Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои тавлиди уран дар Тоҷикистон (қисми 2)


Ба гуфтаи масъулини ягона корхонаи истеҳсоли уран дар Тоҷикистон «Востокредмет», ин корхона қудрати собиқи тавлидотии худро ҳифз кардааст ва метавонад солона то 2500 тонна урани хом истеҳсол кунад.

Мутахассисин ва коршиносону таҳлилгарон мегӯянд, ки дубора фаъъол сохтани корхонаи мазкур, ки тақрибан даҳ соли ахир дар заминаи истеҳсоли уран кор намекард, ба осонӣ ба даст нахоҳад омад. Шавкат Бобоҷонов, сарвари корхонаи давлатии «Востокредмет», мегӯяд: «Корхонаи мазкур ба ташхиси техникии то кадом андоза қобили фаъъолият будани он ниёз дорад ва анҷоми ин кор маблағгузорӣ мехоҳад».
Дар ин робита иқтисодшиноси тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор бар ин назар аст, ки роҳандозии истеҳсоли уран дар Тоҷикистон бо такя ба фаъъолияти ягона корхонаи бозмонда аз давраи шӯравӣ кори саҳлу содае нест ва мушкили аслӣ дар ин самт дарёфти сармоя барои эҳёи «Востокредмет» мебошад : «Эҳтимоли ба кор андохтани корхона, агар вуҷуд дорад, азбаски куҳна шудааст, хеле эҳтимол дорад зарурати тармими асосӣ ҳам пеш биёяд. Ин ҳам маблағ мехоҳад. Дар замонаш чизҳои асосии он конҳоро гирифтанд, бурданд, боқимондаашро ба ҳоли бисёр бад гузоштанд. Муҳитро ифлос мекунад ва сармоягузорӣ барои ҳифзи зистмуҳит ҳам лозим аст. Яъне, рӯиҳамрафта, барои ба кор андохтан хеле масъалаи зиёд пеш меояд».
Ба назари ин иқтисодшинос, агар роҳандозии истеҳсоли уран ба хотири раҳо кардани Тоҷикистон аз қайди буҳрони энергетикӣ аст, дар ин росто барномаҳои ҷолибтар ва беҳтаре дар Тоҷикистон барои ҷалби сармоя вуҷуд дорад : «Мушкили умда ин аст, ки имрӯз Тоҷикистон маболиғе надорад барои сармоягузорӣ. Дар ҳоле ки даҳҳо пружаҳои хеле муҳимтар аз он вуҷуд дорад. Чор тангае агар пайдо бикунем, барои сохтмони Ноб – ҳои Роғун, Зарафшон ва дигар инчунин барномаҳо оқилонатар ва беҳтар хоҳад буд.»

Аммо, ба бовари коршиносон, фаразан, Тоҷикистон барномаи истеҳсоли уран рӯи даст бигирад ҳам, аз нигоҳи мутахассисин ва коршиносон, имконоти технологиаш имкон намедиҳад аз тавлид ва фурӯши урани хом қадам фаротар гузорад. Дар Тоҷикистон корхонаи ғанисозии уран вуҷуд надорад ва «Востокредмет» ба тавлиди урани хом ихтисос дорад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров – иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, аз сӯи дигар, ин ки Тоҷикистон дар истеҳсол ва коркарди уран дар таҳти итоати Русия қарор дорад ва ҷустуҷӯ ва ҷалби сармояро аз кишварҳои дигар душвор мегардонад : «Тоҷикистон дар ин солҳои наздик мушкили истеҳсоли уранро худаш ҳал карда наметавонад. Бояд ин корро бо ёрии кишварҳои дигар анҷом диҳад. Аммо дар ин самт Тоҷикистон бо Русия шартномае ҳам дорад, ки мутобиқи он истеҳсол ва тоза кардани уран дар Тоҷикистон танҳо зери назорати ниҳодҳои дахлдори Русия мумкин аст».
Оқои Умаров афзуд, ки азбаски дар конҳои бози Тоҷикистон захираи маъдани уран коркард шудааст, кашф ва баҳрабардорӣ аз захираҳои нав сармоягузориҳои бузург тақозо мекунад. Ба назари ӯ, ин омил ва, аз сӯи дигар, кашф нашудани конҳои умда ва дорои тағлиз ё тамаркузи баланди уран дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷиро ба ин соҳа костааст.
XS
SM
MD
LG