Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони мудофеъи Зайд Саидов мегӯянд, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳатто пешниҳоди гарав дар ивази озодии шартии ин соҳибкорро напазируфт.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ шоми 19 июл замони ҳабси пешакии соҳибкори шинохта Зайд Саидовро то 22 сентябр тамдид кард. Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 21 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба далели маризӣ ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз ҳабси пешакӣ раҳо кардани ӯро аз додгоҳ дархост дода, гуфтаанд, ки ҳатто омодаанд дар ивази раҳоияш молу мулки Зайд Саидовро гарав бигузоранд, вале додгоҳ ин дархости онҳоро қабул накард.




Ҷониби тафтишот ба навбаи худ то 2 моҳи дигар тамдид кардани замони ҳабси пешакии Зайд Саидовро тақозо карда гуфтааст, ки аввал ин ки ҷараёни тафтишот ба поӣн нарасидааст ва баъдан, дар ҷараёни тафтиши қазия ҳолатҳои наве пеш омад, ки таҳқиқаш фурсати бештар мехоҳад.

Зайд Саидов, соҳибкорпи маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав рӯзи 19 май , баробари бозгашташ аз сафари Аврупо дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд ва додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 22 май ҳукми ҳабси думоҳаи ӯро содир кард. Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси зиддифасод он замон гуфта буд, ки ҳамин ду моҳ барои тафтиши аъмоли Зайд Саидов кофист ва парвандаи вазири собиқи саноати Тоҷикистонро то ду моҳи дигар ба додгоҳ хоҳанд супурд.

Ду моҳ пеш дар айбномаи Зайд Саидов танҳо як айб тибқи банди чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне порагирӣ вуҷуд дошт, ки бар пояи иддаои Низомхон Ҷӯраев, мудири собиқи корхонаи кимиёвии шаҳри Исфара буд. Ҷӯраев иддао дошт, ки Саидов ҳангоми вазири саноат буданаш аз ӯ 100 000 доллар пора гирифтааст.

Тайи ду моҳи тафтишот мақомоти Ожонси мубориза бо фасод дар бораи ифтитоҳи парвандаҳои нав алайҳи Зайд Саидов бо иттиҳоми қаллобӣ ва ҳатто таҷовуз номус хабар доданд ва ҳам гузориш шуда буд, ки додситонии Душанбе таҳқиқи парвандаи ӯ бо иттиҳоми бисёрзаниро идома дода истодааст.
Бо ин ҳол, бо вуҷуди ифтитоҳи дастикам се парвандаи нав алайҳи муваккилаш, Исҳоқ Табаров мегӯяд, то ҳол айбномаи Саидов аз ҳамон танҳо як банди порагирӣ иборат аст ва барои парвандаҳои баъдӣ шояд то ҳол далоили кофие ҷамъ наовардаанд, ки алайҳи Зайд Саидов айбҳои нав эълон кунанд.

"Гиребон мегирад бечора"


Исҳоқ Табаров

Исҳоқ Табаров

Исҳоқ Табаров бахусус парвандаи ахир бо иттиҳоми “таҷовуз ба номус”-ро “пойдарҳаво” номид ва гуфт: “Ин маъмурони Ожонсии зиддифасод дар таърихи юриспурденсия як навигарӣ оварданд, зеро фақат дар асоси аризаи ҷабрдида ва модари ӯ ва баёноти онҳо инҳо алакай парвандаи ҷиноӣ оғоз карданд. Ҳанӯз шинохта гирифтагӣ нест, бо Зайд Саидов ҳанӯз рӯбарӯ накардаанд, вале парванда алакай боз шудааст. Ба назарам, ин дар таърихи юриспруденсияи ҷаҳонӣ бенамуна аст.”

Исҳоқ Табаров гуфт, то имрӯз Зайд Саидовро танҳо бо модари он зани даъвогар рӯбарӯ кардаанд. Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, Саидов ин модару духтарро аслан намешинохтааст: “Гиребон мегирад бечора. Мегӯяд, ман ин одамонро намешиносам, надидаам. Ин тӯҳмати маҳз аст нисбат ба ман. Гуфт, ёдам меояд, ки падарам дар рӯи ҷойнамоз дуо мекард, ки Худоё, аз тӯҳмати ногаҳон моро нигоҳ бидор. Ман нав дарк кардам, ки тӯҳмати ногаҳонаш чӣ будааст, гуфт Зайд Саидов ҳангоми рӯбарӯ карданаш бо модари ин зани даъвогар.”

