Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Иркутски Русия мурофиаи додгоҳии Аслиддин Ҳомидов - шаҳрванди Тоҷикистон ба поён расид.

Аслиддин Ҳомидов барои куштор муттаҳам дониста мешавад. Дар натиҷаи расидагӣ маълум шуд, ки Аслиддин дар шаҳраки Имаи ин вилоят дар дохили корхонаи чӯбу тахта ба сӯи гурӯҳи ҷинояткор оташ кушодааст ва 4 нафар ба қатл расидаанд. Ба гуфтаи Раҳимбек Наботов - раҳбари яке аз ҷамъиятҳои тоҷикони вилояти Иркутск, гурӯҳе аз рекетҳо ё авбошони маҳаллӣ ба назди бародарон Ҳомидовҳо омадаанд ва шарт гузоштаанд, ки ҳар моҳ ба онҳо 500 000 рубли русӣ ҳақ диҳанд.

Бино ба шарти гузошташуда, танҳо дар сурати пардохти ин маблағ Ҳомидовҳо метавонистанд кори худро дар корхона идома диҳанд. "Вале Ҳомидов Аслиддин наметавонист ин маблағро ба авбошон пардохт кунад", гуфт Раҳимбек Наботов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ. Наботов, ки аз ҷараёни додгоҳ мушоҳида мекард, гуфт:

- Тоҷикон дар ҳамин ҷо дар корхонаи чӯбу тахта кор мекарданд. Ин корхонаи хусусии худашон буд. Як гурӯҳ аз бачаҳои маҳалии рус, ки ба забони русӣ рекет мегӯянд, онҳоро зери чатри худ нигоҳ медоштаанд ва аз онҳо маблағе меситонидаанд. Онҳо омадаанд ва аз бачаҳои тоҷик маблағи зиёдтар талаб кардаанд. Моҳе 500 000 рубли русӣ. Тоҷикон ба ин розӣ нашуданд ва байнашон ҷанг шуд. Дар ин задухӯрд рекетро куштанд. Тоҷикбачаҳоро кофтанд ва чанд нафарро боздошт карданд. Хулоса ба ҳамон одаме, ки парронда буд, яъне ба Аслиддин се сол доданд. Фақат ҳамин як нафарро, дигаронро додгоҳ озод кард, - гуфт Наботов.


Ба гуфтаи ӯ, тарафдорони нафарони кушташуда аз ҳукми додгоҳ норозӣ монданд. "Суд тарафгирӣ накард. Суд гуфт, ки ин одамон омада дар ин ҷо кор мекунанд. Ба вилоят ва ба Русия андоз месупоранд. Вале шумо кор намекунед, майнӯшӣ карда истодаед. Инҳо кор мекунанд", нақл кард дар идома ин шаҳрванди Тоҷикистон.

Мӯҳлати сесолаи зиндонро, тибқи ҳукми додгоҳ, А.Ҳомидов бояд дар зиндони шаҳри Ангарск сипарӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG