Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳовик Абраҳамян: Арманистон ба оғози тозаи дигаре ниёз дорад


Нахуствазири Арманистон Ҳовик Абраҳамян рӯзи 8 сентябр дар ҷаласаи кабинаи вазирон истеъфои худро аз ин мақом эълон кард. Абраҳамян гуфт, ки талошҳои ӯву ҳукуматаш барои коҳиши мушкилоти иқтисодии кишвар ва баҳам овардани қишрҳои парокандаи ҷомеа ҳарчанд зиёд буд, вале натиҷаи кам дод. Вай гуфт, ки ҳоло ҷомеаи Арманистон бо сабаби ихтилофҳои геополитикӣ, таҳдидҳои иқтисодиву низомии беруна пароканда аст. Барои ҳалли ин ҳама мушкилот, гуфт ӯ, ҳама аъзои ҷомеа ва ҳукумат бояд муттаҳид шаванд.

Вай гуфт, ба хотири ба президент фароҳам овардани имкони беҳтар дар ташкили ҳукумати нав ва муваффақити ояндаи ҳама ӯ тасмим гирифт аз мақомаш истеъфо диҳад. Вай гуфт, ки фаъолияти сиёсии худро барои бартараф сохтани ҳама мушкилоти мавҷуда идома медиҳад. Ин кишвар ба оғози тозаи дигаре ниёз дорад, гуфт нахуствазири ба истеъфо рафтаи Арманистон Ҳовик Абраҳамян. Чанд ҳафта пеш аз ин президент Серж Сарксён таъсиси ҳукумати созиши миллиро пешниҳод карда буд.

Абраҳамян моҳи апрели соли 2014 нахуствазири Арманистон шуд, вале соли гузашта вазъи иқтисоди ин кишвари қафқозии дар ҳоли бунбасти ҷуғрофӣ дучори мушкил шуд. Иқтисод шадидан вобаста кӯмакҳои беруна, сармоягузориҳои русӣ, аз ҷумла пулҳои интиқолии муҳоҷирони арманӣ аз Русия шуд. Сар задани хушунатҳои нав дар минтақаи ҷудоиталаби Қаробоғи Кӯҳӣ дар Арманистон, ки Ереван хостори мустақилияти он аст, яке дигар аз чолишҳои ҳукумат гардид.

Масъалаи дигар – ғасби як идораи полиси Ереван аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳе бо талаби озод кардани раҳбари мухолифин суолҳоеро дар заминаи тавонмандиҳои ҳукумати Арманистон барои муқобила бо чолишҳои амниятиву сиёсӣ доғ кард. Матбуоти Арманистон ҳадс мезанад, ки эҳтимолан Карен Карапетян, як технократ ва собиқ раҳбари ширкати милии газ ва ҳам мири собиқи шаҳри Ереван ба ҷои нахуствазир таъин шавад.

XS
SM
MD
LG