Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти амнияти миллии Арманистон мегӯяд, ки дар доираи қазияи забти ғайриқонунии сохтмони идораи полис дар шаҳри Ереван рӯзи 17 июл 47 нафар боздошт ва ё ҳабс шудааст. Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаҳои 219 («Забти биноҳо, сохтмонҳо, васоили нақлия, мухобирот) ва 235 («Азхудкунии ғайриқонунии силоҳ, маводи тарканда ва ғайра»)-и Кодекси ҷиноии Арманистон боз шудааст. Бахши Армании радиои Озодӣ хабар медиҳад, ки 24 нафар дар гаравгонгирӣ муттаҳам мешаванд.

Дар номае, ки аз ҷониби хадамоти амнияти миллии Арманистон фиристода шудааст, масъулияти таҳқиқи қазия ба дӯши додситонии кулл вогузор мешавад. Баъди гаравгонгирии 15-рӯзаи ходимони баландпояи полис, ниҳоят гаравгонгирҳо охирин гаравгонро озод карда ва ба мақомот таслим шуданд. Гаравгонгирҳо – аъзои мусаллаҳи гурӯҳи «Сасна тсер», як ҳизби тундрави сиёсист, ки шадидан мухолифи ҳукумати Серж Саргсян баромад мекунад.

Дар паи таслими гаравгонгирҳо, дар як амалиёти зиддитеррористии рӯзҳои 30 ва 31 июл, ба қавли мақомот, «20 террорист ба ҳабс гирифта шуд». Аз ин пеш, яке аз раҳбарони гурӯҳи мусаллаҳ ба нашрияи маҳаллӣ гуфтааст, ки онҳо қарор карданд ба хотири роҳ надодан ба хушунати бештар силоҳҳои худро замин гузоранд ва нагузоранд, ки дар миёни намояндагони сохторҳои ҳифзи қонун хуни бештар рехта шавад.

Варужан Аветисян, яке аз раҳбарони ин гурӯҳи мусаллаҳ гуфтааст, ки намояндагони ҳифзи қонун ба режими ҳукуматӣ иртиботе надоранд. Аветисян гуфтааст, ки гурӯҳи онҳо ба ҳадафи худ расид ва тавонист, ки мардумро ба по хезонад. Муборизаро, ба гуфтаи ӯ, аз дохили зиндон идома медиҳанд. Гурӯҳи мусаллаҳе, ки рӯзи 17 июл мақомоти полиси шаҳри Ереванро ба гарав гирифт, истеъфои президент Серж Саргсян, таъсиси ҳукумати эътимод ва аз зиндон озод шудани раҳбари ин гурӯҳ Жирайр Сефилянро талаб мекард. Сефилян, мухолифи сарсахти ҳукумати амалкунандаи Арманистон, моҳи июн бо гумони нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG