Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав муҳоҷирони боздоштшударо бозпурсӣ мекунанд


14 октябр, боздошти муҳоҷирон дар Маскав
14 октябр, боздошти муҳоҷирон дар Маскав

Дар се соли ахир шадидтарин эътироз бар зидди муҳоҷирони корӣ дар Маскав мушоҳида шудааст.Пулиси шаҳр тақрибан 1200 нафар муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро дар бозори умдафурӯшии сабзавот боздошт кардааст.

13 октябр дар бозори Покровский афроди ба хашмомада ба амборҳои бозор ҳамла бурданд. Онҳо тирезаҳои амборҳоро шикастанд ва бо пулис вориди задухӯрд шуданд. Сабаб ин буд, ки як рӯз пеш Егор Шербаков-ҷавони 25 солаи рус дар ин бозор кушта шуд ва дар ин кор як марди қафқозитаборро муттаҳам медонанд.8 нафар, аз ҷумла 2 корманди пулис дар бемористон бистарӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ дар задухӯрдҳо 23 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва 8 нафари конҳо кормандони пулис мебошанд.

400 нафар ошӯбгарон низ боздошт шуданд, вале баъд аз як соат аксари онҳоро раҳо карданд. Ду нафари боздоштшудагон ба зиндон андохта шудаанд. Бозпурсии боздоштшудагони дигар идома дорад.

Рӯзи душанбе Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо радиои Озодӣ аз назди бозори умдафурӯшии Покровский гуфт, маъмулан атрофи ин бозор ҳамеша пуродам будааст ва мошинҳои зиёд ба чашм мерасидаанд. Акнун ин бозор баста аст, вале вазъ ором аст. Дар кӯчаву хиёбонҳое, ки ба бозор мепайванданд, кормандони пулис ба чашм мехӯранд. Оқои Эгамзод мегӯяд, ки дар назди бозор бо шаҳрвандони Озарбйҷону Арманистон ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ, ки дар ин бозор тиҷорат мекунанд сӯҳбат доштаааст. Онҳо ҳама гуфтаанд, ки бояд як ҳафта таътил кунанд, то қотил пайдо шавад.

Ҳамаи муҳоҷироне, ки дар ин бозор ба тиҷорат машғуланд, хоҳ озарӣ ё хоҳ арманиву тоҷик, як ақида доранд ва мегӯянд, ки вазнинии ин куштор набояд бар дӯши дигарон афтад ва бояд қотилро пайдо кунанд.

Егор Шербаков
Егор Шербаков
Ба суоле дар ин бора, ки чанд нафар шаҳрвандони тоҷик дар миёни 1200 нафар боздоштшудагон ҳастанд, оқои Эгамзод гуфт: “Бар асоси маълумоте, ки мо дар даст дорем, дар ин бозор аз 700 то 1000 нафар тоҷикон кор мекарданд. Вале аксари онҳо шаҳрвандии Русияро ҳам доранд. Дар ин ҷо аслан ононе кор мекунанд, ки ваъи иқтисодиашон хуб аст ва амбору дӯконҳои худро доранд, чун ин бозори умдафурӯшист. То ин лаҳзаҳо шумораи дақиқи тоҷикони боздоштшударо эълон накардаанд”.

Оқои Эгамзод афзуд, онҳо бо мақомоти пулис низ сӯҳбат кардаанд ва пулис гуфтааст, ки онҳо бо ҳамаи боздоштшудагон сӯҳбат ва сипас онҳоро раҳо мекунанд. Пулис умед дорад, ки аз миёни пурсидашудагон касе ин кушторро дидааст ва мумкин аст шаҳодат диҳад. Ҳамзамон оқои Эгамзод мегӯяд, ҳар гуна амалиёти ҷӯстуҷӯ, ки пулис барои боздошти қотил анҷом медиҳад, набояд оромии сокинонро халалдор кунад.

Чунин амалиёти боздошт ба рӯҳияи муҳоҷирони кории тоҷик низ асар мегузорад ва онҳоро дилсард мекунад. Масалан, дар сӯҳбатҳо озариҳову арманиҳо гуфтаанд, ки онҳо зиндагиву рӯзгорашон дар Маскав аст ва онҳо ҷои дигари рафтан надоранд. Ба гуфтаи оқои Эгамзод, шаҳрдории Маскав низ ин вазъро хуб дарк мекунад ва агар вазъ дар як ҳафтаи оянда ором нашавад, имкони сирояти вазъ ба минтақаҳо ва шаҳрҳои дигари Русия вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол тоҷире, ки дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз худ Азиз ва шаҳрванди 45 солаи Тоҷикистон ном бурд, гуфт, ки аз соли 1999 дар Маскав ба сар мебарад ва шаҳрвандии Русияро низ гирифтааст. Азиз дар бозор кор намекунад, вале ҷои иқоматаш дар наздикии бозор аст. Ба гуфтаи вай, баъди нисфирӯзии шанбе сокинон дар назди бозор сартарошидаҳоро мушоҳида кардаанд ва сипас маълум шудааст, ки як ҷавони русро одамони гӯё қафқозӣ куштаанд. Бино ба мушоҳидаҳои Азиз, ба дунболи ин куштор гурӯҳи сартарошидаҳо ва “националист”-ҳо ё миллатгароҳо ба шӯъаби пулис рафтаанд ва шарт гузоштаанд, ки агар пулис ва мақомоти интизомӣ котилро пайдо накунанд ва масъалаи муҳоҷиратро ба танзим надароранд, онҳо худашон бо ин кор машғул хоҳанд шуд. Сипас ин гурӯҳ ба бозори Покровский рафтааст ва дар он ҷо ба тороҷу авбошӣ машғул шудааст.

