Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои амниятии Қазоқистон садҳо рӯзноманигор, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътирозгаронро боздошт карданд. Ин боздоштҳо дар пайи дархости гурӯҳҳои мухолифин барои тазоҳурот алайҳи тағйир дар Қонуни замин сурат гирифт.

Рӯзи 21-уми май нерӯҳои амниятии Қазоқистон садҳо нафар рӯзноманигорону фаъолон ва эътирозгаронро дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар боздошт кардаанд. Ин боздоштҳо дар ҳоле анҷом мегиранд, ки мухолифони давлат дар шаҳрҳои мухталиф мардумро даъват кардаанд, то дар эътирозҳо бар зидди тағйирот дар Қонуни замин ширкат варзанд.

Даҳҳо нафар хабарнигорон дар шаҳрҳои Остонаву Алмаато, Қарағандӣ, Орал, Шимкент, ва дар шаҳри Атирау дар ғарби Қазоқистон низ дар миёни боздоштшудагон ҳастанд. Ержан Қарабеков, таҳлилгари умури Қазоқистон дар Радиои Озодӣ гуфт, фақат дар шаҳри Алмаато, ки бузургтарин шаҳри Қазоқистон аст, тақрибан 1000 нафарро ба шӯъбаҳои пулис бурдаанд. Аксари онҳоро раҳо кардаанд, вале садҳо нафари дигар дар шӯъбаҳои пулис бозпурсӣ мешаванд. Шояд онҳоро баъд аз муҷозоти маъмурӣ, яъне баъд аз ҷарима раҳо кунанд.

Дар миёни боздоштшудагон хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ ҳастанд: “Имрӯз дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон 9 нафар хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодиро боздошт карданд. То ин лаҳзаҳо 8 нафари онҳо баъд аз се-чаҳор соати бозпурсӣ онҳоро раҳо кардаанд. Аз онҳо тавзеҳот хостаанд, ки он вақт дар кӯчаву хиёбонҳо бо чӣ кор машғул будаанд. Вале то ҳол Санат Урналиев дар бозодшт аст ва мо дар бораи вай маълумот надорем. Наворҳои видеоии баъзеи онҳоро пок кардаанд. Ин нукта ҷолиб аст, ки ҳатто ду хабарнигори мо ҳангоми боздошти худашон ҳам наворбардориро идома додаанд. Ба мо муйясар шуд, ки навори кӯтоҳи як хабарнигори худро аз ҳамин лаҳзаҳо аз шаҳри Уралск дарстрас кунем ва ба намоиш гузорем.”

Бештар аз 1000 нафар фаъолон ва мардумро низ пулис дар кӯчаву хиёбонҳои наздик ба майдонҳои марказӣ боздошт ва бозпурсӣ кардааст. Даврон Абаев,вазири иттилооту мухобироти Қазоқистон рӯзи 21-уми май гуфт, вай рӯшан хоҳад кард, ки чаро рӯзноманигорон боздошт шудаанд. Ержан Қарабеков мегӯяд, торнамои бахши қазоқии Радиои Озодӣ баста аст. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook ва Youtube низ аз 20 май дар бархе минтақаҳо дастрасӣ қатъ шудааст.

Садҳо нафар мардум талош кардаанд дар Алмаато дар майдони Республика ҷамъ шаванд, вале нерӯҳои пулис онҳоро ё боздошт ва ё пароканда кардаанд. Пулис ба онҳо имкон надодааст, ки вориди майдон шаванд, яъне ҳукумат омодагӣ дида буд, ки ба баргузории чунин эътирозҳо роҳ надиҳад.

Ержан Қаробеков мегӯяд, фақат дар шаҳри хурди Павлодар ба эътирозгарон муяссар шудааст, ки раҳпаймои хурд анҷом диҳанд ва дар он 35-40 нафар ширкат ҷӯянд: “Як раҳпаймоии эътирозӣ дар шаҳри Павлодар баргузор шуд. Ин шаҳр дар шимоли кишвар аст. То ҳол дар ин шаҳр эътироз барпо нашуда буд. Барои ҳамин эътирозгарон мақомотро ғофилгир карданд. Яке аз фаъолони мухолифон Серикбай Алибаев, ки дар поёни ин раҳпаймоӣ суханронӣ кард, боздошт шудааст ва ҳоло дар шӯъбаи пулис қарор дорад”.

Сабаби саркӯбиву боздошти фаъолони мухолифон аз тарафи ҳукумат ва пулис он аст, ки мухолифон мардумро даъват карданд, то бар зидди тағйири Қонун дар бораи заминҳои кишоварзӣ ба эътироз бароянд. Тибқи ин тағйирот шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд то 25 сол заминҳоро ба иҷора бигиранд. Тазоҳуроти эътирозӣ дар Қазоқистон дар охири моҳи апрел, баъди эълони ин тағйирот дар қонун оғоз шуд. Баъд аз оғози эътирозҳо ҳукумат ақибнишинӣ кард ва гуфт, ки иҷрои ин тағйирот то соли 2017 боздошта мешавад.

Асилҷон Мамитбеков, вазири кишоварзӣ ва Эрболат Досаев, вазири иқтисод баъд аз ду рӯзи ба таъхир андохтани иҷрои ин тағйирот аз мақомҳои худ истеъфо доданд. Ба дунболи он нерӯҳои амниятӣ барои тафтиш ба хонаҳои фаъолони ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигорон мерафтанд. Компютерҳо ва таҷҳизоти аксари онҳо мусодира шудааст.

12-уми май коршиносони ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Қазоқистон хостанд, ки “ба таври фаврӣ ҳар гуна таъқиботро хотима диҳанд ва аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳимоят кунанд”.

Дар давоми рӯзҳои ахир то 21 май низ даҳҳо нафар фаъолон боздошт шуда буданд ва дар хонаҳои онҳо амалиёти ҷустуҷӯ анҷом гирифтааст. Онҳоро барои ширкат дар эътирозҳо ва раҳпаймоиҳои ғайриқонунӣ аз 10 то 15 рӯз маҳкум ба зиндон карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG