Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи чоруми эътирозҳо дар пойтахти Арманистон


Дар шаҳри Ереван-пойтахти Арманистон рӯзи чоруми эътирозу раҳпаймоиҳо бар зидди боло рафтани нархи барқ идома дорад. Эътирозгарон пофишорӣ доранд, ки ақибнишинӣ нахоҳанд кард.

Садҳо нафар дар назди бинои Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар Ереван навбатдорӣ мекунанд ва онҳо 25 июн роҳҳои нақлиётии пур рафту омадро дар маркази шаҳр бастанд.

Рӯзи чаҳоршанбе бар рағми даъватҳои пулис барои пароканда шудан, 9 000 нафар эътирозгарон майдонро ишғол карданд. Хашми мардумӣ барои он боло гирифтааст, ки аз 1 август ҳукумат мехоҳад нархи истифодаи барқро бештар аз 16 дарсад боло бибарад.

Арманистон кишвари Шӯравии пешин 3,2 миллион нафар аҳолӣ дорад ва аз бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия осеб дидааст. Вашингтону Брусел ва САҲА аз эътирозҳои хушунатомез изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG