Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муғулистон – пешсафи Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар Таиланд


Дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Таиланд ҷараён доранд, варзишгарони тоҷик то ҳоло медал ба даст наовардаанд.

Дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Таиланд то рӯзи 23-юми ноябр идома хоҳанд кард, варзишгарони 36 кишвари қора ширкат доранд. Ба барномаи Бозиҳо 28 намуди варзиш дохил аст.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 14 варзишгар (11 мард ва 3 зан) дар 4 намуд – самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гуштии кураш (4 мард) ва волейбол (2 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекунанд.

Нахуст дар сабқати самбо байни мардон ду варзишгари тоҷик -Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кило ва Зайналобуддини Аъзамхон дар вазни то 82 кило вориди рақобат шуданд. Вале ҳарду дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Варзишгарони тоҷик дар намуди ҷиу-ҷитсу низ ноком шуданд. Дар сабқати мардон Сулаймон Ғиёсов (70 кг), Алиҷон Давлатов (70 кг) ва Фарҳод Сафолов (60 кг) ва дар сабқати занон Наргис Нозирова (60 кг) бе медал монданд.

Рӯзи 15-уми ноябр паҳлавони тоҷик Баҳодур Ҳалимов дар сабқати гуштии кураш дар вазни то 66 кг бар варзишгари Ҷопон дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз гуштигири Эрон мағлуб гашт.

Дар сабқати кураш боз се гуштигири тоҷик – Сафарбек Муродов дар вазни то 81 кг рӯзи 16-уми ноябр, Саидҷалол Саидов дар вазни то 90 кг ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 90 кг рӯзи 17-уми ноябр - ширкат хоҳанд кард.

Рӯзи 16-уми ноябр дастаи мардонаи волейболи соҳилӣ (Ҳамроз Фазлоншоев ва Шодӣ Назарамонов) нахустин бозиашро бо тими Таиланд анҷом медиҳад. Дастаи занонаи волейболи соҳилӣ (Махфирати Неъматулло ва Назокати Неъматулло) низ рӯзи якшанбе бо тими Таиланд вориди рақобат мешавад.

Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Муғулистон бо касби 8 медал, аз он ҷумла 6 нишони тилло ва 2 нишони биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мизбонон – варзишгарони Таиланд, ки 21 медал (5 тилло, 7 нуқра ва 9 биринҷӣ) ба даст овардаанд, дар мақоми дувум мебошанд. Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб бо касби 10 медал (4 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор дорад.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 26 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб шудаанд ва намояндагони 13 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гаштаанд. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон 9 медал (3+3+3), Туркманистон 7 медал (1+2+4), Қирғизистон 1 медали нуқра ва Узбакистон 6 медали биринҷӣ ба даст овардаанд. Вале Тоҷикистон то ҳоло медал нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG