Пайвандҳои дастрасӣ

Аслов: "Россия сегодня" ҳанӯз ба чанд шубҳаи мо посух надодааст


Дмитрий Киселев, яке аз мубаллиғони барҷастаи сиёсатҳои Кремл ва раҳбари Оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня"

Дмитрий Киселев, яке аз мубаллиғони барҷастаи сиёсатҳои Кремл ва раҳбари Оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня"

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷараёни сабтиноми Оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня" ҳанӯз идома дорад ва тақдири ояндааш дар рӯзҳо ё моҳҳои наздик маълум хоҳад шуд.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки то ҳол Оҷонсии иттилотии "Россия сегодня" ба чанд шубҳаи онҳо дар бораи бақайдгирии ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон посух надода, ҷараёни сабтиномашро кундтар кардааст.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ, рӯзи 4 фервал дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон гуфт, "мо дар бораи ба қайд гирифтани "Россия сегодня" чанд савол додем. Аммо то ҳозир ба чанд шубҳаи худ ҷавоб нагирифтем. Барои ҳамин, протссес давом дорад ва рӯзҳо ё моҳҳои наздик ҳалли масъала маълум хоҳад шуд."

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар идомаи ин суҳбаташ гуфт, ки ҷониби Русия низ мунтазам дар бораи сарнавишти "Россия сегодня" бо онҳо суҳбат мекунад.

​"Россия сегодня", бузургтарин оҷонсии иттилоотии Русия, рӯзи 14 декабри соли гузашта як гурӯҳи бузурги кормандонашро дар Душанбе ҷавоб дод ва далелашро "бозсозии кадрӣ" номид. Дафтари матбуоти хабаргузории русӣ бозсозии кадриро чорабиние тибқи нақша унвон карда гуфт, ки он ба фаъолияти эҷодии оҷонсӣ таъсир нахоҳад гузошт.

Бархе аз хабарнигорони "Россия сегодня"​ дар Душанбе аз сӯҳбат бо мо дар бораи аз кор ҷавоб шуданашон худдорӣ карданд. Аммо як манбаи наздик ба намояндагии "Россия сегодня"​ дар Тоҷикистон гуфт, ки то кунун барои кор дар ин расонаи русӣ 15 нафар ҷалб шуда буданд ва даҳ нафари онҳо корашонро аз даст додаанд. Ба иттилои манбаъ, ҳамагӣ панҷ нафар барои идомаи кор дар Душанбе боқӣ монда, бархе аз онҳо барои кор дар Русия низ даъват шудаанд.

Як хабарнигори наздик ба ин расона дар Душанбе дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки нахуст мояи норизоияи мақомот "шахсиятҳои журналистони интихобшуда" барои кор дар оҷонсӣ буд. "Яъне мақомот аз он норозӣ буданд, ки афроди барои ҳукумати Тоҷикистон номатлуб мебоист дар ин расона кор мекарданд. Вале баъдан эҳсос шуд, ки мақомот намехоҳанд фаъолияти боз як шабакаи мубаллиғи сиёсати давлати Русияро дар қаламрави кишвар роҳ диҳанд", гуфт ӯ. Як хабарнигори рус, ки рӯзи 4 феврал мехост ин мавзӯъро дар нашрияи бонуфузи чопи Маскав матраҳ кунад, дар сӯҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт, барояш вокуниши сардабирон ғайримунтазира буд: "Вақте ман хостам, ки дар ин бора гузориш нависам, ба ман гуфтанд, ки беҳтараш аз пӯшиши ин мавзӯъ худдорӣ кунем. Фикр мекунам, ки роҳ надодани Тоҷикистон ба кори як оҷонсии зери назари Путин чун як камбудии ҷиддии ҳукумати Русия арзёбӣ мешавад ва онҳо намехоҳанд, ки ин мавзӯъро дар дохили Русия ҳам барҷаста кунанд".

"Россия сегодня" ду соли пеш намояндагияш дар Тоҷикистонро боз кард, аммо ба далели сабти ном нашуданаш дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон натавонист расман корашро пеш барад. Аммо ин оҷонсӣ тайи як соли гузашта гурӯҳе аз хабарнигорони расонаҳои Тоҷикистонро ба кор ҷалб кард. Дар оғоз раҳбарии намояндагии "Россия сегодня"-ро дар Тоҷикистон Парвина Ибодова бар ӯҳда дошт ва баъдан ин вазифа ба дӯши Дмитрий Писаренко афтод. Охирҳои моҳи ноябри соли гузашта Писаренко низ ба Маскав бозхонд шуд ва ҳоло ӯ раиси дафтари "Россия сегодня" дар Арманистон аст.

Оҷонсии байналмиллалии иттилоотии "Россия сегодня" ​корхонаи воҳиди давлатии федералӣ аст, ки аз сӯи Владимир Путин дар заминаи оҷонсии “РИА Новости” ва радиои “Голос России” ба хотири таблиғи сиёсати давлатии Русия дар хориҷ моҳи декабри соли 2013 ташкил шудааст. Ин расона ҳоло бо номи “Спутник” низ фаъолият дорад, ки ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла форсӣ, узбакӣ ва қирғизӣ низ хабар нашр мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 10 расонаи русӣ, ба шумули шабакаҳои телевизионии “Россия” ва “ОРТ”, “ТАСС”, “Фото “Итар ТАСС”, рӯзномаҳои “Транспорт России”, хабаргузориҳои “Регнум” ва “Интерфакс” фаъолият доранд. Танҳо ду расонаи пойгоҳи низомии 201 – “ТВ 201” ва “Солдат России” бар пояи созишномаи миёни ду кишвар фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, рӯзномаи “Российская газета” низ ният дорад дар Тоҷикистон дафтари худро боз карда бо иловаи замимаи хабарҳои Тоҷикистон онро дар Душанбе ба нашр расонад.

То ба ҳол расонаҳои Русия дар Тоҷикистон яктоӣ хабарнигор доранд, ки барои хонандагони ин кишвар матлаб таҳия мекунанд. Вале "Россия сегодня" барои бахшҳои русӣ ва тоҷикии намояндагии ин расона дар Тоҷикистон 15 хабарнигорро истихдом карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG