Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ПВО. Русия ин дафъа домани Тоҷикистонро бо чӣ пур мекунад? САДО


Русия эълон кард, ки бо Тоҷикистону Қирғизистон системаи ягонаи дифои зиддиҳавоӣ таъсис хоҳад дод. Павел Кураченко – муовини аввали фармондеҳи нирӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия – рӯзи 12 апрел гуфт, ки аллакай тарҳи созишнома омода шудааст. Мақомоти Тоҷикистон низ бо тасдиқи хабар гуфтанд, ин санади ҳуқуқиро дар ҳоли ҳозир Вазорати адлияи кишвар баррасӣ дорад.

Тарҳи нави Русия бо Тоҷикистону Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Русия ба ҳеч ваҷҳ ба нирӯҳои Тоҷикистон мушакҳои замонавии С-300 ё С-400-ро намедиҳад. Зеро дар солҳои ахир Русия дар масъалаи кумакҳои низомӣ зиёд ваъда дода, вале ҳамеша “домани моро бо чормағзи пуч пур мекунад

Бино ба иттилои Вазорати дифои Русия, чунин шабакаҳои муштараки зиддиҳавоӣ (ПВО) бо Беларусу Қазоқистон фаъол будааст. Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, рӯзи 12 апрел таъсиси системаи ягонаи дифои зиддиҳавоӣ миёни Русия ва ду кишвари Осиёи Марказиро “пураҳамият” номид. Ӯ гуфт, Тоҷикистон ба системаи ягонаи дифои зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) шомил аст ва дар чаҳорчӯби он нирӯҳои кишвар дар размоишҳои муштарак иштирок мекунанд.

Фаридун Маҳмадалиев
Фаридун Маҳмадалиев

“Пештар нирӯҳои мо бо мушакҳои С-125 ва М1 муҷаҳҳаз буданд, ҳоло ҷойи онҳоро мушакҳои муосири “Печора-2” гирифтаанд. Дар сурати пайдо шудани хатар дар назорат ва муҳофизати марзи Тоҷикистон, ки сарҳади ҷанубии кишварҳои иттиҳод ҳисоб меёбад, нирӯҳои муштараки зиддиҳавоӣ дар рафъи хатар истифода мешаванд. Ҳоло ин система дар навбатдории ҷангӣ қарор дорад”, - афзуд ӯ.

Ба қавли Фаридун Маҳмадализода, дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Афғонистон мушакҳои зиддиҳавоии “Печора-2” насб шудааст, ки ҳадафҳои ҳавоиро дар масофаи 100 километр кашф карда ва дар фосилаи 33 километр нобуд хоҳад кард.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Қазоқистон, бо мушакҳои зиддиҳавоии даврони Иттиҳоди Шӯравӣ мусаллаҳ буда, дар сурати таъсиси системаи воҳиди дифои зиддиҳавоӣ, мумкин аст, ин кишварҳо ба навъҳои муосири мушакҳои сохти Русия, назири С-300 ва С-400 даст ёбанд. Вале Маҳдии Собир, коршиноси масоили низомӣ мегӯяд, ки ба таъмини нирӯҳои дифои зиддиҳавоии Тоҷикистон бо мушакҳои муосири Русия шак дорад. Ӯ гуфт, Тоҷикистон муддатҳост, ки дар системаи ягонаи дифои зиддиҳавоии ИДМ қарор дошта, вале Русия дар навсозии ин шабака коре накардааст.

Вай гуфт, “Русия ба ҳеч ваҷҳ ба нирӯҳои Тоҷикистон мушакҳои замонавии С-300 ё С-400-ро намедиҳад. Зеро дар солҳои ахир Русия дар масъалаи кумакҳои низомӣ зиёд ваъда дода, вале ҳамеша “домани моро бо чормағзи пуч пур мекунад”.

Ба қавли Маҳдии Собир, дар замони Шӯравӣ дар минтақаҳои Мурғоб, Хобуработ, Фахробод, вилояти собиқи Кӯлоб ва минтақаҳои дигари кишвар нирӯҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ фаъолият карда, пас аз фурӯпошии иттиҳод Русия ҳамаи мушакҳо ва радарҳоро бо худ бурдааст.

Навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумлаи ваъдаҳои Маскав дар ивази тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201 буд. Вазири дифои Русия қаблан гуфта буд, ки дар соли 2017 кишвараш ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳои низомии навро дар ихтиёри артиши Тоҷикистон хоҳад гузошт. Аммо рӯшан нест, ки Русия ба ваъдаи худ вафо карда ва чанд адад чунин техникаи низомиро ба Тоҷикистон додааст ё медиҳад.

Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу
Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу

Дар ҳамин ҳол, Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолеоти стратегӣ, қароргоҳаш дар Лондон, моҳи феврали соли гузашта дар гузориши солонааш бо номи “Тавозуни низомӣ-2016” (The Military Balance 2016) артиши Тоҷикистонро аз нигоҳи имконоти низомӣ заиф ва дар амри муқобила бо чолишҳои амниятӣ ва низоъҳои дохилӣ хеле вобастаи нирӯҳои Русия ва Паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) хонда буд.

Артиши Тоҷикистон расман 23 феврали соли 1993 дар заминаи воҳидҳои ниманизомии Фронти халқӣ – ҷониби пирӯз дар соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таъсис ёфт. Тоҷикистон аз байни 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ танҳо кишварест, ки аз мероси Артиши Шӯравӣ бенасиб мондааст.

XS
SM
MD
LG