Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои нахустин бозиҳои мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Мусобиқаи имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон 14 апрел оғоз ёфт. Дар ду бозии аввал «Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар майдони худ «Зарбдор»-и Исфараро бо ҳисоби 4:2 ва «Маҳаллаи 83»-и Душанбе дар меҳмонӣ «Равшан»-и Кӯлобро боҳисоби 4:1 шикаст доданд.

Се бозии дигари даври аввал 15 апрел барпо гардид. «Зарафшон»-и Панҷакент аз дастаи меҳмон - «Эсхата»-и Хуҷанд – бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт. Бозии «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо «Сомон»-и Данғара бо ҳисоби мусовии 1:1 ба охир расид. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 2:3 ноком шуд.

Даври аввали мусобиқа 16 апрел бо бозӣ миёни дастаҳои «Локомотив-Помир»-и Душанбе – «Саройкамар»-и Панҷ ба поён расид. Дар ин дидор меҳмонон – футболбозони ноҳияи Панҷ – бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон рӯзҳои 20-21 апрел баргузор мешаванд.

Мусобиқаи имсола бо ширкати 12 даста дар ду давра доир мешавад. Ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки мақоми аввалро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи лигаи олӣ дар соли 2018 мегардад. Аммо дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, бо тими дар мусобиқаи лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғолкарда барои ҳуқуқи ширкат кардан дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2018 мубориза мебарад.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 1-ум

«Кӯктош» – «Зарбдор» – 4:2

Голҳо: Адҳам Абдуллоев, 21 (1:0). Далер Қурбонов, 25 (2:0). Насибулло Акрамов, 49 (2:1). Адҳам Абдуллоев, 54 (3:1). Хушбахт Назиров, 57 – аз пеналтӣ (3:2). Азизбек Султонов, 78 (4:2).

Аз майдон хориҷ шуд: Фаридун Неъматов («Кӯктош»), 77 – корти 2-юми зард.

14 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 2000 тамошобин.

«Равшан» – «Маҳаллаи 83» – 1:4

Голҳо: Ҷастис Агией Канкам, 12 (0:1). Сайидамири Сайдаҳмад, 25 (1:1). Ҷастис Агией Канкам, 56 (1:2). Сафаралӣ Аҳмад, 73 (1:3). Ҷастис Агией Канкам, 90+2 (1:4).

Аз майдон хориҷ шуд: Тоҳири Баҳром («Равшан»), 75 – корти 2-юми зард.

14 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

«Зарафшон» – «Эсхата» – 0:2

Голҳо: Рустам Сабуров, 63 (0:1). Ҷӯрабой Исоев, 90 (0:2).

15 апрел. Панҷакент. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошобин.

«Ваҳдат» – «Сомон» – 1:1

Голҳо: Фирӯз Бобиев, 53 (0:1). Хайрулло Қодиров, 75 (1:1).

15 апрел. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Ваҳдат». 1500 тамошобин.

«Локомотив-Помир» – «Саройкамар» – 0:1

Гол: Соҳиб Ваҳҳобов, 75.

15 апрел. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошобин.

«Парвоз» – «Ҳулбук» – 2:3

Голҳо: Ҳумоюн Азимов, 11 – аз пеналтӣ (1:0). Зоир Холматов, 13 (1:1). Сӯҳроби Зарифхон, 16 (1:2). Зоир Холматов, 23 (1:3). Абдурашид Мирхолиқов, 66 (2:3).

16 апрел. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Махаллаи 83» (Душанбе)

1

1

0

0

4-1

3

2

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

1

0

0

4-2

3

3

«Эсхата» (Хуҷанд)

1

1

0

0

2-0

3

4

«Ҳулбук» (Восеъ)

1

1

0

0

3-2

3

5

«Саройкамар» (Панҷ)

1

1

0

0

1-0

3

6

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

1

0

1

0

1-1

1

7

«Сомон» (Данғара)

1

0

1

0

1-1

1

8

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

1

0

0

1

2-3

0

9

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

1

0

0

1

0-1

0

10

«Зарбдор» (Исфара)

1

0

0

1

2-4

0

11

«Зарафшон» (Панҷакент)

1

0

0

1

0-2

0

12

«Равшан» (Кӯлоб)

1

0

0

1

1-4

0

Нишонзанҳо: Ҷастис Агией Канкам («Маҳаллаи 83») – 3 тӯб, Адҳам Абдуллоев («Кӯктош»), Зоир Холматов («Ҳулбук») – 2-тӯбӣ.

Даври 2-юм

20 апрел (панҷшанбе)

«Саройкамар» – «Ҳулбук»

«Сомон» – «Парвоз»

«Эсхата» – «Ваҳдат»

«Маҳаллаи 83» – «Зарафшон»

21 апрел (ҷумъа)

«Зарбдор» – «Равшан»

«Локомотив-Помир» – «Кӯктош»

Оғози бозиҳосоати 16:00

XS
SM
MD
LG