Пайвандҳои дастрасӣ

"Муршид"-и Толибон гуфт, то хуруҷи хориҷиҳо аз Афғонистон ҷанг идома мекунад


Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар шаҳри Ровилпиндӣ ҳамроҳ бо фармондеҳи артиши Покистон генерал Раҳил Шариф.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар шаҳри Ровилпиндӣ ҳамроҳ бо фармондеҳи артиши Покистон генерал Раҳил Шариф.

Мавлоно Фазлраҳмон, рӯҳониёнии саршиноси покистонӣ, ки ӯро “падари маънавии Толибон” низ ном мебаранд, гуфтааст, то нерӯҳои хориҷӣ ҳузур доранд, ҷанг дар Афғонистон идома хоҳад дошт.

Тибқи иттилои расонаҳои афғонӣ, раиси ҳизби Ҷамъияти уламои ислом дар Покистон Мавлоно Фазлраҳмон рӯзи ҷумъа пас аз мулоқот бо Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳушдор додааст, дар ҳоле, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур дошта бошанд, нооромиҳо домангирӣ Кобул хоҳанд буд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар ҳоли ҳозир дар Исломобод ба сар мебарад ва рӯзи ҷумъа бо ҳамтои покистониаш Мамнун Ҳусейн ва фармондеҳи артиши Покистон генерал Роҳил Шариф мулоқотҳо анҷом додааст. Ин нахустин сафари Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба Покистон пас аз эълон шудани ӯ ба унвони раиси ҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон мебошад.

Мавлоно Фазлраҳмон, ки бисёре аз Толибони афғон дар мадориси таҳти ҳимояти ӯ таҳсил дидаанд ва аз ӯ ба унвони “падари маънавии Толибон” низ ном бурда мешавад, аз раванди сулҳи ҳукумати Кобул бо Ҳаракати Толибони Афғонистон ҳимоят кардааст, аммо ошкоро гуфтааст, ки бо ҳузури нерӯҳои хориҷӣ, Афғонистон ба оромӣ даст нахоҳад ёфт

Мавлоно Фазлраҳмон пас аз мулоқот бо Ашрафғанӣ дар рӯбарӯи хабарнигорон ҷанги Толибонро дар Афғонистон дуруст хонд ва онро ҷанг алайҳи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар он кишвар унвон кард. Вай гуфт, "бо вуҷуди он, ки мо як мавзеи хос дар мавриди амнияти дохилӣ ва ояндаи Афғонистон дорем, ҳузури нерӯҳои хориҷиро ҷоиз намедонем ва ҷанги дифоиро, ки алайҳи ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҷараён дорад, ҷоиз медонем."

Ин раҳбари сиёсӣ ва мазҳабии Покистон афзудааст, "боз ҳам амният ва сулҳ дар Афғонистон аз авлавиятҳои мо мебошад ва аз иқдомоте ки дар бахши беҳбуди равобит миёни ду кишвар ҷараён дорад, ҳимоят ва пуштибонӣ мекунем."

Ин изҳороти Мавлоно Фазлураҳмон дар ҳоле садо дод, ки Сартоҷ Азиз, мушовири амнияти миллии Покистон дар дидор бо Аҳмадзай гуфтааст, ки кишвараш хоҳони ҳамкорӣ бо ҳукумати Афғонистон аст.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳам дар мулоқот бо масъулони покистонӣ гуфтааст, хоҳони равобити амниятӣ ва дифоӣ бо Покистон аст. Оқои Аҳмадзай, ки дар як нишаст бо мақомҳои покистонӣ дар пойгоҳи низомии Ровилпиндӣ дар наздикии Исломобод сухан мегуфт, афзуд, ки ин ҳамкорӣ метавонад шомили омӯзишҳои ҳифозат аз марзҳо бошад. Мақомоти Покистон ба Ашрафғанӣ Аҳмадзай ваъдаи ҳамкорӣ дар амри барқарории сулҳу субот дар Афғонистонро додаанд.

Ашрафғанӣ Аҳмадзай қарор аст имрӯз шанбеи 15 ноябр бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф дидору гуфтугӯ намояд. Ба гуфтаи Тасним Аслам, сухангӯи вазорати умури хориҷии Покистон, ду тараф дар мавриди масоили мухталиф, аз ҷумла сулҳу субот, ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ баҳс хоҳанд кард.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон борҳо Покистонро ба ҳимоят аз Толибон муттаҳам карда ва гуфта буд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ аз минтақаҳои қабиланишини Покистон барои ҳамла ба нерӯҳои афғон ва НАТО истифода мекунанд. Аммо Исломобод ин иттиҳомро ҳамеша радд кардааст.

Қарор аст нерӯҳои эътилофи байналмилал бо раҳбарии Амрико то поёни соли ҷорӣ Афғонистонро тарк кунанд. Ин нерӯҳои дар соли 2001 ва ба дунболи суқути режими Толибон вориди Афғонистон шуданд ва тайи ин солҳо бо нерӯҳои Толибон ва Ал-Қоида даргир буданд. Давоми ин солҳо, бар иловаи нерӯҳои амниятии афғон ва НАТО, ҳазорон мардуми бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд ва бо сари кор омадани ҳукумати нав баъид ба назар мерасад, ки дар кутоҳмуддат ба як сулҳи саросарӣ дар ин кишвар даст ёфт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG