Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷабалиев: “Аз Бозиҳои XVII осиёӣ медал интизорем”


Дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин дар мақоми аввал аст.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон мунтахаби Чин ҳам дар ҳисоби умумидастаӣ ва ҳам бо назардошти сифати медалҳо пешсафи ягона мебошад. Варзишгарони Чин то ҳоло 60 медал – 28 тилло, 14 нуқра ва 18 биринҷӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 46 медал – 14 нишони тилло, 16 нуқра ва 16 биринҷӣ - дар мақомидувум аст. Варзишгарони Ҷопон бо касби 42 медал – 13 нишони тилло, 13 нуқра ва 16 биринҷӣ дар мақоми севуманд.

Тими Муғулистон (3 тилло, 3 нуқра ва 6 биринҷӣ) дар мақоми 4-ум ва мунтахаби Кореяи Шимолӣ (3 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми 5-ум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 23 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст овардаанд ва намояндагони 13 кишвар ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шудаанд.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтахаби Қазоқистон бо 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҷойи 6-ум, Узбакистон бо 1 медали нуқрава 4 биринҷӣ дар ҷойи 17-ум ваТуркманистон бо 1 медали нуқра дар ҷойи 19-ум қарордоранд. Вале варзишгарони Қирғизистону Тоҷикистон то ҳоло медал нагирифтаанд. Инчунин, тими Эрон бо 1 медали тилло ва 2 нуқра дар ҷойи 9-ум аст.

Дар сабқати дзюдо се варзишгари тоҷик – Расул Абдушарифов (-66 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) –барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурданд, вале ноком шуданд. Дар натиҷа ҳарсе ҷойҳои 5-умро соҳиб гаштанд. Вале чор паҳлавони дигари тоҷик - Каъбатулло Аминов (-60 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Фарҳод Раҳимов (-81 кг) ва Дадахон Қурбоналиев (-100 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Имрӯз, 23-юми сентябр, мунтахаби дзюдои Тоҷикистон дар сабқати дастаӣ ширкат мекунад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон (U-23) дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Бозиҳои XVII осиёӣ бар тими Умон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби мунтахаби Тоҷикистон дар 1/8 финал ғолиби гурӯҳи «D» - мунтахаби Ироқ - мебошад. Ин бозӣ 26-уми сентябр дар варзишгоҳи «Хвасон»-и шаҳри Хвасон соати 12.00 ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мо аз варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, варзиши сабук (гурзандозӣ), гуштии озод, гуштии юнониву румӣ ва таэквон-до ВТФ натиҷаҳои баланд, медалҳоро чашмдорем. Инчунин мо аз дзюдочиён умед доштем, ки медал ба даст меоранд, вале паҳлавонони мо имкони хубро аз даст доданд. Бояд гуфт, ки Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони мо имтиҳони ҷиддиест пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия.”

Дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ то 4-уми октябр идома мекунанд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 92 варзишгар, ки 16 нафарашон занонанд, ширкат дорад.

Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 16 намуд - бокс, дзюдо, гуштини озод, гуштии юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ, ушу, софт теннис, қаиқронӣ ва волейболи соҳилӣ рақобат мекунанд.

Дар Бозиҳои XVII осиёӣбеш аз 9500 варзишгари 45 кишвар барои 439 маҷмӯи медалҳо оид ба 36 риштаи варзиш ва 48 намуд сабқат мекунанд. Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат меварзад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.

Дарвоқеъ, варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштини юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР БОЗИҲОИ XVII ОСИЁӢ ДАР ИНЧОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

23 сентябр (сешанбе)

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон.09.00-18.00

КАМОНВАРӢ. Мардонвазанон.10.00-12.2014.30-16.20

ДЗЮДО. Сабқати дастаӣ.14.00-22.00

24 сентябр (чоршанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 50 м (баттерфляй). 09.00-11.30 19.00-19.09

ВОЛЕЙБОЛИ СОҲИЛӢ. Мардон ва занон.09.00-18.00

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -69 кг. 14.00-21.30

БОКС. Мардон. -56 кг, -60 кг. 14.00-17.0019.00-21.30

25 сентябр (панҷшанбе)

ШИНОВАРӢ. Мардон. 100 м (усули озод). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (брасс). 09.00-11.30

Мардон. 50 м (усули озод). 09.00-11.30

БОКС. Мардон. -49 кг, -75 кг.14.00-17.00 19.00-21.30

ВАЗНАБАРДОРӢ. Мардон. -94 кг. 21.00-21.30

26 сентябр (ҷумъа)

БОКС. Мардон. -91 кг.14.00-17.30 19.00-23.00

27 сентябр (шанбе)

ВАРИШИ САБУК.Давидан, 1500 м. Мардон. 10:30-22.25

Гурзандозӣ. Мардон.18.45-20.15

Давидан, 400 м. Мардон. 21:00-22.25

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -57 кг, -70 кг. 13:00-17:00

ҚАИҚРОНӢ ДАР БАЙДАРКА ВА КАНОЭ. Мардон. К1 1000 м, К1 200 м, С1 200 м, К2 200 м. 10:00 – 12:15 14:00-15:05

БОКС. Занон. -51 кг, -60 кг. 14.00-18.00

28 сентябр (якшанбе)

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 1500 м. Мардон.10:30-11.15

Бисёрҳарба. Занон.10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД. Мардон. -65 кг, -97 кг. 13:00-17:00

29 сентябр (душанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Singles/ 09:00-18:29

ВАРЗИШИ САБУК. Бисёрҳарба. Занон. 10:00-11.15

ГУШТИНИ ОЗОД.Мардон. -61 кг, -74 кг, -86 кг. 13:00-17:00

30 сентябр (сешанбе)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -74 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -49 кг, -87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -59 кг, -98 кг. 13:00-17:00

ВАРЗИШИ САБУК. Давидан, 200 м. Мардон. 19:45-22.05

Давидан, 800 м. Мардон. 20:40-22.05

1 октябр (чоршнбе)

ГУШТИНИ ЮНОНИВУ РУМӢ. Мардон. -66 кг, -130 кг. 13:00-17:00

19:00-21:00

ТАЭКВОНДО. Мардон. -80 кг, +87 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

Занон. -57 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

2 октябр (панҷшанбе)

СОФТ ТЕННИС. Мардон. (Doubles) 09:00-14:30

ТАЭКВОНДО. Мардон. -63 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

3 октябр (ҷумъа)

ТАЭКВОНДО. Мардон. -54 кг, -68 кг. 09.30-12-30 14.00-20.00

КАРАТЭ. Мардон. Кумитэ. -60 кг. 11:50-16:50.Занон. +73 кг

Эзоҳ: Агар варзишгарон ва дастаҳо ба даври баъдӣ роҳ ёбанд, он гоҳ аз рӯи ҷадвали Бозиҳои XVII осиёӣ сабқатро идома медиҳанд. Замони баргузории мусобиқот бо вақти маҳаллист.

XS
SM
MD
LG