Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Садумин солгарди куштори арманҳо дар Туркияи усмонӣ


Рӯзи 24 апрел дар Арманистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон хотираи қурбониёни қатли оми давраи империяи усмонӣ дар 100 сол пеш пос дошта мешавад.

Садҳо ҳазор нафар дар Ереван, пойтахти Арманистон, дар як раҳпаймоӣ ба пояи муҷассамаи ёдгории қурбониёни ин фоҷиа гул мегузоранд.

Президентҳои Русия ва Фаронса дар як саф бо сарони кишварҳои дигар низ дар маросиме ширкат карданд, ки баъд аз беш аз як ҳафтаи бархӯрдҳои дипломатӣ байни Туркия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баргузор мегардад.

Рӯзи 24-уми апрел раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисян ва чанде аз раҳбарони ҷаҳон ба пояи муҷассамаи ёдбуди қурбониёни соли 1915 ва оташи ҷовид гул гузоштанд. ​Президентҳои Русия, Фаронса, Сербия ва Юнон ҳар кадом ба танҳоӣ пойи муҷассама омад ва якдоагӣ гули зард ба он ҷо гузошт. Гурӯҳи кӯдакон бо парчами кишварҳои гуногуне, ки дар он ҷо ҷомеаҳои амрманӣ ба сар мебаранд, дар ин ҷо сурудҳои мотамӣ хонданд.

Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса гуфт, "назди қурбониён сари таъзим фуруд меорам". Саркисян гуфт, "аз ҳама онҳое, ки бори дигар пойбандии худро ба арзишҳои инсонӣ тасдиқ карданд, то бигӯянд, ки баъд аз 100 ҳам чизе фаромӯш нашудааст ва мо дар хотир дорем" сипосгузор аст. Ҳазорон нафар бо нидоҳо аз ин сухани ӯ истиқбол карданд. Олланд посух дод, ки омадааст, то ба "дӯстони арманаш гӯяд, ки он фоҷиа ҳаргиз фаромӯш намешавад".

Президенти Русия, Владимир Путин, ки кишвараш бо Арманистон пайвандҳои наздик дорад ва нуфузи кишвараш ба ин давлати хурди Шӯравии пешин зиёд аст, гуфт, "ягон чиз далели қатли оми одамон шуда наметавонад" ва русҳо низ "ҳамроҳи мардуми арман" имрӯз сӯг доранд. Путин ҳамчунин бо истифода аз фурсат аз миллатгароӣ ва "русбадбинӣ" ҳушдор дод, ки ишорае ба ҳукумати ғарбагарои Украина буд.

Ҳайати Иёлоти Муттаҳидаро дар ин маросим вазири молияи ин кишвар Ҷейкоб Лю раҳбарӣ мекард.

Дар Истамбул барои поси хотири қурбониёни фоҷиа аз тарафи Калисои армании ин кишвар маросиме баргузор шуд, ки дар он вазири Туркия дар умури Иттиҳоди Аврупо Волкан Бозкир ширкат мекунад. Чунин маросимҳо аз тарафи диаспораи арманӣ дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Фаронса ва Амрико низ баргузор шуданд.

Қатл ва ихроҷи наздик ба 1,5 миллион арман аз тарафи туркҳои усмонӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Якум аз тарафи бисёре аз таърихшиносон ва чандин кишвар, ба ҷумлаи Русия ва Фаронса наслкушӣ ё “генотсид” шумурда мешавад.

Туркия ба корбурди ин истилоҳ розӣ нест ва мегӯяд, шумори арманиҳои кушташуда ба маротиб камтар аст ва аксари онҳо на бо талошҳои тарҳрезишудаи ҳукумати усмонӣ барои нобуд кардани ақаллияти насронӣ, балки аз сахтиҳои замони ҷанг даргузаштаанд.

Калисои арман дар як маросим рӯзи 23 апрел дар Ереван ин қурбониёнро "муқаддас" эълон кард. Католикоси ҳамаи арманҳо Карекини Дувум гуфт: "Зиёда аз як миллион арман ронда, кушта ва шиканҷа шуданд. Онҳо ҳамчун насронӣ ва барои динашон ба қатл расиданд." Ин бори нахуст дар 400 соли охир буд, ки калисои арман маросими қудсиятро баргузор кард.

"Ганотсид" ё наслкушӣ номидани рӯйдодҳои соли 1915 аз тарафи раисиҷумҳури Олмон Йоахим Гук рӯзи 23 апрел низ эҳтимолан мояи хашм дар Туркия шавад. Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки қарор аст, порлумони Олмон истифодаи вожаи "наслкушӣ"-ро нисбати қатли арманҳо аз тарафи туркҳо баррасӣ кунад. Пештар изҳороти Попи Рум Ҷон Поли Ду, ки воқеаҳои мазкурро "аввалин наслкушии қарни 20" номид дар Туркия вокунишҳои хашмолудеро ба бор овард.

Анҷумани арманиҳои Амрико гуфт, президенти ИМА Барак Обама ба хотири гурез аз истилоҳи омехта бо геополитика рӯ ба "забоншиносӣ" овардааст. Дар изҳороти ин созмон гуфта шуд, ки Обама ба "раддияҳои Туркия тан додааст" ва "арманҳои Амрико ва ҳамаи мардумони бовиҷдон ҳаргиз иҷоза намедиҳанд, ки таърихи мо зери қолин пинҳон карда шавад".

Дар паёмаш рӯзи 23 апрел, раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, "иддаои арманиҳо сари рӯйдодҳои соли 1915 ва махсусан шумораҳое, ки пеш мегузоранд, беасос ва бепояанд". Аввали ин ҳафта сарвазири Туркия Аҳмад Довудоғлу мавзеъгирии кишварашро такрор кард, ки куштор наслкушӣ габуд, аммо Туркия бо арманиҳо "ҳамдард" аст.

Дар мусоҳибааӯ ба шабакаи CNN Turk рӯзи 23 апрел Серж Саркисян гуфт, "оштии байни ду мардум замоне мумкин мешавад, ки Туркяи наслкуширо эътироф намояд".

Туркия рӯзи 24 апрел ҳамоиши ҷаҳоние дорад, то 100-солагии оғози муҳорибаи Галиполиро байни нерӯҳои эътилофӣ ва артиши салтанати усмонӣ ёдоварӣ кунад. Интизор меравад, ки дар он шоҳзодаи Бритониё Чарлз ва сарвазирони Австралия ва Зелонди Нав ширкат кунанд. Саркисян Анкараро айбдор кард, ки бо ин ҳамоиш қасдан мехоҳад, таваҷҷӯҳи ҷаҳонро аз маросими Ереван ба самти дигар ҷалб кунад.

Пахши зиндаи маросимро дар Ереван метавонед дар ин гӯша бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG