кард, ба вижа, ки ба гуфтаи Алиризо Нуризода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, Сурия дар вартаи тақсимшавӣ қарор дорад. “Мегӯянд, агар Башор Асад ноком шавад, дар Лозиқия, ки он ҷо асосан алавиҳо ба сар мебаранд, давлатчаи худ ё давлати алавиҳоро ташкил хоҳад кард. Сунниҳо дар минтақаи Ҳалаб, Ҳамо ва марзҳои Туркия давлати алоҳидаи худро хоҳанд сохт. Курдҳо бошанд дар устони Асака ва манотиқе, ки бо Курдистони Ироқ ҳаммарзанд, аз пайи таъсиси давлати худ хоҳанд шуд”, мегӯяд таҳлилгар.

Қабл аз суханронии Асад хабаргузориҳо ҳадс мезаданд, ки ӯ ба мавзӯи ҳалли бӯҳрон дар Сурия ва оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ бо миёнҷигарии СММ тамаркӯз мекунад.

Ба иттилои СММ, тайи тақрибан ду соли низоъ дар Сурия беш аз 60 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо ҳазор нафар кишварро тарк намудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG