Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив рақибони Тоҷикистон шуданд


Бар асоси қуръакашӣ, ки имрӯз, 21 апрел, дар қароргоҳи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия - доир шуд, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив рақобат мекунад.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив аз 31 октябр то 8 ноябри соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-19) ҳамагӣ 43 даста дар ду минтақа – Ғарбӣ (22) ва Шарқӣ (21) ширкат меварзад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 10 гурӯҳ таъсис ёфтааст.

Ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола ғолибони 10 гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола:

Минтақаи ғарбӣ

Гурӯҳи «А»: Баҳрайн, ИМА, Умон, Непал, Қирғизистон (мизбон).

Гурӯҳи «B»: Ӯзбекистон, Тоҷикистон (мизбон), Бангладеш, Шри-Ланка, Молдив.

Гурӯҳи «С»: Ироқ, Қатар (мизбон), Лубнон, Афғонистон.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Яман, Туркманистон, Ҳиндустон.

Гурӯҳи «E»: Эрон (мизбон), Фаластин, Урдун, Сурия.

Минтақаи шарқӣ

Гурӯҳи «F»: Кореяи ҷанубӣ (мизбон), Малайзия, Тимори шарқӣ, Бруней, Индонезия.

Гурӯҳи «G»: Чин, Мянмар, Филиппин, Камбоҷа (мизбон).

Гурӯҳи «H»: Ветнам, Лаос, Тайван, Макао.

Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Тайланд, Сингапур, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «J»: Австралия, Кореяи шимолӣ, Ҳонконг, Ҷазоири Мариани шимолӣ.

XS
SM
MD
LG