Пайвандҳои дастрасӣ

Як шаҳрванди Афғонистонро, ки аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҳоли ҷустуҷӯ будааст, боздошт кардаанд. Аз ӯ "Раис Худойдод" ва нафари "хатарнок" ном бурда мешавад.

Нерӯҳои амниятии Афғонистон шаби 15 сентябр як сокини ин кишварро боздошт кардаанд, ки дар рӯйхати сиёҳи мақомоти Тоҷикистон низ қарор доштааст. Аз ин нафар, ки Худойдод ном бурда мешавад, мақомоти амниятии Афғонистон “хатарноктарин, бузургтарин, золимтарин, муҷримтарин ва моҳиртарин муҷрими ҳирфаӣ дар таърихи муосири Афғонистон” медонанд.

Абдулҳасиб Сиддиқӣ, сухангӯи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, ба расонаҳои ин кишвар гуфтааст, “Худойдод маъруф бо номи “Раис Худойдод” дар сангинтарин ҷиноятҳо, аз қабили одамрабоӣ, қатлу куштор ва сирқати амвол гумонбар дониста мешавад.”

Ба гуфтаи Абдулҳасиб, “Раис Худойдод” давоми чанд соли ахир бештар аз сад миллион доларро аз ҳисоби одамрабоӣ ва дуздӣ ба даст оварда будааст. Ба қавли мақоми амниятии Афғонистон ин нафар, на танҳо дар ин кишвар, балки дар Тоҷикистон, Покистон ва Аморати муттаҳидаи Арабӣ бо ҷурми одамрабоӣ ҷустуҷӯ мешуд ва дар рӯйхати сиёҳӣ мақомоти ин кишвар ҷой дошт.

Аммо зимни ироаи ин хабар мақомоти амниятии Афғонистон нагуфтаанд, ки “Раис Худойдод” аз Тоҷикистон киро рабудааст. Ин дар ҳолест, ки аз марзи Тоҷикистону Афғонистон воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод даҳҳо ҳолати одамрабоӣ қайд шудааст ва инчунин соли гузашта ду сокини Тоҷикистон дар дохили хоки Афғонистон рабуда шуданд, ки пас аз чанде раҳо гардиданд. Аммо ҳоло маълум нест, ки “Раис Худойд” барои кадоме аз ин одамрабоиҳо аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон низ ҷустуҷӯ мешуд.

Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтаанд, аз боздошти ин фард билофосила ҷониби Тоҷикистонро огоҳ кардаанд ва дар ин замина бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд. “Раис Худойдод” шаби 15 сентябр дар ҳоле бо ду нафар ҳамроҳаш дар Кобул боздошт шуд, ки тасмими роҳзаниеро дунбол мекардаанд.

XS
SM
MD
LG