Мақомоти Ожонси зиддифасод рӯзи 19 июл бо пахши як иттилоъия хабар доданд, ки алайҳи Зайд Саидов бо иттиҳоми “таҷовуз ба номус” парвандаи нав кушодаанд. Бино ба иддаои ин ниҳод, Саидов дар соли 2008 бо истифода аз доруи мадҳушкунанда ба номуси А., ки он замон ҳамагӣ 14 сол дошта, ноболиғ будааст, мерасад. Аз равобити пайвастаи ҷинсӣ бо Саидов ин зан 4 дафъа ҳомила шуда, се бор таҳти фишори ӯ исқоти ҳамл мекунад, вале бори охир фирор карда, кӯдак таваллуд мекунад, ки ба гуфтаи муфаттишон, ҳоло 3-моҳа аст. Тафтишот мегӯяд, ки Зайд Саидов барои пӯшондани ин “ҷиноят” як марди дигарро, ки аз ӯ ҳамчун Б. ном мебаранд, хоҳиш мекунад, ки дар ивази пул ва ваъдаи харидани манзил ба А. издивоҷ кунад.


Серикбол Окушев

Серикбол Окушев

Мақомоти Ожонсӣ қаблан эълон карда буданд, ки шаҳрванди Украина Иван Коретский гӯё ба Зайд Саидов беш аз 1 миллион доллар ва Серикбол Окушев аз Қазоқистон барои ҳаққи истихроҷи маъдан аз кони тилои Чоре дар ноҳияи Айнӣ дар ду навбат 1,5 миллион доллар пора додаанд. Саидов ҳам иттиҳоми “таҷовуз ба номус” ва ҳам он ду мавриди порагириро низ тӯҳмат хонда, радд кардааст.

Номае ки ё нарасид, ё шунида нашуд...

Зайд Саидов дар ин ҳафта дар номаи саркушодае ба раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо як “тӯҳматнома” номида, аз Эмомалӣ Раҳмон хост, ба қазияаш дахолат карда, ба далели маризиаш ӯро раҳо кунанд, то битавонад худро муолиҷа кунад.

Аммо Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи Зайд Саидов ба Озодӣ гуфт, ҳукми ахири додгоҳ, ки замони ҳабси Саидовро то 22 сентябр тамдид кард, нишон медиҳад, ки паёми ӯ ба президент ё нарасид, ё шунида нашуд.

Зайд Саидов соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноат буд. Ӯ баъди рафтанаш аз мақом дубора ба соҳибкорӣ пардохт ва бахусус дар риштаи сохтмони биноҳои осмонбӯс пешдаст шуд.

“Душанбе-Плаза” – баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон, дафтари марказии ширкати “Tcell’ дар шафати бинои кӯҳнаи китобхонаи миллӣ, як қисмати маҷтамаъи манзилии “Пойтахт-80” дар рӯбарӯи “Душанбе-Плаза” , силсилаи хонаҳои истиқоматӣ дар пушти ҳайкали Сино, меҳмонхонаи “Гулистон-Тур”, марказҳои тиҷории “Соҳибкорон” дар маҳаллаи 8 Март ва “Пойтахт” дар назди варзишгоҳи “Спартак” аз биноҳоест, ки тавассути ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ қомат афрохтаанд.


Саидов ва тарафдоронаш мегӯянд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дошта, вақте шурӯъ шуданд, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Зайд Саидов дар номааш ба президент навиштааст, азмаш ба сохтани ҳизб “худхоҳӣ” ё “фарбеҳгӣ” набуд, ё “мақсади мухолиф будан ба ҳукумати ҷумҳурӣ ё каси дигареро надоштам”, балки “ғаразамон ободии кишвар ва кумак ба ҳукумати ҷумҳурӣ буд... Танҳо гуноҳи банда он аст, ки қурбони шахсони манфиатҷӯ, дурӯя ва хушомадгӯ гаштаам.”

Зайд Саидов мегӯяд, азбаски нофаҳмиҳо дар атрофи ҳизбаш зиёд шуд, ҳанӯз аснои мусофираташ дар Фаронса тасмим гирифт, ки “баробари бозгашт, аввалин коре ки мекунам дар Душанбе, боздошти фаъолияти таъсиси ҳизб буд. Ин нуктаро аз Олмон бо ҳамроҳии раиси КДАМи Душанбе ба раиси КДАМ иброз дошта будем.” Саидов меафзояд, рӯзҳои мусофираташ чандин бор ҳушдор гирифта буд, ки ҳабс мешавад, “аммо пеш аз ҳама ба хотири дар хориҷ мондан ва ҳамчун мухолифи ҳукумат қарор нагирифтан ба Ватан баргаштам.” Ӯ рӯзи 19 май баробари бозгашташ аз сафар дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG