Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли падар аз сӯи як маҳбуси афвшуда


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бино ба хабарҳо, як маҳбуси афвшуда дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд баъди раҳоӣ аз зиндон падари худро кушта ва дуи дигар дар Кӯлоб бо гумони дуздӣ дигарбора дастгир шудаанд.

Дар зарфи ҳамагӣ як ҳафтаи аввали раҳоии маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон бар асоси қонуни афв, алакай дастикам 3 тан аз афвшудагон дигарбора боздошт шудаанд. Аз ҷумла як маҳбус бо иттиҳоми қатли падараш ва дуи дигар - бо гумони дуздӣ.

Бино ба хабарҳо, Табур Ғафуров, як сокини 31-солаи рустои Дар-дари ноҳияи Айнӣ, ки ҳамагӣ рӯзи 4 ноябр бар асоси қонуни афв аз зиндон раҳо ёфта буд, шоми 8 ноябр, соати тақрибан 18 падари 55-солаашро бо зарби чӯб куштааст. Табур Ғафуров дар соли 2010 бар асоси моддаҳои 111 (расондани осеби миёна ба саломатӣ) ва 244 (дуздӣ) маҳкум шуда, ҳафтаи гузашта бар асоси қонуни афв озод шуда буд. Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси моддаи 110-уми Кодекси ҷиноӣ (куштор аз беэҳтиётӣ) парвандаи нав кушодаанд.

Қабл аз ин мақомоти интизомии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, ки ду маҳбусеро, ки ахиран дар пайи иҷрои Қонуни афв аз зиндон раҳо ва дубора даст ба ҷиноят заданд, боздошт карданд.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кўлоб рӯзи 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Баҳриддини Хуршед ва Раҳматулло Нодиров пас аз се рӯзи озод шуданашон бар асоси Қонуни афв аз зиндон, дубора даст ба дуздӣ заданд, ки аз сӯи маъмурони пулис боздошт гардиданд.

Ба гуфтаи масъулон, ин ду нафар рӯзи 6 ноябр ба мағозае дар шаҳри Кӯлоб ворид шуда ва аз он ҷо як компютерро ба яғмо бурданд. Маъмурони пулис дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода ва тафтишотро оғоз карда ва Баҳриддини Хуршед ва Раҳматулло Нодировро боздошт карданд. Дар ниҳоят таҳқиқи гуруҳи фаврӣ – ҷустуҷӯии кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб маълум кард, ки ин ду нафар собиқ маҳбусоне ҳастанд, ки қаблан бо моддаи 244, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне дуздӣ зиндонӣ шуда буданд.

Ҳамакнун ба гуфтаи масъулони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб, ин дафъа низ ин ду нафар ҳамон ҷиноятеро содир кардаанд, ки қаблан ба ҳамин иттиҳом, яъне дуздӣ пушти панҷараи зиндон рафта буданд. Ба ин тартиб, нисбати Баҳриддини Хуршед ва Раҳматулло Нодиров бо моддаи 244, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда ва таҳқиқи идома дорад. Ин банди Кодекси ҷиноӣ аз 8 то 12 соли маҳкумият ба зиндон барои фарди ҷиноят кардаро дар назар дорад.

Гуфта мешавад, Баҳриддини Хуршед ва Раҳматулло Нодиров, ки бо ин иттиҳом равонаи зиндон шуда буданд, аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро пушти сар карда буданд, аммо ба афви ахир нигоҳ накарда ва аз кардаашон сабақ нагирифта ва дигарбора даст ба ҷиноят задаанд.

Ҳарчанд ин аввалин мавриде аз дубора даст ба ҷиноят задани иддае аз маҳбусони собиқ дар пайи иҷрои Қонуни афви ахир аст, аммо таҳлилгарону коршиносон эҳтимоли сар задани чунин маворидеро ҳадс зада буданд. Зеро ба ҳангоми иҷрои Қонунҳои афви солҳои пеш, чунин мавориди даст ба ҷиноят задани маҳбусони собиқ сабт шуда буд.

Дар пайи иҷрои Қонуни афви ахир, ки ба муносибати 20-умин солгарди қабули Қонуни Асосии Тоҷикистон, аз сӯи раиси ҷумҳури ин кишвар эълон шуд, интизор меравад, ҳудуди 10 ҳазор маҳбус ва афроди таҳти пайгарди қонун афв шаванд. Дар нахустин рӯзҳои иҷрои Қонуни афв аллакай беш аз 2 ҳазор маҳбус аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо шуданд.

Тибқи иттилои мақомоти сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон, иҷрои Қонуни афви ахир муддати шаш моҳи оянда давом мекунад. Ин 16-умин Қонуни афв дар 23 соли истиқлоли Тоҷикистон аст ва дар 15 афви қаблӣ беш аз 100 000 маҳбусу афроди таҳти тафтишу таъқиб дар ин кишвар мавриди афв қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG