Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис дар майдони марказии шаҳри Алмаато даҳҳо нафарро боздошт кард. Фаъолони ҷомеаи маданӣ мехостанд алайҳи иқдоми ҳукумат дар бораи хусусӣ кардани заминҳои кишоварзӣ, эътироз намоянд.

Пулиси Қазоқистон тақрибан 20 нафарро дар майдони марказии шаҳри Алмаато боздошт кард. Ҳадафи ин боздоштҳо, пешгирӣ аз ҳамоиши эътирозие буд, ки фаъолони ҷомеаи маданӣ мехостанд ҳукуматро водор созанд, то онҳо аз иҷрои қарори худ дар бораи хусусӣ кардани заминҳои кишварзӣ даст кашанд.

7 май даҳҳо нафар дар майдони марказии Истиқлол ҷамъ шуданд. Пулис онҳоро муҳосира ва хеле зуд пароканда кард. Дмитрий Беляков, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Алмаато, ки дар гурӯҳи хабарнигорон дар ин майдон шоҳиди ин боздоштҳо буд, мегӯяд, дар ҳамаи даромадгоҳҳои майдон кормандони пулис навбатдорӣ мекарданд ва ҳамчунин чанд гурӯҳи СОБР ё Грӯҳҳои вижаи зудамал ба назар мерасид.

Ба гуфтаи Дмитрий Беляков, "кормандони пулис ҳуҷҷатҳои шахсонеро, ки ба майдон ворид мешуданд, тафтиш мекарданд ва баъзе аз ин афродро ба дасти гурӯҳи СОБР медоданд. Онҳо ин афродро бурда дар автобус мешинонданд. Мо дар майдон будем ва мушоҳида кардем, ки ба ҳамин тартиб тақрибан 20 нафарро боздошт карданд. Бар зидди онҳо аз нерӯ истифода намешуд. Дар майдон намояндагони мухталифи матбуот буданд. Ба назди мо рӯзноманигорон, намояндагони парлумон, кормандони додситонӣ ва пулис омаданд ва ба қавле сӯҳбатҳо анҷом доданд. Онҳо мегуфтанд, ки бояд суботу оромӣ халалдор нашавад. Бояд мо ба хонаҳои худ равем, дар акси ҳол онҳо наворҳои видеоии моро мусодира ва худи моро боздошт мекунанд, то шахсияти моро дақиқ кунанд. Онҳо бо ин суханон водор карданд, ки аксари рӯзноманигорон майдонро тарк кунанд”

Ширкаткунандагони ҳамоиш дар майдон дар ҷавоб ба пурсишҳои пулис мегуфтанд, ки онҳо омадаанд, то дар пояи ёдгории Истиқлол гулгузорӣ кунанд, зеро 7 май рӯзи Артиши Миллии Қазоқистон аст. Баъд аз муддате бозпурсиҳову “насиҳатҳо”, боздоштшудагонро аз шӯъбаи пулис раҳо кардаанд ва хабарнигори Радиои Озодӣ бо баъзе аз ин фаъолон сӯҳбат кардааст.

Кормандони пулис ба онҳо гуфтаанд, ки “имрӯз касеро боздошт ва ё ҷарима намекунанд, балки фақат огаҳ мекунанд, то дигар ба майдон набароянд. Нуртай Лахан, хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ дар миёни боздоштшудагон буд ва ин суханони Дмитрий Беляковро таъйид мекунад ва мегӯяд, имрӯз ҳадафи кормандони интизомӣ пешгирӣ аз вуруди эътирозгарон ба майдон будааст, ба ин далел баъд аз сӯҳбатҳои ҳушдордиҳанда онҳоро раҳо кардаанд.

Ба нақл аз қавли шоҳидони айнӣ, Беляков мегӯяд, намояндагони мақомоти интизомӣ дар назди хонаҳои фаъолони ҷомеаи маданӣ низ чанд нафарро боздошт кардаанд ва ба баъзеҳои дигар дар манзилҳояшон аз ширкат дар эътирозҳо ҳушдор додаанд.

Дар давоми ду ҳафтаи охир садҳо нафар дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд ва бар зидди тасмими ҳукумати Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишвар, эътироз карданд.

Эътирозгарон тақозо мекарданд, ки ҳукумат тағйиру иловаҳо дар қонуни заминро бекор кунад. Дар ин тағйиру иловаҳо гуфта мешавад, ки заминҳои кишварзии Қазоқистон барои муддати тулонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхта ва ё иҷора дода мешавад. Тибқи ин иловаҳо, акнун ҳукумат метавонад заминҳоро ба шаҳрвандони хориҷӣ то 25 сол ба иҷора диҳад.

Эътирозҳои мардумӣ бар зидди ин иловаҳо сабаб шуд, ки 2 вазири кобинаи Назарбоев аз мақоми худ истеъфо диҳанд. Худи Назарбоев 5-уми май эълон кард, ки иҷрои ин қонунро муваққатан, яъне то соли 2017 мавқуф хоҳад гузошт. Баъд аз ин суханони Назарбоев Эрбулат Досаев, вазири иқтисод билофосила истеъфои худро эълон кард. Як рӯз пас, 6 май Асилҷон Мамитбеков, вазири кишоварзӣ низ аз мақомаш истеъфо дод.

Дар оғоз ҳукумат эълон карда буд, ки бар асоси ин тағйироти қонун танҳо ду дарсади заминҳои кишоварзӣ хусусӣ хоҳанд шуд ва иҷрои ин тасмим аз 1 июл шурӯъ мешавад.

Ширкаткунандагони тазоҳуроти эътирозӣ изҳори нигаронӣ кардаанд, ки хусусӣ кардани замин ҳам ба таври шаффоф сурат нахоҳад гирифт. Ба ақидаи онҳо, на хоҷагиҳои деҳқонӣ, балки нухбагони ҳукуматӣ ба хориҷиён заминҳоро хоҳанд фурӯхт ва аз он даромади ҳангуфт ба даст хоҳанд овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG