Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзади интихоботи президентии Арманистон захмӣ шуд


Яке аз номзадони интихоботи президентии Арманистон ба зарби тир захмӣ шудааст.

Пизишкон мегӯянд, вазъи Парюр Ҳайрикиян, номзади интихоботи президентии Арманистон, ки шоми 31-уми январ дар маркази Ереван ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт, мӯътадил аст. Сухангӯи Вазорати тандурустии Арманистон, Анойит Айтаян рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, ҷарроҳон аз китфи Ҳайрикиян гулӯларо гирифтаанд ва захми ба ҳаёти ӯ таҳдид намекунад.

Ҳайрикияни 63-сола шоми 31-уми январ дар ҳоле ҳадафи ҳамлаи тирандози номаълум қарор гирифт, ки дар назди хонаи волидонаш аз мошин берун мешуд. Полис ба ҷустуҷӯи ҳамлавар идома медиҳад.

Ҳайрикиян раиси ҳизби Иттиҳоди Худшиносии Миллӣ аст, аммо номзади қавии интихоботи президентӣ ба шумор намеравад. Ҳоло рӯшан нест, ӯ чӣ гуна хоҳад тавонист, дар интихоботи рӯзи 18-уми феврал ширкат хоҳад кард. Вай яке аз ҳашт номзади корзорест, ки интизор меравад, дар он президенти феълӣ Серж Саркисян пирӯз гардад.

Сарвазири Арманистон Тигрон Саркисян ҳамла ба Ҳайрикиянро маҳкум кард ва онро ҳамла ба ҳукумат номид. Саркисян яке аз чанд сиёсатмадори Арманистон буд, ки ба бемористон омаданд ва аз Ҳайрикиян аёдат карданд. Раиси порлумони Арманистон, Ҳовик Абрамян, гуфт, сӯиқасд ба номзад мумкин ин ҳадафро думбол мекунад, ки интихобот ба ҳам зада шавад.

"Ин кори хатарноке буд ва ҳадаф дошт, кишварро ноором кунад. Вале ман бовар дорам, ки мо ба ин роҳ намедиҳем ва ҳама чӣ ба гуна ки буд, идома мекунад. Агар Парюр Ҳайрикиян дар интихобот ширкат карда тавонад, раъйдиҳӣ дар мӯҳлати худ баргузолр хоҳад шуд. Аммо агар мушкили саломатӣ пеш ояд, овоздиҳӣ то ду ҳафта мавқуф гузошта хоҳад шуд. Ин чизест, ки қонун талаб мекунад.”

Бино бар Қонуни асосии Арманистон дар ҳоле ки ягон номзад бо сабабҳои берун аз ихтиёри ӯ натавонад, дар сабқат ширкат кунад, раъйдиҳӣ метавонад аввал ду ҳафта ва сипас то 40 рӯз ақиб андохта шавад.

Ҳайрикиян бо иттиҳоми узвият дар созмони махфии сиёсӣ ва нашри матолиби зиддидавлатӣ 11 соли умрашро дар маҳбасҳои Шӯравӣ ва се соли дигарро дар табъид ба сар бурдааст.

Моҷаро ва сӯиқасдҳо дар интихоботҳои президентии Арманистон зиёд рӯй медиҳанд. Дар соли 2008, пас аз эълони пирӯзии Саркисян дар задухӯрди байни полис ва тазоҳуркунандагон 10 нафар кушта шуданд.

Интихоботи имсола дар ҳоле ҷараён мегирад, ки Арманистон талош дорад, пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявиро паси сар кунад. Арманистон ҳамчунин дар муҳосираи иқтисодию тиҷоратие қарор дорад, ки ҳамсоягонаш Туркия ва Озарбойҷон аз соли 1990, замони ҷанг бо Озарбойҷон барои Қарабоғи Кӯҳӣ оғоз гирифтааст.


XS
SM
MD
LG