Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Asia Airways: Пули экипажи ҳалокшударо Тоҷикистон намедиҳад


Бозмондаҳои ҳавопаймои суқуткардаи АН-12
Бозмондаҳои ҳавопаймои суқуткардаи АН-12

Ширкати ҳавопаймоии “Asia Airways”-и Тоҷикистон мегӯяд, пули ҷуброн ба хонаводаҳои халабонҳои ҳалокшуда дар Судони Ҷанубиро пардохт намекунад.

Нарзиқул Ҳамроев, мудири кулли ширкати ҳавопаймоии “Asia Airways”-и Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат масъулияти пардохти ҷуброн ба хонаводаҳои халабонҳои дар Судони ҷанубӣ ҳалокшударо ба дӯш намегирад. Як ҳавопаймои борбари АН-12, ки дар ширкати “Asia Airways” сабти ном шуда буд, рӯзи 4 ноябр дар фурудгоҳи Ҷуба, пойтахти Судони Ҷанубӣ, болои шаҳраки моҳигирон афтод. Дар натиҷаи ин сониҳа 36 нафар, бо шумули 6 узви экипажи ҳавопаймо – 5 шаҳрванди Арманистон ва як шаҳрванди Русия – ҳалок шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Арманистон қаблан хабар дод, ки ҷасадҳои халабонҳои армании ҳалокшударо дар ин ҳафта аз Судони Ҷанубӣ ба Ереван хоҳанд овард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Арманистон ҳамчунин гуфт, ки пардохти ҷуброн ба хонаводаҳои халабонҳои ҳалокшударо ширкати тоҷикистонии “Asia Airways” бар ӯҳда гирифтааст.

Аммо Нарзиқул Ҳамроев, мудири кулли ин ширкат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро рад кард: “Касе аз мо чунин ваъда надодааст. Ин мушкили мо нест. Ин мушкили онҳоест, ки дар онҷо парвоз мекарданд. Ин ба мо дахл надорад. На Тоҷикистон, на ширкати “Asia Airways” ягон хел масъулият надоранд дар баробари ин қазия.”

Ширкати “Asia Airways” мегӯяд, ҳавопаймои суқуткарда бар асоси шартнома бо молики он – ширкати “Ala International”-и Имороти Муттаҳидаи Араб аз сӯи ширкати судонии “Allied Services Limited” истифода мешуд. Дар изҳороти ширкат гуфта мешавад, ки дар ҳавопаймо ҳатто ASL - се ҳарфи аввали номи “Allied Services Limited” навишта шудааст. Ин ҳавопаймо дар Тоҷикистон, ба гуфтаи масъулони ширкати “Asia Airways”, танҳо сабти ном шуда буд.

Дар пайи сониҳаи ҳавопаймои АН-12 вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълон кард, ки парвозҳои 5 ҳавопаймои дигари борбари ширкати “Asia Airways”-ро то анҷоми таҳқиқи қазияи сониҳа дар Судони Ҷанубӣ муваққатан мутаваққиф кардаанд. Юсуф Раҳмонов, раҳбари департаменти авиатсияи граждании ин вазорат ба Озодӣ гуфт, ҳамин тавр, ҳамаи парки ҳавопаймоҳои ин ширкатро таҳти санҷиш қарор хоҳанд дод, ки оё то куҷо барои анҷоми парвозҳо мувофиқанд. Парки ҳавопаймоҳои “Asia Airways”, бино ба маълумоти сомонаи расмиаш, аз ҳавопаймоҳои борбари Ан-124-100 «Руслан», Ил-76, Ан-12, Ан-32 ва Ан-26 иборат будааст.

Ширкати Антонови Украина, ки ҳавопаймоҳои навъи АН бар асоси тарҳҳои он сохта шудаанд, як рӯз баъд аз суқути ҳавопаймои АН-12 дар Судони Ҷанубӣ гуфт, ки ин ҳавопаймо ҳанӯз соли 1971 дар корхонаи ҳавопаймосозии Тошканд сохта шуда, хеле кӯҳнаву фарсуда буд ва дигар қобили парвоз набуд. Ба гуфтаи масъулони ширкати Антонов, ин ҳавопаймо дар ин авохир аз санҷишҳои лозими фаннӣ низ нагузашта буд.

Гуфта мешавад, ҳавопаймои суқуткардаи АН-12 аз шаҳри Ҷуба ба қасди Палоч дар аёлати Нили боло парвоз мекард, вале дар наздикии фурудгоҳи байналмилалӣ болои як шаҳраки моҳигирон суқут кард ва дар байни қурбониён сокинони ин шаҳрак ҳам ҳастанд. Аз ин сониҳа ду нафар – як кӯдак ва як мард – ҷони солим ба дар овардаанд.

Ин мусофири зиндамонда бо номи Вуор Ароп, ки феълан бо 6 қабурғаи шикаста дар бемористони Ҷуба бистарист, ба хабарнигори Associated Press гуфтааст, ҳарчанд ҳавопаймо боркаш буд, аъзои экипажаш барои ҷайби худ ҳам кор мекарданд ва дар рӯзи сониҳа дар дохили ҳавопаймо ҳудуди 30 мусофир низ парвоз мекард. Вуор Ароп дар Палоч дар як созмони байналмилалӣ кор мекардааст ва он рӯз баъди аёдати наздиконаш мехост ба ҷои кори худ баргардад. Ӯ гуфтааст, дар яке аз кӯчаҳои Ҷуба барои ҳаққи парвоз дар ин ҳавопаймо 500 фунти судонӣ, муодили тақрибан 30 доллар додааст, вале чиптаи расмӣ надошт.

Бо ин ҳол, вазорати нақлиёт ва роҳу кӯпрукҳои Судони Ҷанубӣ гуфтааст, таҳқиқи иллатҳои сониҳаи ҳавопаймои АН-12 идома дорад ва яке аз фарзияҳо эҳтимоли суқути ҳавопаймо ба иллати вазни аз меъёр зиёди борҳоест, ки ин ҳавопаймо бояд ба Палоч мебурд. Ба гуфтаи масъулони ин вазорат, АН-12 он рӯз аз сӯи як тоҷири маҳаллӣ киро шуда буд.

Бино ба охирин хабарҳои расида аз Судони Ҷанубӣ, ҳарду "қуттии сиёҳ"-и ҳавопаймои суқуткарда ёфт шудаанд ва акнун таҳқиқи он бояд дақиқ кунад, ки чаро АН-12 баъди ҳамагӣ чанд дақиқаи ба парвоз хестанаш аз фурудгоҳи Ҷуба суқут кард?

XS
SM
MD
LG