Пайвандҳои дастрасӣ

Ашраф Ғанӣ баъди бештар аз якуним соли расиданаш ба мақоми раиси ҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон меояд. Коршиносон мегӯянд, ки амнияту иқтисод аз мавзӯи аслии сӯҳбатҳои ӯ хоҳад буд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи 10 май ба Тоҷикистон омада, дар оғози сохтмони тарҳи CASA-1000 иштирок хоҳад кард, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 4 май ин сафари Ғаниро таъйид кард.

Ин нахустин боздиди расмии Ашраф Ғанӣ аз Тоҷикистон баъд аз интихобаш ба мақоми раёсати ҷумҳури Афғонистон дар якуним соли пеш аст. Ва ин сафар бо давъати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли ҷорӣ дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳамтои афғонашро ба Тоҷикистон даъват карда буд.

Интизор меравад, дар ҷараёни боздидаш Ашраф Ғанӣ бо мақомоти баландпояи давлативу ҳукуматии Тоҷикистон низ дидор карда, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намояд.

Қосимшоҳ Искандаров

Қосимшоҳ Искандаров

Дар як гуфтугӯ аз Қосимшоҳ Искандаров, таҳлилгари умури минтақа пурсидем, ки ҷонибҳо дар ҷараёни ин боздид ба чӣ масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ хоҳанд кард?

Искандаров: “Ба фикри мо, дар ин боздид масъалаҳои зиёди ҳамкориҳо баррасӣ хоҳанд шуд. Аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон беш аз якуним сол мегузурад ва ин аввалин боздиди расмӣ аст. Дар ин муддат раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам ба Афғонистон сафари расмӣ надошт. Бо назардошти вазъи имрӯзаи Афғонистон ва шаклгирии бо ном “Давлати исломӣ” ва, инчунин, афзоиши ҳаракатҳои зидди ҳукуматӣ, яъне Толибон, кашидани доманаи ҷанг ба сафаҳоти шимолии Афғонистон дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон, ба назарам, яке аз масъалаҳои муҳими баррасиҳо хоҳад буд. Масъалаи дигар густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя аст. Бо назардошти вазъи кунунии Афғонистон дар баъзе аз бахшҳо ин ҳамкориҳо ба дараҷае, ки имрӯз зарурат пеш омадааст ва вазъият онро тақозо мекунад, бисёр ба кундӣ пеш меравад. Фикр мекунам, ки дар ин бора низ гуфтушунудҳо анҷом мегирад, то ба он суръати нав бахшида шавад. Ҷонибҳо роҳу василаҳои густариши ин ҳамкориҳоро дар марҳилаи кунунӣ ҷустуҷӯ мекунанд.”

Озодӣ: Ин ду кишвари ҳамсоя аз лиҳози иқтисодӣ ақибмонда ҳастанд. Оё додугирифти коло миёни ин ду кишвар имкон дорад ва ё тарҳҳое барои сохтмон дар ин ду кишвар имконпазир ҳаст?

Искандаров: “Бале, барои суръат бахшидани доду гирифти коло ва рушди тиҷорат мо шароит дорем. Вале, муттаассифона, боз ҳам шароити амниятии шимоли Афғонистон ба чунин ҳамкориҳо халал мерасонад. Албатта, бозорҳои марзӣ дар қисмати Бадахшон вуҷуд доранд. Дар ин бозорҳо табодули коло сурат мегирад. Ҳамкориҳои дигар ҳам ҳаст, аз ҷумла фурӯши барқи Тоҷикистон ба Афғонистон. Бадахшони мо ба ноҳияҳои Бадахшони Афғонистон барқ медиҳад. Яке аз пружаҳои бисёр муҳим сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон мебошад, ки дар бораи он соли 2013 дар Ишқобод қарордод имзо шуда буд ва имрӯз, муттаассифона, оғози корҳои сохтмонии ин пружа дар Афғонистон ба чашм намехӯрад. Гузашта аз ин, кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Покистон ҳам тарҳи муҳим мебошад. Агар вазъияти кунунии Афғонистон дар ҳамин ҳол боқӣ бимонад, пиёда кардани ин тарҳҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад.”

Озодӣ: Аксари таҳлилгарон ҳамкориҳои амниятиро дар дараҷаи аввал мегузоранд. Шумо дар ин бора чӣ назар доред? (Албатта, ишораҳое дар ин бора кардед)

Искандаров: “Мушкилоти оғози музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибон то ҳол боқӣ мемонад ва дар он дастоварде дида намешавад. Вазъ тақозо мекунад, ки масъалаҳои амниятӣ ва таҳкими марзҳо бояд меҳвари аслии ин музокиротро ташкил диҳад. Дар Тоҷикистон зарурати таҳкими марзҳоро фаҳмидаанд ва ин кор амалӣ ҳам мешавад. Ин кор ҳам дар доираи тадбирҳое, ки худи ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳад ва ҳам дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои Созмони Паймони Амнияти Дастиҷамъӣ сурат мегирад. Вале аз он тарафи марз ташкили нирӯи вижае барои таҳкими амнияти марз, ба назарам, мушкилтар аст.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG