Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат ҳаққи президентро дар лағви таҳримҳои зидди Русия маҳдуд мекунад


Сенатор Чак Шумер
Сенатор Чак Шумер

Демократи маъруф дар Сенати Иёлоти Муттаҳида Чак Шумер тарҳеро бо пуштибонии ду ҳизб пайгирӣ мекунад, ки дар заминаи он президент Доналд Трамп барои лағви ҳамагуна таҳрим алайҳи Русия бояд тасдиқи Конгрессро ба даст биёрад. Чак Шумер, ки аз ақаллият дар Сенат намояндагӣ мекунад, рӯзи 22 январ ба шабакаи телевизионии ABC гуфт, сенаторҳои пешсафи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Ҷон Маккейн ва Линдси Грэм аз ин ибтикор пуштибонӣ мекунанд.

Онҳо интизор доранд, ки ин тарҳ то охири ҳафтаи равон пешниҳод шавад.

Шумер бо ишора ба дахолати Русия ба низои мусаллаҳона дар Украина ва эҳтимоли дахолати он ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико гуфт, "ин кишвар таҳдидеро ба бор меорад, ки мо дар тӯли таърихи Амрико ҳеҷ гоҳ ба он рӯ ба рӯ нашудаем".

Президенти Амрико Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ барои ҳамкории наздик бо Русия изҳори умед ва аз Владимир Путин ситоиш карда буд.

XS
SM
MD
LG