Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон: Дирӯз ва имрӯз


Китобе дар бораи қурбониёни террори соли 1937 дар Бадахшон

Китобе дар бораи қурбониёни террори соли 1937 дар Бадахшон

Дар рӯзи ёдбуди қурбониёни таъқиботи сиёсӣ – 30-юми октябр, ки бештар ба қурбониёни мошини таъқиботии режими Иттиҳоди Шӯравӣ рабт мегирад, истилоҳи «маҳбуси сиёсӣ» ба мафҳуми духӯра табдил ёфтааст.

Бино бар осори таърихӣ ва хотироти шоҳидони он айём, Тоҷикистон дар як саф бо дигар ҷамоҳири Шӯравии пешин дар солҳои 1935-1937-и асри гузашта репрессияи шадидеро аз сар гузаронд, аммо ин ақида ҳам садо медиҳад, ки таъқиби сиёсӣ дар ин кишвар ҳамеша ба шаклҳои гуногун вуҷуд доштааст.

Пажӯҳишгари тоҷик Имомназар Келдиев мегӯяд, бар асари таъқиботи солҳои 30-ми садаи гузашта беҳтарин раҳбарони ҳизбиву давлатӣ ва як зумра рӯшанфикронро бо тӯҳмат ба қатл расонданд.


Шириншоҳ Шотемур, Нусратуллоҳ Махсум, Чинор Имомов, Абдулло Раҳимбоев, Абдураҳим Ҳоҷибоев - нахустин раҳбарони Тоҷикистони Шӯравӣ ва равшанфикроне, ба мисли Ғанӣ Абдулло, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим шахсиятҳое буданд, ки дар он солҳо дучори таъқиб шуданд.

Шириншо Шотемур ва Садриддин Айнӣ

Шириншо Шотемур ва Садриддин Айнӣ

Ба гуфтаи Имомназар Келдиев, айбномаи аксари онҳо аз дурӯғу тӯҳмат иборат буд: «Масалан, Чинор Имомовро мегуфтанд, бо контрреволюсионерҳо ҳамкорӣ дорад, дар бораи Нисор Муҳаммад мегуфтанд, вай бо босмачиҳо робита дорад ва ба импералистони Англия дар бораи ҳаёти давлати советӣ маълумот медодааст. Нусратулло Махсум гӯё бо фарзандони бойҳои пешин алоқа дошт...»

Пас аз марги раҳбари вақти Шӯравӣ Иосиф Сталин дар соли 1953 ҳазорон маҳбус аз зиндонҳо ва лагерҳо озод шуда, баъди соли 1956 аксарияти кулли маҳкумшудагон расман бегуноҳ ва қатли онҳо нодуруст эълон шуд.

Аммо таҳлилгарон мегӯянд, баъди ин ҳам дар замони шӯравӣ таъқиб барои ақидаи сиёсӣ тамоман барҳам нахӯрда, дар солҳои баъдӣ низ ба назар мерасид. Масалан, Ҷумъа Одина, нависандаи тоҷик барои асараш «Гузашти айём», ки котиби кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунист дар он ҳамчун образи манфӣ қаламдод шудааст, мавриди фишорҳои сахт қарор гирифт ва аз сактаи дил даргузашт.

Бозор Собир соли 1993 10 моҳро дар зиндон ба сар бурда буд

Бозор Собир соли 1993 10 моҳро дар зиндон ба сар бурда буд

Дар аввали солҳои навадум низ як зумра равшанфикрон, ба мисли шоир Бозор Собир, ҳуқуқшиноси маъруф Ойниҳол Бобоназарова, рӯзноманигорон Мирбобо Мирраҳимов, Аҳмадшоҳи Комилзода ва садҳо тани дигар бо иттиҳомоти сиёсӣ зиндонӣ шуданд.

Имрӯз ҳам, ҳарчанд мақомот мегӯянд, дар Тоҷикистон касе барои ақидаи сиёсӣ таъқиб намешавад, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва бавижа коршиносони хориҷӣ вуҷуди зиндониёни сиёсиро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Чанд сол қабл Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, нахустин бор аз мавҷудияти то 1000 маҳбуси сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон сухан кушод ва ҳабси раҳбари демократҳо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, сиёсатмадори дигарандеш Рустам Файзиев, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов ва аъзои гурӯҳҳои мазҳабие, чун Ҳизб-ут-таҳрирро мисол овард.

Аммо Шӯҳрат Азимов, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон зиндониёни сиёсӣ нестанд. Ба гуфтаи ӯ, «дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон боздошт барои ақидаҳои сиёсӣ пешбинӣ нашудааст.» Ба гуфтаи ӯ, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ё Ёқуб Салимов барои ҷиноятҳои мушаххаси дигар маҳкум ё айбдор шудаанд, ки ба фаъолияти сиёсии онҳо рабт надоранд. Вале Искандаров замоне ҳадафи иттиҳомот қарор ёфт, ки гуфт, дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад кард.

Ахиран, исми Зайд Саидов, соҳибкори шинохта низ ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шуд, зеро боздошти ӯ баъди дарак доданаш аз таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» сурат гирифт. Рустам Файзиев барои як номаи шикоятӣ зидди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳанӯз ҳатто ба ҷое нафиристода буд, боздошт шуда, маҳкум ба ҳабс шуд ва дар маҳбас даргузашт.

Аз нигоҳи коршиносон, гуноҳҳое, ки алайҳи чунин ашхос эълон мешаванд, зоҳиран хислати ғайрисиёсӣ доранд, аммо бо айни чунин ҷурмҳо озод ва беҷазо мондани онҳое, ки ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул нестанд, сабаб мешавад, то ҳабси ин афрод тобиши сиёсӣ бигирад. Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, «расман онҳо зиндонии сиёсӣ маҳсуб намешаванд. Зеро асосан бо айбҳои иқтисодӣ ва дигар гуноҳҳо зиндон шудаанд.»

Ёқуб Салимов

Ёқуб Салимов

Аммо дар айбномаи Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев иттиҳомоти сиёсие, чун қасди табаддулоти давлатӣ асосӣ буд. Садҳо нафаре ки бо ҷурми узвият дар ҳизби Таҳрир ё дигар гурӯҳҳои мазҳабӣ равонаи зиндон мешаванд, низ дар даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва паҳн кардани адабиёти зидди давлатӣ муҷрим шинохта шудаанд.

Ба ин тартиб, худи шинохти мафҳуми «маҳбуси сиёсӣ» дар Тоҷикистони имрӯза ба печидагиҳое дучор шудааст. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, озодии сиёсӣ дар Тоҷикистон нисбат ба баъзе давлатҳои ҳамсоя бештар аст, чунки бисёриҳо ақидаи худро гуфта метавонанд. Вале то як ҳадди муайян, ки ҳар нафар бояд ин ҳаддиро бишиносад ва ба ҳеҷ ваҷҳе аз он убур накунад. Вагарна чун Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ё Зайд Саидов бо иттиҳомоти зоҳиран «ғайрисиёсӣ»-е дар кунҷи зиндон ҷо шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG