Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Норозиёни Арманистон мегӯянд, ақибнишинӣ нахоҳанд кард (ВИДЕО)


Дар Ереван, пойтахти Арманистон рӯзи чорум аст, ки тазоҳуроти зидди боло рафтани нархи барқ идома дорад. Норозиён бо бунёди сангарҳо пойфишорӣ доранд, ки ақибнишинӣ нахоҳанд кард.

Дар шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон рӯзи чаҳорум аст, ки эътирозу раҳпаймоиҳои зидди боло рафтани нархи барқ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки аз оғози норозигиҳо як ҳафта мегузарад ва тазоҳуркунандагон гуфтаанд, аз роҳи худ барнамегарданд.

Наздик ба 10 ҳазор нафар шаби гузаштаро дар майдони марказии Ереван саҳар карданд. Бо бунёди сангарҳо онҳо даври майдон ва хиёбони марказии Баграмиёнро бастанд. Шабона низ сухану паёмҳо идома дошт ва гоҳе низ ҷавонон зери оҳанги мутрибон рақсиданд.

Сарвазири Арманистон Ҳовик Абрамиён гуфт, ҳукумат тасмими худро дар мавриди 16 дарсад боло бурдани нархи барқ, ки сабаби эътирозҳои густарда шуд, тағйир нахоҳад дод. Аммо ӯ дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 25-уми июн гуфт, барои ҷуброни ин афзоиш ёрдампулии наздик ба 105 000 хонаводаи камбизоат бештар карда мешавад. Абрамиён аз тазоҳуркунандагон хост, хиёбони Баграмиёнро боз кунанд.

Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисён ду дафъа хост, мулоқотеро бо намояндагони тазоҳуркунандагон барпо кунад, вале норозиён ҳама гуна мулоқотро рад намуданд ва дар ивази ин хостанд, ба воситаи телевизион эълон шавад, ки қарори ҳукумат дар бораи нарх бекор карда шуд. Раисиҷумҳур акнун барои ширкат дар нишасти сарони ҳизбҳоио мардумии Аврупо ба Бруссел сафар кард.

Сардори пулиси Арманистон Владимир Гаспариён ба макони гирдиҳамоӣ омад, аммо бо касе аз эътирозгарон сӯҳбат накард.

Аксари тазоҳуркунандагон аз даргирӣ бо пулис парҳез мекунанд ва талош доранд, маъракаи онҳо ба таври осоишта пеш равад. Рӯзи чаҳоршанбе бар рағми даъватҳои пулис барои пароканда шудан, 9 000 нафар эътирозгарон майдонро ишғол карданд. Хашми мардумӣ барои он боло гирифтааст, ки аз 1 август ҳукумат мехоҳад нархи истифодаи барқро бештар аз 16 дарсад боло бибарад. Сокинон мегӯянд, тавони пардохти ин нархро надоранд.

Дар даргириҳои рӯзи 22-уми июн миёни тазоҳуркунандагон ва пулси даҳҳо нафар захмӣ ва беш аз 200 нафар боздошт шуданд. Барои пешгирӣ аз задухӯрдҳои эҳтимолии норозиён ва пулис даҳҳо вакили феълӣ ва собиқи порлумони Арманистон, ҳунарпешагон ва намояндагони шоу-бизнес дар байни ду тарафи "девори зинда" бапо карданд. Пас аз ҳамлаи аввал пулис аз истифодаи мошинҳои обпош ва калтак худдорӣ мекунад.

Бино бар хабарҳои расида эътирози зидди 16 дарсад боло рафтани нархи барқ ба чаҳор шаҳри дигари Арманистон -- Гюмрӣ, Шарентсаван, Аштарак ва ғайра низ "сироят" кардааст. Дар ин шаҳрҳо низ даҳҳо нафар эътирози худро ба қарор ахири ҳукумат баён медоранд ва бархе аз онҳо ба Ереван меоянд, то дар тазоҳурот ширкат кунанд.

Яке аз раҳбарони тазоҳуроти Ереван Вағинак Шушониён гуфтааст, тазоҳурот то замоне идома хоҳад кард, ки мақомоти Арманистон аз тасмими боло бурдани нархи барқ даст кашанд. "Мо шитоб надорем," -- гуфт Шушониён ба Радиои Озодӣё, -- "Мо як моҳу даҳ рӯзи дигар дорем." Ишораи ӯ ба 1-уми август рӯзи эътибор пайдо кардани қарори ҳукумат дар бораи нархи барқ аст.​

Арманистон кишвари Шӯравии пешин 3,2 миллион нафар аҳолӣ дорад ва аз бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия осеб дидааст. Вашингтону Брусел ва САҲА аз эътирозҳои хушунатомез изҳори нигаронӣ кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG