Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Кетрин Эштон аз Тоҷикистон оғоз ёфт


Кетрин Эштон
Кетрин Эштон

Кэтрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, вориди пойтахти Тоҷикистон шудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, Кетрин Эштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо вориди Тоҷикистон шуда, ҳамин лаҳзаҳо дидору гуфтугӯяш бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шудааст.

Бар асоси барномаи сафари Кетрин Эштон, ӯ ҳамчунин бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мулоқот карда, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши кӯмакҳои Аврупо ба Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад намуд.

Тоҷикистон мехоҳад, сармояи кишварҳои аврупоиро ҳар чӣ бештар дар бахшҳои иқтисоди худ ҷалб кунад. Тарҳҳои энержӣ ва корхонаҳои саноати кӯҳӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ба дунболи дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар назар аст, хонум Эштон нишасти матбуотӣ доир намояд.

Интизор мерафт, Кетрин Эштон бо раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ дидору гуфтугӯ намояд, аммо ин вохӯрӣ лағв шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ҲНИТ, намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар тамос бо намояндагони ин ҳизб гуфтаанд, чун муҳлати сафари хонум Эштон ба Тоҷикистон кӯтоҳ аст, мулоқот бо Муҳиддин Кабирӣ баргузор нахоҳад шуд.

Дафтари матбуоти ҲНИТ ба нақл аз қавли намояндагии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, ба ҷои мулоқот бо ҷаноби Кабирӣ, Кэтрин Эштон бо 5 узви ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ хоҳад кард. Интизор меравад, яке аз муовинони раиси ҲНИТ дар шумори панҷ нафар узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар ин мулоқот ҳузур хоҳад дошт.

Силсилабоздидҳои Эштон рцзи душанбе (26-уми ноябр) аз Гурҷистон оғоз шуд ва ҳоло дар кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад. Ӯ пеш аз он ки ба Тоҷикистон ояд, аз Қирғизистону Узбакистон боздид кард. Дирӯз (28-уми ноябр) дар Тошканд хонум Эштон бо Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон роҷеъ ба омодагии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои ҳамоҳангшуда дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузории Аврупо дар Узбакистон, иҷрои таҳҳои муштараки оянда сӯҳбат карданд.

Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, дар мулоқоти Кэтрин Эштон ва Ислом Каримов масъалаҳои муҳими минтақаӣ, аз ҷумла амният ва субот дар Осиёи Марказӣ бо назардошти вазъи Афғонистон баррасӣ шудааст. Эштон рӯзи сешанбе дар мулоқоти вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек таъйид кард, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бо ин кишварҳо барои Иттиҳодияи Аврупо муҳим аст. Вай аз ҷумла ҳуқуқи башар, идораи мунсифонаи умури давлатӣ, кор бо ҷавонон, рушди иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энерживу нақлиёт ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳониро ёдовар шуд.

Ба ақидаи хонум Эштон, дар даҳсолаи ахир ҳамкории Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ густариш ёфтааст. Кетрин Эштон пас аз анҷоми боздидаш аз Тоҷикистон ба Қазоқистон хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG