Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли 17 сайёҳ дар ҳамлаи хунин дар Тунис (ВИДЕО)


Гаравгонҳо дар осорхонаи Бардо

Гаравгонҳо дар осорхонаи Бардо

Дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар пойтахти Тунис дастикам 19 нафар, бо шумули 17 сайёҳ кушта шудаанд.

Бино ба хабарҳо, дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона ба осорхонаи Бардо дар пойтахти Тунис дастикам 19 нафар, бо 17 сайёҳи хориҷӣ кушта шудаанд.

Ҳабиб Ас-Саид - нахуствазири Тунис мегӯяд, дар ҳамлаи мардони мусаллаҳ дар осорхонаи назди бинои порламони ин кишвар 19 нафар кушта шудаанд, ки 17 нафари онҳо сайёҳи хориҷӣ будаанд. Ба гуфтаи оқои Ас-Саид, 22 сайёҳи хориҷӣ ва ду шаҳрванди Тунис дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамла замоне ба поён расидааст, ки нирӯҳои амниятӣ ду марди мусаллаҳро ба қатл расонданд. Ин ду мард чанд нафар сайёҳонро гаравгон гирифта буданд. Бо кушта шудани ду марди мусаллаҳ шуморе аз гаравгонон раҳо шуданд. Дар миёни кушташудагон шаҳрвандони Олмону Полша ва Испания будаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ҳамлагарон кӣ буданд ва ҳадафашон аз ин ҳамла чист? Тунис, яке аз кишварҳои арабии шимоли Африқо, ки байни Либия ва Алҷазоир ҷойгир шудааст, дар солҳои охир бо мавҷи хушунатҳо аз сӯи тундравони исломӣ, ки бархеаш бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" иртибот доранд, рӯбарӯ шудааст.

Ин кишвари арабӣ дар соли 2011 саргаҳи силсилаи таҳаввулоти маъруф ба "Баҳори Араб" шуд, ки боиси суқути чандин режимҳои дарозумри Ховари Миёна гардид. Аз ҷумла дар Тунис ҳукумати 33-солаи Зайналобуддин Бин Алӣ дар натиҷаи эътирозҳои мардум сарнагун шуда, ӯву аҳли хонаводаи сершумораш, ки тамоми соҳоти "равғанӣ"-и иқтисоди ин кишвари дӯстдоштаи сайёҳони хориҷиро дар даст доштанд, аз Тунис фирор карданд.

Баъди инқилоби соли 2011 ба раҳбарии Тунис исломгароҳо омаданд, вале дар интихоботи президентии моҳи декабри соли 2014 исломгароҳо аз номзади гурӯҳҳои дунявигаро шикаст хӯрданд.

Осорхонаи миллии Бардо бузургтарин осорхонаи Тунис ба шумор меравад ва дар канори парлумони Тунис ҷойгир шудааст. Баъди тирандозии рӯзи 18 март тамоми аҳли бинои парлумонро кӯчондаанд.

Дар осорхонаи Бардо ҳазорон осори атиқаи марбут ба таърихи ин қаламрави Тунис нигоҳ дошта мешавад. Ин осорхона аз диданитарин маконҳои пойтахти ин кишвари арабӣ ба шумор меравад.

T

XS
SM
MD
LG