Азиз меафзояд, ин ҳама баҳона аст ва маълум аст, ки ин корро як кас кардааст ва сабти видеоии саҳнаи куштор ҳам вуҷуд дорад. Акси қотил ҳам ҳаст. Лекин шояд ин гуна пешомадҳо барои баъзе гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо баҳона ҳам шавад. Онҳо шояд интизоранд, ки ҳамин гуна харобкориҳо шаваду одамонро бар зидди муҳоҷирон, шаҳрвандони Осиёи Миёна ва Қафқоз ба кӯчаҳо бароранд ва гӯянд, ки бубинед ин қадар одамони зиёд аз Қафқозу Осиёи Миёна дар Маскав зиндагӣ мекунанд.

Ба суоле дар ин бора, ки оё Азиз худашро дар шароити амн ҳис мекунад, гуфт, ки кори вай дар бозор нест ва барои баъзе муассисаву корхонаҳои давлатӣ ронандагӣ мекунад. Барои ҳамин хатаре эҳсос намекунад, вале дар бозор тоҷикон кор мекунанд, онҳо ширкат доранд ва дар ҳар ширкат хешу табор ва дӯстонашон кор мекунанд ва асари онҳо худро ба ин гуна рӯйдодҳо бетараф намешуморанд.Азиз гуфт, онҳоеро, ки мешиносад, имрӯз ба бозор ба кор набаромадаанд. Вале онҳо метавонанд дар минтақаҳои дигари шаҳр гашту гузор кунанд.


Боздошти ошӯбгарон дар Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:19 0:00


Пулиси Маскав мегӯяд, ба ин нооромиҳо расидагӣ идома дорад. 14 октябр дар дохили бозор 3 миллион рубли нақд баробар бо 93 ҳазор доллар, корду чӯбадастҳо, 3 туфанг дар дохили як мошин пайдо кардаанд.

Вазири умури дохилаи Русия Владимир Колоколтсев дар як ҷаласаи изтирорӣ бо зердастонаш бозорҳоро як “манбаи доимии ташаннуҷ” унон кард ва ба роҳ мондани амалиёти фаврии ҷустуҷӯи муҳоҷирони ғайриқонуниро амр дод. Интизор меравад, ки аз имрӯз дубора дар бозорҳои Маскав амалиёти зиддимуҳоҷирон шурӯъ мешавад, ки маъмулан бо нақзи фаровони ҳуқуқи ғайрирусҳо, асосан шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҷараён мегирад.


Оғози бетартибиҳои оммавӣ дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00


Шоми якшанбе муовини раиси Шӯрои муфтиёни Русия, Равшан Аббосов ҷавонон, намояндагони ҳамаи миллату қавмиятҳои Маскавро даъват намуд, аз густариши хушунатҳои Бирюлов пешгирӣ кунанд. Пештар, ҳазорон нафар аз тазоҳуркунандагон талаб карданд, ки қотили Шербаков боздошт шавад. Полси мегӯяд, ин ҷавон аз тарафи шахси номаълум, дар шароити нофаҳмо ба зарби корд кушта шудааст. Дӯстдухтари ӯ – Ксения дар бораи ҷузъиёти воқеа чизе нагуфтааст, ҳол он ки шоҳиди куштор буд. Соатҳое пас аз фоҷиа вай ба полис гуфт, ки марди ношиносе дар даромадгоҳи манзили Шербаков назди онҳо омад ва байни онҳо муноқишае бархост, ки бо занозанӣ ва кордкашӣ поён ёфт.

Қотил аз ҷойи воқеа фирор кардааст ва гуфта мешавад ба зодагони Қафқоз ё Осиёи Марказӣ шабоҳат доштааст. Полис дар ин бора то ҳоло иттилое надодааст.

Тазоҳуроте дар ҷойи қатл, ки ба таври суолҳомез шурӯъ шуда буд, дертар ба хушунат печид ва гуфта мешавад, гуруҳҳои миллатгаро аз ин таҷаммӯъ истифода кардаанд. Бино бар пайомадҳояш ин пас аз ошӯбҳои зидди муҳоҷирон дар майдони Манежи Маскав дар моҳи декабри соли 2010 яке аз бадтаринҳо ба шумор меравад. Мақомот ҳарос доранд, ки ошӯб ба дигар шаҳрҳои Русия низ асар хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин аз хатари чунин ошӯбҳо дар як кишвари сермиллат ҳушдор дода буд. Аввали ин моҳ Путин гуфт, Русия ба нерӯи муҳоҷирон дар корҳои сохтмон ниёз дорад, аммо шумораи онҳо бояд дар риштаҳои дигар, монанди тиҷорат коҳиш дода шавад.
XS
SM
MD
LG