Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршинос: Ғарб ҳоло дар фикри Украина аст, на Эрон


Кэтрин Эштон ва Муҳаммадҷавод Зариф. Теҳрон. 9 март
Кэтрин Эштон ва Муҳаммадҷавод Зариф. Теҳрон. 9 март

Намояндаи аршади Иттиҳодияи Аврупо дар Теҳрон гуфтааст, ҳанӯз кафолати собите вуҷуд надорад, ки қарордоди фарогир дар масъалаи баҳси ҳастаӣ бо Эрон имзо шавад.

Кэтрин Эштон, масъули сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, изҳор намуд, ки алҳол ягон кафолате барои имзои созиши ҳамаҷонибаи ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон мавҷуд нест. Изҳороти ӯ рӯзи якшанбе, 9 март, дар Теҳрон, дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф садо дод. Оқои Зариф ба хабарнигорон гуфт, Теҳрон фақат созишеро қабул дорад, ки дар он ба ҳаққи кишвар ба дарёфти нерӯи ҳастаӣ арҷ гузошта мешавад.

Раҷаб Сафаров, раиси Пажӯҳишгоҳи масоили Эрон, мақараш дар Маскав, мегӯяд, ки воқеъан ҳам хонум Эштон чун миёнҷигари асосӣ дар музокирот миёни Эрон ва “шашгона” – Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ба изофаи Олмон, наметавонад кафолати имзои созишро диҳад. Аз сӯи дигар, аз нигоҳи коршинос, ин изҳоротро метавон ба гунае чун фишор болои Теҳрон арзёбӣ кард то барои гузаштҳои бузургтар розӣ шавад.

Раҷаб Сафаров афзуд: Фишор болои Теҳрон... яъне, ба мақомоти Эрон гӯшзад карданианд, ки он чӣ то ҳол ба даст омадааст, тақрибан қурбе надорад ва музокирот бо “шашгона” баъд аз анҷоми мӯҳлати муқарраршуда - рӯзи 20 июли соли равон, яъне баъди шаш моҳи имзои созиши муқаддамотӣ, шояд ба натиҷае нарасад. Ҳадаф аз ин гуфтаҳо фишор овардан болои раҳбарияти сиёсии Эрон аст, ки Теҳрон ба гузаштҳои боз ҳам умдатар розӣ шавад ва пеш аз вақт табли шодӣ назанад. Аз сӯи дигар, аз нигоҳи ман, бештари музокиракунандагон, ба вижа, кишварҳои Ғарбӣ, ҳосил шудани созиши ниҳоӣ миёни Эрон ва “шашгона”-ро намехоҳанд, зеро комилан рӯшан аст, ки бисёр кишварҳо ба ҳал шудани қазияи барномаи ҳастаии Эрон ва аз саҳнаи таърихӣ хориҷ шудани он манфиатдор нестанд.“

Раҷаб Сафаров меафзояд, ки аз ҷумла, кишварҳои Халиҷи Форс, аз боқӣ мондани мушкили барномаи ҳастаии Эрон манфиатдоранд, яъне, мухолифати Эрон бо Ғарб аз афзоиши нуфузи Теҳрон дар минтақа ҷилавгирӣ мекунад. Ва онҳо барои ҳалношуда боқӣ мондани ин мушкил талош хоҳанд кард.

Сентрифугаҳои коркарди уран дар корхонаи ҳастаии Натанзи Эрон
Сентрифугаҳои коркарди уран дар корхонаи ҳастаии Натанзи Эрон
Таҳлилгар ба он нукта ҳам ишора мекунад, ки айни ҳол кишварҳои Ғарб пойбанди мушкили Украинаанд ва агар ин қазия ба зудӣ ҳал нашавад, онҳо Эронро ба истилоҳ “фаромӯш” хоҳанд кард. Дар сурати моҳҳои оянда ҳалношуда боқӣ мондани қазияи Украина онҳо бо баҳонае ё тавтеъае имзои созиш оид ба барномаи Эронро ба таъхир мегузоранд ваё онро бидуни сару садои зиёд имзо мекунанд. Раҷаб Сафаров мегӯяд, ки ӯ шахсан ба имзои бидуни сару садои созиш бовар надорад.

Ёдовар мешавем, Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии СММ ба изофаи Олмон дар музокироте дар Женева моҳи ноябри соли гузашта дар мавриди гузаштҳое дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ба созиши муқаддамотӣ расида буданд. Кэтрин Эштон барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти эронии вориди музокироти ҳастаӣ ва баррасии масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ бо мақомоти Эрон рӯзи шанбе вориди Теҳрон шуд.
XS
SM
MD
LG