Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумон боз як ширкати чиниро аз боҷи гумрукӣ озод кард


Рӯзи 20-уми ноябр парлумони Тоҷикистон боз як ширкати муштараки тоҷикиву чинии "Тоҷ-Чин"-ро аз боҷи гумрукӣ озод кард.

Аллакай ин чандуми ширкат аст, ки дар Тоҷикистон барои ворид кардани таҷҳизоти техникӣ аз боҷи гумрукӣ озод мешавад. Вале баъзе таҳлилгарон бар онанд, ки на ҳама чунин ширкатҳо ба давлат манфиати зиёд доранд ва ҳатто соҳибони аслии онҳо барои ҷомеа муайян нест.

Саидумар Ҳусайнӣ.
Саидумар Ҳусайнӣ.
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон, намоянда аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, на ҳама ширкатҳое, ки аз боҷи гумрукӣ озод мешаванд, ба манфиати давлат аст. Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, барои қабули ин лоиҳа ҳамаи мутасаддиён гувоҳӣ додаанд, ки ин ширкати истеҳсолӣ аст ва дар мӯҳлати муайян корҳоро анҷом дода, ба давлат андоз месупорад. Вале ба назари ҷаноби Ҳусайнӣ, баъзе аз ширкатҳои соҳибимтиёз манфиате ба давлат надоранд.

Дар ҷаласаи имрӯзаи парлумон Муҳиддин Кабирӣ, вакили мардумӣ ҳам чанде аз ширкатҳоеро, ки аз боҷи гумрукӣ озод шудаанду то ҳол кореро анҷом надодаанд, мисол оварда аст. Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, «меҳмонхонаҳои 5 ситорадор, ки чанд сол боз аз боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд, то ҳол кори сохтмонии худро ба анҷом нарасонданд.»

То ин вақт аз ҷониби парлумони Тоҷикистон чанд ширкат барои ворид кардани таҷҳизоти техникӣ аз боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Дар қатори ширкатҳои озод карда аз боҷи гумрукӣ, ширкати «Осиё-экспресс» - яке аз ширкатҳои Бобак
Занҷонӣ, соҳибкори эронӣ низ мебошад. Ба гуфтаи Саидумар Ҳусайнӣ, дар аввал бисёре аз намояндагони парлумон барои аз боҷи гумрукӣ озод кардани он зидд будаанд. Вале ҳафтаи баъдӣ онро бо раъйи аксар қабул кардаанд. Ҷаноби Ҳусайнӣ аз ҳақиқат дур намедонад, ки дар паси чунин ширкатҳо шахсони воломақоме дар ҳукумат бошад.

Ҳамчунин ширкати IRS ва «Тоҷирон», ки гуфта мешавад ба наздикони раиси ҷумҳур Раҳмон тааллуқ дорад, барои ворид кардани таҷҳизоти техникӣ аз боҷи гумрукӣ озод
Корхонаи сементбарории Ёвон.
Корхонаи сементбарории Ёвон.
шуда буданд. Дигар ширкате, ки бо чунин имтиёз вориди Тоҷикистон шуд, ин ширкати сементбарории "Ҳауксин Ғаюр семент" аст, ки ахиран дар ноҳияи Ёвон сохта шуд ва ба кор шурӯъ кард. Дар назар аст ин корхона солона 1 миллион тонна семент истеҳсол кунад.

Парвиз Муллоҷонов.
Парвиз Муллоҷонов.
Таҳлилгарон мегӯянд, азбаски соҳибони на ҳама ширкатҳои аз боҷи гумрукӣ озод шуда ба ҷомеа маълум аст, зарару манфиати онҳоро ба давлат муайян кардан душвор аст. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгаи тоҷик мегӯяд, чунин таҷриба дар аксари кишварҳо вуҷуд дорад, ки барои манфиати давлат ширкатҳоро аз боҷи гумрукӣ озод кунанд. «Вале набудани маълумоти кофӣ дар барои соҳибони ширкатҳо, ки ба кӣ тааллуқ дорад мушки аст муайян кард манфиату зарари онро».

Вале Ашурбек Расулов, вакили парлумон ва шахси масъули лоиҳаи аз боҷи гумрукӣ озод кардани ширкати «Тоҷ-Чин» дар парлумон ,чунин корро ба манфиати давлат медонад. Ашӯрбек Расулов гуфт, ширкати "Тоҷ-Чин" дар муддати то 10 моҳ сохта шуда ба кор шурӯъ мекунад. Дар бораи манфиати ин ширкат гуфт, «солона ин ширкат 600 000 тонна семент истеҳсол мекунад ва аз он то 50 миллион сомонӣ андоз месупорад. Аллакай худашро мепӯшонад. Ҳамчунин ин маблағҳои соҳибкорони тоҷику чинӣ аст ва аз давлат маблағ сарф намешавад.»

Ширкати "Тоҷ-Чин" бо сармояи 51 дарсадии соҳибкорони чинӣ ва 49 дарсадии соҳибкорони тоҷик бунёд шуда ва дар маҷмӯъ 20 миллион доллар масраф шудааст. Гуфта мешавад, ин корхона бо маблағи 9,8 миллион доллар таҷҳизот ворид мекунад, ки маблағи боҷи гумрукӣ зимни ворид шудан 2,5 миллион долларро ташкил медиҳад.

Баъзе намояндагони парлумон мегӯянд дар таҷриба кам аст, ҳолатҳое, ки чунин лоиҳаҳо ба парлумон ворид шаванду боз гарданд. Дар таҷрибаи чанд соли охир танҳо ширкати «Осиё-экспресс» будааст, ки бо норизогии раиси порлумон боз гаштаву ҳафтаи баъдӣ дубора қабул шудааст. Таҳлилгарон мегӯянд, то ба парлумон омадани чунин лоиҳаҳо, шояд аз ҷониби ҳукумат ва шахсони алоҳида пуштибонӣ мешаванд, ки дигар бозпас намегарданд.

Нуқтаи гузаргоҳи ширкати IRS дар мавзеъи Ҳушёрии Варзоб.
Нуқтаи гузаргоҳи ширкати IRS дар мавзеъи Ҳушёрии Варзоб.
Ашурбек Расулов, мегӯяд азбаски имконияти буҷаи кишвар маҳдуд аст, соҳибкорон агар чунин таҷҳизотро ворид кунанд, ба манфиати кор аст ва аз андози маҳсулоти истеҳсолшуда андоз месупоранд. Вале ширкатҳое ҳастанд, ки ҳам таҷҳизоти техникияшонро бидуни боҷи гумрукӣ ворид кардаанд ва ҳамчунин аз андоз аз арзиши илова шуда озоданд. Ба таври мисол ширкати IRS, ки роҳи қисмати ҷанубии кишварро ба шимол мепайвандад ва бо таъмири роҳ ҳаққи хизматрасонӣ мегирад, вале аз андоз озод аст.
XS
SM
MD
LG