Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаст соли корхонаи "Востокредмет"


Корхонаи «Фулузоти нодири Шарқ» мавсум ба «Востокредмет», воқеъ дар шаҳри Чкаловск, 10-километрии Хуҷанд ба гуфтаи масъулини корхона, аз он маъруфияти ҷаҳонӣ дорад, ки дар ин ҷо барои аввалин бомбаи атомии Иттиҳоди Шӯравии собиқ уран истеҳсол шудааст. Корхонаи «Востокредмет» давоми беш аз ним аср яке аз коргоҳҳои бузурги тавлидотии уран барои Русия маҳсуб меёфт.

Ин корхона дар соли 1945 бо номи комбинати кимиёии рақами 6 бунёд шуда, сипас дар соли 1967 ба «Комбинати кимиёии Ленинобод» табдили ном кардааст. Дар соли 1990- и милодӣ номи ҳозирааш «Востокредмет» - ро гирифт ва пас аз чанд соли дигар соҳиби мақоми корхонаи давлатӣ гардид.

Музаффар Юнусов - муовини аввали сарвари корхонаи «Востокредмет» дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, корхона дар ҳоле 60-умин солгарди таъсиси худро истиқбол мегирад, ки нирӯи асосии тавлидотии он тақрибан аз фаъолият бозмондааст.

Замони шӯравӣ «Востокредмет» тақрибан ними даромади соҳаи саноати Тоҷикистонро ҳосил мекард: «Коркарди урани Тоҷикистон дар корхонаи «Востокредмет» асосан то миёнаи солҳои ҳафтодуми милодӣ давом кард. Сипас бо сабаби камдаромад ва кам шудани маъдани уран дар минтақа ба коркарди маъдани уран, ки аз Узбакистону Қазоқистон, Чехияву Олмон оварда мешуд, пардохт. Коркарди маҳлулҳои техногении уран то соли 2000-ум пурра қатъ гардид.»

Масъули корхонаи давлатии «Востокредмет» аз фаъолият бозмондани корхонаро дар заминаи истеҳсоли уран ба гусастани равобити байни кишварҳои собиқи шӯравӣ ва дастрас набудани маъдан вобаста медонад: «Монеъа асосан аз ҷониби Узбакистон эҷод шуда истодааст. Барои гузаронидани баъзе маҳсулот иҷозаи порлумони ин кишварро гирифтан лозим меояд ва ин ҳолат моро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ сохтааст.»

Музаффар Юнусов - афзуд, дар ин ҳолат барои дурнамои фаъолияти корхона ивази самти истеҳсолии он дар назар гирифта шудааст. Ва бо кӯмаки маблағгузории хориҷӣ. Се сол қабл дар заминаи «Востокредмет» корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида ба тавлиди гудохтаи фулузи ферромолибден ба кор шурӯъ кард ва имсол то 600 ҳазор тонн тавлиди ферромолибден тарҳрезӣ гаштааст. Ҳамчунин, дар корхонаи «Востокредмет» ягона корхонаи заргарӣ дар вилояти Суғд фаъолият мекунад:

«Дар занҷирҳои истеҳсолии корхона дар ҳоли ҳозир коркарди панҷоксиди ванадий, тоза кардани шиолид аз ғашҳо, маҳсулоти технологияи коркарди маъдан, маҳсулоти чӯянӣ, хӯлаҳои ферромолибден, маҳсулоти заргарӣ, ташхиси тиллову нуқра ба роҳ монда шудааст.»

Музаффар Юнусов - муовини сарвари корхонаи давлатии «Востокредмет» афзуд, ин корхонаи машҳур, ки барои Русия уран тавлид мекард, дар давоми фаъолияти беш аз нимасраи худ тақрибан даҳ партовгоҳи радиатсионӣ ба мерос гирифтааст. Ба гуфтаи вай, феълан дар ин гӯристонҳои радиатсионӣ дар масоҳати тахминан 270 гектар беш аз 50 миллион тонна пасмондаҳои маводи радиатсионӣ нуҳуфтааст, ки ба фазои экологӣ ва саломатии сокинони минтақа хатар эҷод мекунад ва безарараргардонии онҳо бо сарфи миллионҳо доллар маблағ ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG