Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад мегӯяд, Сурияро тарк нахоҳад кард


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия.
Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия.

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия мегӯяд, ҳеҷ қасди канорагирӣ аз қудрат ва тарки ватанашро надорад.

Раиси ҷумҳури Сурия рӯзи панҷшанбе дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт: “Ман лӯхтак нестам. Маро дар Ғарб насохтаанд, ки ба онҷо биравам, ё ба ҳар кишвари дигар. Ман зодаи Сурия ҳастам ва ман бояд дар Сурия зиндагӣ кунам ва дар ҳаминҷо бимирам. “

Башор Асад дар ин бора зимни мусоҳиба бо телевизиони давлатии инглисизабони Русия сӯҳбат кард. Раиси ҷумҳури Сурия ҳамчунин гуфт, ба эътиқоди вай, Ғарб ба кишвари ӯ мудохилаи низомӣ нахоҳад кард: “Ба андешаи ман, ин таҷовуз, агар сурат бигирад, барои ҷаҳон бисёр гарон меафтад. Мо ягона такягоҳи низоми дунявӣ ва субот ва ҳамзистии осоишта дар минтақа ҳастем ва агар мушкиле дар Сурия пеш биёяд, дар он сурат таъсири он занҷираӣ хоҳад буд ва ба тамоми ҷаҳон асар хоҳад гузошт аз Атлантик то ба Уқёнусия. “

Сурия бештар аз як сол аст, ки дар гирдоби ҷанги шаҳрвандист. Созмони Нозири Ҳуқуқи Инсон дар Сурия, ки дар шаҳри Ландан қароргоҳ дорад, мегӯяд, ки аз моҳи марти соли 2011 то кунун, дар Сурия тақрибан 37 ҳазор нафар ва аксаран мардуми осоишта кушта шудаанд. Ба гуфтаи дипломатҳо ва нозирон, авзоъ дар ин кишвар рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, рӯзи панҷшанбе гуфт, ки дигар ин созмон ба танҳоӣ ба мушкили мардуми муҳтоҷ дар Сурия расидагӣ карда наметавонад.

Питер Маурер, раиси созмон дар шаҳри Женева гуфт: “Авзоъи башарӣ дар Сурия ба далели муноқиша бадтар мешавад. Агарчӣ амалиётҳои кӯмакии мо дар Сурия бештар мешавад, аммо ба далели бадтар шудани авзоъ, мо аз ӯҳдаи ҳамаи ин кор намебароем.“

Ба гуфтаи Питер Маурер, дар Сурия маҳалҳое ҳаст, ки бинобар идомаи ҷангҳо созмони онҳо наметавонад ба мардуми мӯҳтоҷи он ҷойҳо кӯмак бирасонад. Ба қавли раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, созмони онҳо ҳатто намедонад, ки авзоъ дар он маҳалҳо чӣ гуна аст.

Дуртар аз Сурия дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, гурӯҳҳои мухталифи мухолифи давлат дар Сурия масъалаи таъсиси як шӯрои 50 нафариро баррасӣ мекунанд, ки фаъолияти шӯришиён дар он кишварро ҳамоҳанг намояд ва масъалаи тағйири қудратро бо ҳукумати Сурия баррасӣ кунад.

Шӯрои Миллии Сурия, як гурӯҳи аслии мухолифони давлатро, ки аксаран аз дигарандешҳои табъидии Сурия ва аъзои Ихвонулмуслимин таркиб ёфтааст, танқид кардаанд, ки аз дасташ кори зиёде намеояд. Амрико гуфтааст, умедвори дидани як ҳаракати мухолифини муташаккилу фарогир дар Сурия аст, ки ҳамаи гурӯҳҳои мухолиф ба шумули шӯришиёну фаъолонеро, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад меҷанганд, намояндагӣ кунад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG