Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” баъди пирӯзӣ бар “Панҷшер” дар лигаи олӣ пешсаф шуд


Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар даври шашуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ин бозӣ шаби 14 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба поён расид.

Дастаи «Ҳосилот”-и Фархор бо нӯҳ имтиёз дар зинаи дувум аст. Тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳафт имтиёз дар зинаи севум қарор дорад.

Ҳисобро дар ин бозӣ Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол” ва беҳтарин нишонзани мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар дақиқаи 20-уми дидор боз кард. Голи ҷавобиро дар дақиқаи 58-ум Беҳрӯз Ниёзов ба ҳадаф расонд. Голи дувум ва ҳалкунандаро Дмитрий Барков, легионери русиягии«Истиқлол», дар дақиқаи 66-ум бо зарбаи сар ба дарвозаи меҳмонон ворид намуд.

Ҳамакнун қаҳрамони Тоҷикистон дар даври севуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC -2017 рӯзи сешанбеи 18 апрел бо «Олой»-и Ӯш, қаҳрамони Қирғизистон, рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 19:00 шуруъ мешавад.

“Истиқлол” пас аз пирӯзӣ бар “Панҷшер” дар ҷадвали мусобиқа бо даҳ имтиёз ба зинаи аввал баромад. Дастаи «Ҳосилот”-и Фархор бо нӯҳ имтиёз дар зинаи дувум аст. Тими «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳафт имтиёз дар зинаи севум қарор дорад.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 6-ум:

«Истиқлол» – «Панҷшер» – 2:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 20 – аз пеналтӣ (1:0). Беҳрӯз Ниёзов, 58 (1:1). Дмитрий Барков, 66 (2:1).
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев, Дэвид Мавутор, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Нуриддин Давронов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 46), Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев, Манучеҳр Ҷалилов (Дмитрий Барков, 46).
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ): Сафар Наботов, Равшан Азизов, Алишери Ҳотам, Руслан Тиллоев, Беҳрӯз Ниёзов, Шавкат Худойназаров, Абдухалил Боронов, Ҳасан Холов, Фаррух Фузайлов, Алишер Салимов (Сорбон Авғонов, 90+2), Фирдавс Зайнуллозода (Ҳусейн Умаров, 55).
Огоҳонида шуданд: Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Ниёзов, Равшан Азизов («Панҷшер»).
Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).
14 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

15 апрел (шанбе)
«Регар-ТадАЗ» – ССКА «Помир»

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯронтеппа).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

16 апрел (якшанбе)
«Барқчӣ» – «Хуҷанд»

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).
Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Ҳосилот» – «Вахш»
Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).
Фархор, Варзишгоҳи марказӣ
Оғози бозиҳо – соати 16:00

XS
SM
MD
LG